Эмомалӣ Раҳмон ба СММ пешниҳод намуд, ки Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ эълон карда шавад

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ассамблеяи генералии СММ пешниҳод кард, ки имконияти эълони Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро баррасӣ намояд,- хабар медиҳад дафтари матбуоти Роҳбари давлат.

Сарвари давлат зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои иҷлосияи 80-уми Ассамблеяи генералии СММ зикр намуд, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳиди беэътиноӣ ва нақзи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ - пояи низом, сулҳу субот дар ҷаҳон аст.

"Мо зарурати риояи қатъии қавонини байналмилалӣ ва ҳалли ҳама моҷарову ихтилофотро дар чаҳорчӯбаи қонун таъкид мекунем",- гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Президенти Тоҷикистон аз тамоми кишварҳои узв даъват ба амал овард, ки ба ин иқдом ҳамроҳ шаванд ва фарҳанги ҷаҳонии шаффофият ва адолатро тақвият бахшанд.

 

 

 

Your.tj