Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
26-уми июни соли 2014, дар Рӯзи байнулмилалии дастгирии ҷабрдидагони шиканҷа, Эътилофи созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон аз ҳукуматҳои панҷ кишвари Осиёи Марказӣ даъват ба амал меорад, ки ба таври ошкоро ва қотеона шиканҷаро маҳкум карда, чунин мавқеъгирии худро бо амалҳои минбаъда тасдиқ созанд.
Моҳи декабри соли 1997 Маҷмаи Кулли Созмони Милали Муттаҳид 26-уми июнро Рӯзи Байнулмилалии Дастгирии Ҷабрдидагони Шиканҷа, рӯзи иқдомоти қотеона бар зидди шиканҷа, гиромидошти хотираи қурбониён ва дастгирии ҷабрдидагон дар тамоми ҷаҳон эълом кард.
Тибқи Конвенсияи СММ зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф (Конвенсияи зидди шиканҷа), ки расо 27 сол қабл, рӯзи 26-уми июни соли 1987 эътибор пайдо кард, шиканҷаро ҳуқуқи байнулмилалӣ комилан манъ кардааст ва истифодаи он ҳаргиз ҷоиз нест.
Ҳамаи давлатҳои Осиёи Марказӣ аъзои Конвенсияи зидди шиканҷа мебошанд ва ба ин тариқ уҳдадории аз шиканҷа ҳифз кардани ҳар як инсони дар қаламрави ҳуқуқии онҳо қарордоштаро ба зиммаи худ гирифтанд. Давлатҳо дар ин самт тадбирҳои минбаъдаро низ андешидаанд, масалан, бо мақсади тақвияти чораҳои ҳимоят аз шиканҷа, тағйироту иловаҳо ба қонунгузорӣ ворид кардаанд. Бо вуҷуди ин, шиканҷа то ҳанӯз мушкили ҷиддии кишварҳои Осиёи Марказӣ боқӣ мемонад. Он дар тамоми минтақа ба таври васеъ истифода мешавад ва беҷазоӣ барои шиканҷа зиёд ба мушоҳида мерасад. Ҳомиёни ҳуқуқи инсон ҳамасола дар минтақа садҳо ҳолати вобаста ба истифодаи шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмонаро ба қайд мегиранд.
Дар тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ шиканҷа ва муносибати бераҳмона бештар дар соатҳои аввали боздошт истифода мешавад, вақте дастгиршудагон аксаран бидуни робита бо олами берун (incommunicado) ва дастрасӣ ба ҳимоятгару корманди тиббӣ нигаҳдорӣ мешаванд. Аммо шахсоне, ки дар боздоштгоҳҳои тафтишотӣ ва муассисаҳои ислоҳӣ қарор доранд, аз истифодаи шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона дар марҳилаҳои баъдӣ низ иттилоъ додаанд.
Масалан, моҳи октябри соли 2013 кормандони пулиси ноҳияи Узунколскийи вилояти Костанай, воқеъ дар шимоли Қазоқистон, Руслан Боймагамбетовро дар дуздии 120 ҳазор танга (тақрибан 480 Евро) ва як баста пиво гумонбар мекунанд. Тибқи маълумоти шуъбаи Идораи байнулмилалии ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният дар шаҳри Костанайи Қазоқистон, ки адвокати он Руслан Боймагамбетовро дар суд намояндагӣ карда буд, ӯро 3 корманди пулис барои ба даст овардани баёноти иқрорӣ бо зарбаҳо ба чеҳра ва қафаси сина бераҳмона латукӯб мекунанд. Онҳо дастони ӯро ба пушташ баста, маҷбур кардаанд, ки хам шавад. Сипас водоштаанд, ки либосашро кашад. Ҳамзамон таҳдид кардаанд, ки бо калтаки резинӣ таҷовузаш мекунанд. Дар баробари ин, латукуби сар, қафаси сина ва дастони ӯро идома додаанд. Вақте ӯ аз зарбаҳо ба замин афтодааст, кормандони пулис тамоми бадани ӯро лагадкӯб кардаанд. Барои ин кирдорашон се корманди пулис 17-уми марти соли 2014 ба муҳлатҳои аз ду то дую ним сол аз озодӣ маҳрум карда шуданд.
Созмонҳои ҷамъиятии таҳиягари ин изҳорот аз он нигаронанд, ки ҳукуматдорони кишварҳои Осиёи Марказӣ гузаронидани тафтишоти фаврӣ, ҳамаҷониба ва беғаразонаи тамоми арзу шикоятҳо оид ба истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмонаро таъмин карда наметавонанд, ки ин дар аксари ҳолатҳо боиси беҷазоии ҷинояткорон мешавад.
