Мониторинги ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ дар Тоҷикистон

Мониторинги ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ дар Тоҷикистон яке аз унсурҳои калидии системаи пешгирии шиканҷа ва муносибати бераҳмона боқӣ мемонад. Аз соли 2019 то 2022 мақомоти кишвар барои беҳтар кардани мониторинги маҳбасҳо, тавқифгоҳҳои тафтишотӣ ва дигар муассисаҳои пӯшида уҳдадорӣ гирифтанд. Ин уҳдадориҳо дар Нақшаи миллии амал оид ба татбиқи тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ, аз ҷумла тавсияҳои №27-28, ки таъсиси механизми мустақил, мунтазам ва бемамониати мониторинги ҳамаи ҷойҳои нигоҳдорӣ дар ҳабсро пешбинӣ мекунанд, зикр шудаанд.

Кумитаи зидди шиканҷаи СММ ба Тоҷикистон тавсия дод, ки дастрасии гурӯҳҳои мустақили мониторингиро ба СИЗО, тавқифгоҳҳои муваққатӣ, колонияҳо ва муассисаҳои махсус таъмин намояд, муоширати бемамониатро бо боздоштшудагон, имконияти боздидҳои бидуни огоҳсозии пешакиро кафолат ва мувофиқи Протоколи факултативӣ ба Конвенсияи зидди шиканҷа Механизми миллии пешгирикунандаи пурра таъсис диҳад.

Дар доираи Нақшаи миллии амал барои солҳои 2020-2022 Дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон як қатор боздидҳои мониторингиро ба ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ, аз ҷумла тавқифгоҳҳои муваққатӣ дар Душанбе ва Исфара, тавқифгоҳи тафтишотӣ дар Хуҷанд, инчунин муассисаҳои алоҳидаи ислоҳии Вазорати адлия анҷом дод. Дар рафти ин боздидҳо шароити санитарӣ, дастрасӣ ба ёрии тиббӣ, имконияти мулоқот бо хешовандон, масоили хӯрок ва табобати маҳбусон омӯхта шуд. Аз рӯйи натиҷаи якчанд санҷиш мушкилоти мушаххас, аз ҷумла таъхир дар муоинаи тиббии навомадагон ва норасоии кормандони тиббӣ, инчунин ҳолатҳои бад шудани вазъи саломатии маҳбусон вобаста ба шароити нигоҳдорӣ муайян карда шуданд.

Боздидҳои алоҳидаи мониторингӣ бо иштироки намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ - Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон гузаронида шуданд. Бо вуҷуди маҳдудиятҳои мавҷуда, чунин санҷишҳои муштарак қадами муҳим буданд, зеро таҷрибаи байналмилалӣ нишон медиҳад, ки иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ объективии мониторингро афзоиш медиҳад. Аз ҷумла, Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа дар мавриди шикоятҳои боздоштшудаг оид ба ҳузур надоштани адвокат дар соатҳои аввали пас аз боздошт ҳангоми боздидҳои муштарак бо Ваколатдор тавқифгоҳи муваққатии Душанбе хабар дод.

Бар асоси натиҷаҳои мониторинг дар як қатор муассисаҳо барои беҳтар кардани шароит чораҳо андешида шуданд, аз ҷумла таъмири камераҳо, навсозии системаҳои обтаъминкунӣ ва вентилятсия, беҳтар кардани равшанӣ дар майдончаҳои сайругашт ва биноҳо барои мулоқоти дарозмуддат. Бо вуҷуди ин, коршиносон ва ҳимоятгарони ҳуқуқ зикр мекунанд, ки ин тағйироти мусбат хислати пароканда доранд.

