Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Рӯзҳои 16-17-уми сентябр дар меҳмонхонаи «Румӣ»-и шаҳри Душанбе барои кормандони иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо миёни ноболиғони ВКД ҶТ, инчунин равоншиносон ва омӯзгорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тренинги дурӯза баргузор гардид.
Мавзуи тренинг «Кормандони иҷтимоӣ ва равоншиносон дар системаи адолати судӣ: Тренинг барои тренерон» буд.
Ба ҳайси тренер Нино Ткешелашвили, коршиноси байналмилалӣ дар самти кори равониву иҷтимоӣ бо кӯдакон дар системаи адолати судӣ даъват шуда буд.
Дар рафти тренинг иштирокдорон донишҳои касбӣ ва малакаҳои амалии худро дар самти адолати судӣ нисбати кӯдакон амиқтар намудаву бо принсипҳои гузаронидани парвандаҳо дар доираи системаи ювеналӣ, усулҳои арзёбии хатар ва эҳтиёҷот маълумот гирифта, инчунин малакаҳои татбиқи ин равишҳоро дар кори ҳаррӯзаи касбии худ такмил доданд.
Пас аз анҷоми тренинг ба ҳамаи иштирокдорон сертификат дар бораи гузаштани омӯзиш супорида шуд.
Чорабинӣ аз ҷониби Фонди ҷамъиятии «Ташаббуси ҳуқуқӣ» дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ва Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи «Тақвияти ҳайати кадрии хадамоти иҷтимоӣ барои қонеъ гардонидани ниёзҳои кӯдакони бо қонун дар мухолифат буда» ташкил карда шуд.