Дар моҳи июни соли 2010 бар асари даргириҳои байниқавмии чаҳоррӯза миёни қирғизҳо ва ӯзбекҳо дар шаҳрҳои Ӯш ва Ҷалолобод дар ҷануби Қирғизистон садҳо нафар куштаву ҳазорон маҷруҳ шуданд ва садҳо ҳазор мардуми осоишта ба тарки манзил водор гардиданд. Ҳам дар ҷараёни даргирӣ ва ҳам баъд аз он шумори зиёди гузоришҳо оид ба истифода шудани шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона аз ҷониби кормандони хадамоти ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ба даст омадаанд. Аммо то ба ҳол ҳукуматдорон барои гузаронидани тафтишоти муассири арзу шикоятҳо оид ба шиканҷа ва ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорон аз ҷумлаи шахсони ғайринизомӣ ва кормандони хадамоти ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ тақрибан коре накардаанд. Хешовандони ӯзбекҳои дастгиршуда ҳоло ҳам аз тарси интиқому саркӯбӣ намехоҳанд ба мақомоти пулис ва додситонӣ оид ба шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона арзу шикоят кунанд.
Созмонҳои ҷамъиятӣ аз ҳолатҳои сершуморе огоҳанд, ки одамон дар ҳуҷраҳои барои дастгиршудагон пешбинишудаи пулис фавтидаанд ва хешовандони онҳо баҳри таъмини адолати додгоҳӣ солҳои зиёд талош доранд.
Масалан, фардо, рӯзи 27-уми июни соли 2014 аз ҳалокати Хуршед Бобокалонов панҷ сол сипарӣ мешавад. Ин пизишки саратоншинос панҷ сол қабл аз манзили истиқоматиаш, воқеъ дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон берун рафт, то бо дӯстонаш 33-солагии худро ҷашн гирад. Дар роҳи бозгашт ба хона ӯ ва рафиқонашро кормандони милисаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ нигоҳ доштанд. Сипас онҳоро ба мошини милиса савор карда, бурданд. Ҳамон шаб аҳли хонаводаи Хуршед Бобокалонов аз фавти ӯ хабардор шуданд. Колбудшикофии ҷасад, ки 28-уми июни соли 2009 гузаронида шуд, муайян сохт, ки Хуршед Бобокалонов дар натиҷаи гирифтани роҳи нафас аз маводи қай ҳалок шудааст. Коршиносони тиббӣ дар бадани ӯ захму доғҳои зиёдеро ташхис кардаанд, ки эҳтимол пеш аз ҳалокати ӯ бар асари истифодаи ашёи кунду вазнин пайдо шудаанд. Кӯшишҳои пайвастаи модари ӯ ва ҳимоятгарон ҷиҳати маълум кардани сабаби аслии ин ҳодисаву шахсоне, ки барои ҳалокати Хуршед бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд, натиҷае надоданд. Тафтишот чандин маротиба оғоз ва қатъ карда шуд. Модари ӯ ба хулосае омад, ки мақомоти дахлдор намехоҳанд барои ошкор кардани гунаҳкорон чорае андешанд ва доир ба амаҳои тафтишотӣ ба ӯ иттилоот пешниҳод кунанд ё ба мактубҳои адвокати ӯ ҷавоб диҳанд. То кунун касе барои ҳалокати Хуршед Бобокалонов ба ҷавобгарӣ кашида нашудааст.
Ба ҳомиёни ҳуқуқи инсон ва ҳимоятгарони ҷабрдидагони шиканҷа дар тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ барои фаъолияташон хавфи таъқибу фишор таҳдид мекунад. Ҷабрдидагони шиканҷа ва хешовандонашон, ки оид ба чунин кирдорҳо арзу шикоят мебаранд, ҳамчунин зери хатари интиқому саркӯбӣ қарор мегиранд. Дар бештари ҳолат фаъолони ҳомии ҳуқуқи инсон зери назорати пайгиронаи мақомоти давлатӣ қарор доранд; онҳоро зиёд тафтиш мекунанд, ҳамзамон чандин созмони ҷамъиятиро таҳдид кардаанд, ки бинобар фаъолияташон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон баста хоҳанд шуд. Дар Туркманистон ягон гурӯҳи мустақили ҳомии ҳуқуқи инсон ба таври ошкоро фаъолият карда наметавонад, ҳамзамон хавфи шиканҷаю зиндонӣ шудани шаҳрвандоне вуҷуд дорад, ки мониторинг гузаронида, оид ба ҳолатҳои поймолшавии ҳуқуқи инсон маълумот ҷамъ меоранд.
