Озодӣ аз шиканҷа ҳуқуқи мутлақ аст

Дар остонаи Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа, ки ҳамасола 26-уми июн дар саросари ҷаҳон таҷлил мешавад, Идораи ҳуқуқи инсони СММ (УВКПЧ) дар Осиёи Марказӣ нашри як силсила матолибро ба роҳ монда, ба мардум хотиррасон мекунад, ки озодӣ аз шиканҷа ҳуқуқи мутлақ аст. Ин чунин маъно дорад, ки онро ба ҳеҷ ваҷҳ маҳдуд ё нақз кардан мумкин нест.

Шиканҷа - танҳо нақзи ҳуқуқи инсон нест. Тибқи ҳуқуқи байналмилалӣ шиканҷа - ин ҷиноят аст.

Онҳо на танҳо бо Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ва Конвенсияи зидди шиканҷаи СММ, балки инчунин бо Суди байналмилалии ҷиноятӣ ва дигар санадҳои байналмилалӣ дар самти ҳуқуқи инсон манъ карда шудаанд.

Матолиби моро пайгирӣ намоед, дар бораи он ки чӣ гуна ҳуқуқи байналмилалӣ ҳамаро аз шиканҷа ва дигар муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи шаъну шараф ва ҷазо ҳимоя мекунад, маълумот медиҳем.

 

#26June #UNHumanRights

Идораи СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