Агар дар СИЗО ё колония шиканҷа истифода шавад, ба куҷо муроҷиат кардан мумкин аст?

Ҳуқуқдон бошед!

Дар бахши “Саволу ҷавоб” ҳуқуқшиносони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ба саволҳои хонандагон посух медиҳанд.

САВОЛ: Агар дар СИЗО ё колония шиканҷа истифода шавад, ба куҷо муроҷиат кардан мумкин аст?

ПОСУХ: Мутобиқи моддаи 18-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ба ҳеҷ кас шиканҷа, ҷазо ва муносибати ғайриинсонӣ раво дида намешавад». Мувофиқи моддаҳои 3 ва 19-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда”, дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда набояд ба мақсадҳои расонидани азобу шиканҷа ва ё зарари ҷисмониву маънавӣ истифода карда шавад, зеро нафарони ҳабсшуда ҳуқуқ ба амнияти шахсӣ доранд. Ҳангоми ба миён омадани хатар ба ҳаёт ва саломатӣ ё таҳдиди содир шудани дигар ҷиноят ба муқобили шахсияти гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда аз ҷониби дигар гумонбаршудагон, айбдоршавандагон ва судшавандагон, кормандони ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан уҳдадоранд бетаъхир оид ба таъмини амнияти шахсии ин гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда чораҳо андешанд. Маъмурияти ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда вазифадор аст, ки қарори прокурори дахлдорро оид ба тартиби нигоҳдорӣ дар ҳабс, ки бо Қонуни мазкур муқаррар шудааст, иҷро намояд.

Дар асоси моддаи 51-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда”, назорат аз болои иҷрои қонунҳо дар ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда аз тарафи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурорҳои тобеи он амалӣ карда мешавад.

Аз ин рӯ, шикоят дар бораи истифодаи шиканҷа бояд ба прокурори ҳудудӣ оид ба назорат аз болои иҷрои қонун дар ҷойҳои нигоҳдорӣ дар ҳабс пешниҳод карда шавад.

Сомонаи мо: https://notorturetj.org/

Почтаи электронӣ: notorture.tj@gmail.com

Агар шумо ё хешовандони шумо мавриди шиканҷа ва муносибати бераҳмона қарор гирифта бошед, ба WhatsApp ё Telegram занг занед ё нависед:

+992 98 787 66 66 дар вилояти Хатлон

+992 98 787 33 33 дар вилояти Суғд

+992 98 708 76 76 дар ш. Душанбе ва НТМ

Ба идораҳои мо муроҷиат кунед:

ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 137, бинои Тоҷикматлубот

ш. Хуҷанд, хиёбони Сомонӣ 42, утоқи 117

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайравӣ намоед, то аз иттилоот бохабар бошед!

Facebook: https://www.facebook.com/notorturetj

Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj

Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCn3sZx0776E1Qcbvz4WAE7g

Телеграм: https://t.me/Notorturetjk

Инстаграм: Notorturetj

NotortureTj