Бо вуҷуди чораҳои андешидашуда, як қатор тавсияҳои калидии Кумитаи зидди шиканҷаи СММ иҷронашуда боқӣ мемонанд. Тоҷикистон то ҳол Протоколи факултативӣ ба Конвенсияи зидди шиканҷаро тасдиқ накарда ва Механизми миллии пешгирикунандаи пурра фаъолияткунандаро, ки ваколати мустақил ва ҳама уҳдадориҳоро тибқи стандартҳои байналмилалӣ доро бошад, таъсис надодааст. Гурӯҳҳои мониторингӣ дар назди Омбудсмен фаъолият мекунанд, аммо имкониятҳои онҳо маҳдуд аст: онҳо на ҳамеша ҳуқуқи анҷом додани боздидҳои ғайриинтизорро доранд, ҳамаи муассисаҳоро фаро намегиранд ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандиро мунтазам ворид намесозанд. Ғайр аз ин, Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх аз соли 2004 инҷониб ба ҷойҳои нигоҳдорӣ дар ҳабс дар Тоҷикистон дастрасӣ надорад.

Пӯшида будани муассисаҳои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ барои мониторинги беруна мушкили ҷиддӣ боқӣ мемонад. Ташкилотҳои ҳимоятгари ҳуқуқ ва ниҳодҳои байналмилалӣ борҳо таъкид кардаанд, ки набудани дастрасӣ ба чунин муассисаҳо бо меъёрҳои СММ мухолифат дорад, зеро хатари истифодаи шиканҷа дар шароити боздошт аз ҷониби мақомоти амниятӣ махсусан баланд ҳисобида мешавад.

Инчунин ҳолатҳое зикр карда мешаванд, ки тавсияҳои гурӯҳҳои мониторингӣ пурра иҷро намешаванд ё тамоман иҷро намегарданд. Дар баъзе муассисаҳо қонуншиканиҳои муйянгардида, аз ҷумла набудани дастрасии доимӣ ба оби нӯшокӣ, пас аз санҷишҳо низ муддати тӯлонӣ боқӣ мондаанд. Омори расмии нопурра ва номунтазам дар бораи шикоятҳо оид ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона мушкили дигар боқӣ мемонад. Ташкилотҳои ҳимоятгари ҳуқуқ зикр мекунанд, ки як қисми шикоятҳо ба қайд гирифта намешаванд ё тибқи дигар моддаҳо, ба монанди баромадан аз ҳадди ваколати мансабӣ тасниф карда мешаванд.

Бино ба зикри ташкилотҳои байналмилалӣ, аксари ҳолатҳои шиканҷа дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар 24 то 48 соати аввали пас аз боздошт, вақте рух медиҳанд, ки дастрасӣ ба адвокат ва хешовандон маҳдуд аст. Боздидҳои мунтазами гурӯҳҳои мустақили мониторингӣ хатари истифодаи зӯровариро ба таври назаррас коҳиш медиҳанд ва аз самараноктарину дастрастарин механизмҳои пешгирии шиканҷа ҳисобида мешаванд.

Коршиносон қайд мекунанд, ки рушди минбаъдаи системаи мониторинг таъсиси Механизми миллии пешгирикунандаро бо ваколати мустақил ва ҳуқуқи дастрасӣ ба ҳама ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ, институтсионалӣ сохтани иштироки созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъмини инъикоси оммавии натиҷаҳои мониторинг ва ҳимояи афродеро, ки дар бораи шиканҷа, фишор ва таъқиб хабар медиҳанд, талаб менамояд. Ба кормандони тавқифгоҳҳо, муассисаҳои тафтишотӣ ва колонияҳои ислоҳӣ омӯзонидани стандартҳои байналмилалии муносибат бо маҳбусон, аз ҷумла Қоидаҳои Нелсон Мандела ва Протоколи Истанбулӣ низ унсури муҳими пешгирӣ боқӣ мемонад.

Ҷорӣ намудани мониторинги пурраи мустақили ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ ҳамчун қадами муҳим дар самти иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон ва тақвияти эътимоди ҷомеа ба институтҳои давлатӣ ва системаи адолати судӣ арзёбӣ мешавад.

ТҶ «Ҳуқуқи дастрас» ва Аниса Абдуллоева