Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!
26-уми июн дар тамоми ҷаҳон Рӯзи байнулмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа қайд карда мешавад, ки аз ҷониби Маҷмаи Кулли СММ дар соли 1997 бо тавсияи Шӯроҳои Иқтисодӣ ва Иҷтимоии СММ эълом гардидааст.
Дар Рӯзи байнулмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон ба Шумо ҳамчун кафили Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд муроҷиат мекунад, ки ба интиқоди умумии шиканҷа пайвандед ва оид ба «таҳаммулнопазирии комил» нисбат ба шиканҷа дар кишвар изҳороти расмӣ диҳед.
Эътилоф ба он таваҷҷӯҳ зоҳир мекунад, ки сарфи назар аз қадамҳои мусбати пешгирифтаи давлат, шиканҷа дар ҷомеа мушкили паҳншуда ва системавӣ боқӣ мемонад.
Дар натиҷаи фаъолияти худ Эътилоф масоили зеринро муайян кард, ки бар маълумоти таҷрибавӣ ва пажӯҳишҳо асос меёбад:
Нахуст, шумораи шикоятҳо оид ба шиканҷа, ки ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба қайд гирифтаанд, аз омори расмие, ки мақомоти давлатӣ пешниҳод мекунанд, бамаротиб бештар аст. Ин баёнгари он аст, ки давлат вазъи воқеиро оид ба мушкили мазкур пинҳон медорад.
Дуввум, теъдоди парвандаҳои ҷиноятии оғозшуда аз рӯйи ҳолатҳои истифодаи шиканҷа ба вазъи воқеӣ мувофиқат намекунад. Ба ин тариқ, беҷазоии шахсони мансабдор низ мушкили системавӣ шудааст, ки ба густариши минбаъдаи шиканҷа мусоидат мекунад.
Назарпурсии гурӯҳҳои касбӣ нишон медиҳад, ки шиканҷа мушкили аввалдараҷаи низоми адлияи ҷиноятӣ мебошад ва он ба тамоми ашхосе таҳдид мекунад, ки таҳти таъсири адолати судии ҷиноятӣ қарор мегиранд.
Саввум, имиҷи устувори Тоҷикистон ҳамчун кишваре ба миён меояд, ки дар он ҳукумат ба истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона нисбат ба одамон имкон дода, гунаҳкоронро ҷазо намедиҳад, андозаи воқеии масъаларо кам вонамуд мекунад ва нозирони мустақилро ба маҳбасҳо роҳ намедиҳад.
Дар робита Гузоришгари махсуси СММ оид ба шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ё ҷазои бераҳмона, ғайринсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну шараф ҷаноби Хуан Е. Мендес зимни боздид аз Тоҷикистон дар моҳи майи соли 2012 зикр кард, ки «фишор ба маҳбусон ҳамчун воситаи ба даст овардани нишондоди иқрорӣ дар Тоҷикистон аксаран дар шаклҳои гуногун ба кор бурда мешавад, аз ҷумла, таҳдид, латукӯб (бо мушту лагад, ҳамчунин дигар ашёи вазнин), гоҳе бо истифода аз нерӯи барқ. …Ман мӯътақидам, ки чунин ҳолатҳо ба андозаи зиёд ва дар ҷойҳои гуногун ба амал меоянд. Марбут ба ин кӯшишҳои ҳамоҳангшудаи фаровон лозиманд, то истифодаи чунин равишу усул хотима ёбад ё хеле коҳиш дода шавад».
Ҷаноби Президент! Эътилоф аз Шумо даъват ба амал меорад, ки ба хотири таъмини бехатарии ҳаёт ва саломатии ҳар як инсон, баланд бардоштани сифати зиндагӣ дар ҷомеа, беҳтар гардонидани имиҷи кишвар ва нишон додани муносибати огоҳонаю касбӣ дар ҳалли мушкилот:
1) барномаи давлатии фарогир ва дарозмуддати мубориза бо шиканҷаро (дорои нақшаи фаъолият) бо зикри мақомоти масъул, маҷмӯи тадбирҳои пӯшида, институтсионалӣ ва амалӣ, ки барои ҳалли мушкили шиканҷа заруранд, бо ҷудо кардани буҷаи давлатӣ ва ҷадвали ҳисоботдиҳӣ қабул кунед;
2) барои нозирони мустақил аз ҷомеаи шаҳрвандӣ дастрасии кушод ба тамоми муассисаҳои пӯшида, қабл аз ҳама маҳбасҳо, боздоштгоҳҳои тафтишотӣ, дармонгоҳҳои бемориҳои рӯҳӣ ва ғайраро таъмин созед;
3) хазинаи махсус барои расонидани кӯмак ба қурбониёни шиканҷа таъсис диҳед.
Ҳамзамон Эътилоф даъват ба амал меорад, ки мулоҳизоти Кумитаҳои СММ оид ба ҳуқуқи инсон иҷро гардида, тавсияҳо аз рӯйи шартномаҳои байнулмилалӣ дар бахши ҳуқуқи инсон ва тартиботи махсуси Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон амалӣ карда шаванд.
Эътилоф бар ин ақида аст, ки тадбирҳои мазкур далели ҷонибдории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз норавоии истифодаи шиканҷа хоҳад буд ва дар мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуб таъсири мусбат хоҳад гузошт.
Авесто
Апейрон
Анҷумани ҳуқуқшиносони Помир
Анҷумани ҳуқуқшиносони ҷавон «Ампаро»
Дафтари ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният
Имкониятҳои баробар
Коллегияи адвокатҳо «Сипар»
Коллегияи адвокатҳои вилояти Суғд
Лигаи занони ҳуқуқшиноси Тоҷикистон
Мактаби мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон - асри XXI»
Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон
Маркази ҳуқуқи инсон
Маркази ҳуқуқи кӯдак
Фонди ҷамъиятии «Нотабене»
26-уми июни соли 2012