Моҳи июни соли 2012 Мансур Мингелов ва бародари ӯ дар вилояти Мари, воқеъ дар ҷанубу шарқи Туркманистон, бо гумони айбдорӣ дар қоҷоқи маводи нашъадор дастгир карда шуданд ва дар давраи пурсиш мавриди латукӯб қарор гирифтанд. Мансур Мингелов пас аз 15 рӯз ҷавоб дода шуд, ӯ ба мақомоти дахлдор дар бораи муносибати бераҳмона нисбати вай шикоятнома пешниҳод кард ва ба ҷамъ кардани далелҳои истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона нисбат ба шахсони дигар, ки аксари онҳо асли баромадашон балуҷҳои сокини вилояти Мари буданд, оғоз кард. Ба ҷумлаи чунин изҳорот арзу шикоятҳо нисбат ба кирдори кормандони пулис, ки хоядони шахсони дастгиршударо бо анбур кашидаанд ва онҳоро таҳти шиканҷа бо нерӯи барқ қарор додаанд, мансубанд. Ӯ ахбороти мазкурро ба дипломатҳои хориҷӣ ва Прокуратураи генералии Туркманистон ирсол кард. Дере нагузашта ӯ дубора ба ҳабс кашида шуд ва дар натиҷаи мурофиаи судии комилан ғайриодилона моҳи сентябри соли 2012, тавре ки худи ӯ изҳор медорад, бо айбдоркунии бардурӯғ - «ҷалби ноболиғон ба амалҳои зиддиҷамъиятӣ», инчунин истеҳсолу паҳн кардани маводи порнографӣ ва мухаддарот ба 22 сол маҳрумият аз озодӣ маҳкум карда шуд.
Созмонҳои ҷамъиятие, ки изҳороти мазкурро иштишор медиҳанд, ҳамчунин аз он нигаронанд, ки таҳти шиори таъмини амнияти миллӣ ва мубориза бо терроризм, дар баъзе кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла, Қазоқистон, Федератсияи Русия ва Укроин, бисёр шахсонро ба гумони иртибот доштан бо гурӯҳҳо ва ҳизбҳои исломии мамнӯъ тариқи иҷборӣ ба Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бозмегардонанд.
Дар ду ҳодисаи аввалҳои моҳи июни соли 2014 рӯйдода кормандони хадамоти амнияти миллии Ӯзбекистон, тибқи иттилооти ҷойдошта, Мирсобир Ҳамидқориев ва завҷаи ӯ Элеонора Исаеваро дар шаҳри Москва рабуданд ва маҷбуран ба Ӯзбекистон интиқол доданд. Мирсобир Ҳамидқориев, коргардони синамо ва соҳибкори ӯзбекистонӣ 12-уми майи соли 2014 барои ба ӯ пешниҳод кардани паноҳгоҳ дар Федератсияи Русия дархост пешниҳод кард. Суди ноҳияи Замоскворечиеи шаҳри Маскав қарор қабул менамояд, ки Хадамоти федералии муҳоҷират бояд ӯро ҳамчун гуреза эътироф кунад. Ӯ аз ҷониби мақомоти Ӯзбекистон бо гумонбарӣ дар таъсиси ташкилоти экстремистии динӣ дар соли 2009 ҷустуҷӯй карда мешавад. Элеонора Исаева низ шаҳрванди Ӯзбекистон мебошад, тавре ки тахмин мегардад, ӯро барои фишор овардан ба Мирсобир Ҳамидқориев ҷиҳати ба даст овардани баёноти иқроршавӣ ба гуноҳ ва иттилоот аз ӯ таҳти нишон қарор додаанд. Ҳар дуи онҳо дар Ӯзбекистон таҳти хатари ҷиддии шиканҷа қарор доранд. Иттилооти муътамад вуҷуд дорад, ки дар ҳар ду ҳолати мушобеҳ ба ҳодисаҳои пешин, мақомоти Русия бо мақомоти қудратии Ӯзбекистон барои мусоидат ба рабудани онҳо забон як кардаанд.
Барои дарёфти иттилооти бештар хоҳишмандем, бо шахси зерин тамос гиред: Lenur Kerymov, Helsinki Foundation for Human Rights (Poland), Project Coordinator, Mob. +48504080257, имайл: L.Kerymov@hfhrpol.waw.pl