Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон

Ба муносибати 10-уми декабр - Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон ташкилоти ҷамъиятии Pro Bono De Jure, узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон зидди шиканҷа ва беҷазоӣ силсилаи иборат аз даҳ видеои кӯтоҳи машваратиро, ки ба баланд бардоштани огоҳии ҳуқуқии шаҳрвандон равона шудаанд, таҳия ва нашр кард.
Видеоматолиб бо иштироки адвокатҳо ва ҳуқуқшиносон дар шабакаҳои Facebook, Instagram ва TikTok нашр гардида, ба масъалаҳои калидии марбут ба манъи шиканҷа ва ҳифзи ҳуқуқи инсон дар системаи адолати судии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда буданд.
Видеороликҳо аз ҷумла мавзуҳои зеринро дар шакли дастрас ва фаҳмо фаро мегиранд:
- дар кадом санадҳои меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъи шиканҷа муқаррар карда шудааст;
- манъи мутлақ (non-derogable)-и шиканҷа чӣ маъно дорад ва оё ин ҳуқуқ ҳатто дар ҳолати фавқулода, ҷанг ё таҳдид ба амнияти ҷамъиятӣ метавонад маҳдуд карда шавад;
- фарқгузории ҳуқуқии шиканҷа ва шаклҳои муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи шаъну шараф;
- ҷавобгарӣ барои истифодаи шиканҷа;
- шахсе, ки қурбонии шиканҷа ё муносибати бераҳмона шудааст, ба куҷо ва бо кадом тартиб метавонад муроҷиат кунад;
- аз кадом лаҳзаи боздошт ҳуқуқ ба ҳимояи ҳуқуқӣ ба миён меояд ва адвокат дар пешгирии шиканҷа чӣ нақш мебозад;
- ҳуқуқи шахси боздоштшуда ба шаҳодаткунонии мустақили тиббӣ барои сабти нишонаҳои шиканҷа;
- тартиби амали суд дар ҳолате, ки судшаванда иддао кунад, ки нишондодҳои худиқрории ӯ таҳти фишор гирифта шудаанд;
- механизмҳои шикоят дар сурати розӣ набудани қурбонии шиканҷа бо натиҷаҳои баррасии аризааш дар марҳилаи санҷиш, тафтишот ё мурофиаи судӣ.
Бо видеороликҳо инҷо метавонед ошно шавед:
https://www.facebook.com/probonodejure,
https://www.instagram.com/probonodejure/,
https://www.tiktok.com/@probonodejure
Таҳия ва паҳн намудани силсилаи видеомашваратҳои мазкур қисми талошҳо барои пешбурди принсипи манъи мутлақи шиканҷа, тақвияти фарҳанги ҳуқуқӣ ва васеъ кардани дастрасии шаҳрвандон ба маълумоти амалии ҳуқуқӣ мебошад. Ин ташаббус нақши муҳими ташкилотҳои ҳимоятгари ҳуқуқ ва ҷамъияти касбии ҳуқуқиро дар пешгирии шиканҷа ва таъмини механизмҳои муассири ҳифзи ҳуқуқи инсон таъкид мекунад.
