Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
29-уми июл дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба масъалаҳои ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбати кӯдакон баргузор гардид.
Яке аз масъалаҳои муҳими рӯзномаи ҷаласа лоиҳаи Барномаи дур кардани кӯдакон аз системаи расмии адолати судӣ барои солҳои 2026-2030 гардид. Ҳуҷҷат дар доираи иҷрои банди 15-и Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2023-2025 оид ба татбиқи Барномаи ислоҳоти системаи адолати судӣ нисбати кӯдакон таҳия шудааст. Дар омода намудани он таҷрибаи мусбати кишварҳои хориҷӣ, ки дар ин самт ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд, ба назар гирифта шудааст.
Чорабинӣ бо ташаббуси Фонди ҷамъиятии «Ташаббуси ҳуқуқӣ» дар якҷоягӣ бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи «Тақвияти ҳайати кадрии хадамоти иҷтимоӣ барои қонеъ гардонидани ниёзҳои кӯдакони бо қонун дар мухолифат қарордошта» ташкил карда шуд.