Барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба гузаронидани пурсишҳои тафтишотӣ мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ тренингҳо баргузор шуда истодаанд

Дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Душанбе барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба гузаронидани пурсишҳои тафтишотӣ мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ тибқи модели P.E.A.C.E. тренингҳо баргузор шуда истодаанд.

Тренингҳоро омӯзгорони Академияи Вазорати корҳои дохилӣ баргузор мекунанд, ки қаблан дар доираи барномаи “омӯзиши омӯзгорон” аз рӯи модели бритониёии пурсишҳои тафтишотӣ таҳсил кардаанд.

Дар чорабиниҳои мазкур тақрибан 40 нафар муфаттишон иштирок намуданд. Ин тренингҳо дар доираи лоиҳаҳои ТҶ «Дунёи Хуқуқ» бо дастгирии UK FCDO ва Иттиҳоди Аврупо амалӣ гардида истодаанд. European Union in Tajikistan UK in Tajikistan

ТҶ «Дунёи Хуқуқ»