Кадом санади байналмилалӣ ҳуқуқи инсонро эътироф мекунад? Аз ҷониби СММ чанд паймони байналмилалӣ қабул карда шудааст?

Ҳуқуқдон бошед!

Дар бахшиСаволу ҷавобҳуқуқшиносони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ба саволҳои хонандагон посух медиҳанд.

САВОЛ: Кадом санади байналмилалӣ ҳуқуқи инсонро эътироф мекунад? Аз ҷониби СММ чанд паймони байналмилалӣ қабул карда шудааст?

ПОСУХ: Машҳуртарин санади байналмилалие, ки ҳуқуқи инсонро эътироф ва ҳимоя мекунад, Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон (ЭУҲИ) мебошад. Он аз ҷониби Ассамблеяи Генералии СММ 10-уми декабри соли 1948 қабул шудааст. Ҳуҷҷати мазкур ҳуқуқ ва озодиҳои асосиеро муқаррар мекунад, ки ба ҳама одамон новобаста аз нажод, ранг, дин, ҷинс, забон, ақидаи сиёсӣ ё дигар ақида, баромади миллӣ ё иҷтимоӣ, молу мулк, таваллуд ва вазъи дигар дахл доранд.

СММ дар баробари Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон ду паймони асосии байналмилалиро қабул кардааст, ки инҳоянд: Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ (ПБҲШС) ва Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ (ПБҲИИФ).

Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон ҳуқуқ ба ҳаёт, озодӣ ва амнияти шахс, озодии баён, озодии виҷдон ва дин, ҳуқуқ ба меҳнат, таҳсил ва ғайраро дар бар мегирад. Ин ҳуҷҷат ҳамчун асос барои ҳуқуқи байналмилалӣ дар самти ҳуқуқи инсон хизмат мекунад ва ба бисёр қонунҳову созишномаҳои дигари байналмилалӣ ва миллӣ таъсир гузоштааст.

Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ соли 1966 қабул шуда, соли 1976 эътибор пайдо кард. Ин паймон ҳуқуқҳоеро ба монанди ҳуқуқ ба зиндагӣ, озодии фикр, озодии ҷамъомадҳо, ҳуқуқ ба мурофиаи одилона ва дигар ҳуқуқҳои муҳими шаҳрвандӣ ва сиёсиро ҳимоя мекунад.

Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ соли 1966 қабул шуда, соли 1976 эътибор пайдо кард. Ин паймон ҳуқуқҳое ба монанди ҳуқуқ ба меҳнат, таҳсил, ҳифзи саломатӣ, амнияти иҷтимоӣ ва сатҳи муносиби зиндагиро фаро мегирад.

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон кумаки ройгони ҳуқуқӣ ва офиятбахшӣ (тиббӣ ва равонию иҷтимоӣ) пешниҳод мекунад.

Сомонаи мо: https://notorturetj.org/

Почтаи электронӣ: notorture.tj@gmail.com

Агар шумо ё хешовандони шумо мавриди шиканҷа ва муносибати бераҳмона қарор гирифта бошед, ба WhatsApp ё Telegram занг занед ё нависед:

+992 98 787 66 66 дар вилояти Хатлон

+992 98 787 33 33 дар вилояти Суғд

+992 98 708 76 76 дар ш. Душанбе ва НТМ

Ба идораҳои мо муроҷиат кунед:

ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 137, бинои Тоҷикматлубот

ш. Хуҷанд, хиёбони Сомонӣ 42, утоқи 117

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайравӣ намоед, то аз иттилоот бохабар бошед!

Facebook: https://www.facebook.com/notorturetj

Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj

Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCn3sZx0776E1Qcbvz4WAE7g

Телеграм: https://t.me/Notorturetjk

Инстаграм: Notorturetj

NotortureTj