Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҷуброни зиён ва товони зарари маънавӣ, ки бо ҷиноятҳои марбут ба истифодаи шиканҷа ва намудҳои дигари муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну шараф расонида шудааст
Бо мақсади амалисозии таҷрибаи судӣ ва таъмини иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон рӯзҳои 19 ва 20-уми сентябр дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ фаъолият бурд, ки ба ҳайати он судяҳои Суди Олӣ, инчунин намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ шомил гардиданд.
Гурӯҳи корӣ ба коркарди лоиҳаи қарори нави Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҷуброни зарари маънавӣ ба қурбониёни шиканҷа, муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф шуруъ намуд.
Ҳадафҳои коркарди қарор
• таъмини дастрасии самараноки ҷабрдидагон ба адолати судӣ;
• татбиқи механизмҳои ҷуброни одилона, ки ба қонунгузории миллӣ ва стандартҳои байналмилалӣ, аз ҷумла муқаррароти Конвенсияи СММ зидди шиканҷа ва дигар шаклҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф мувофиқат мекунанд.