Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон

Муқаддима
Ҳуқуқ ба адвокат аз лаҳзаи боздошт - яке аз кафолатҳои асосии ҳимояи инсон аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона мебошад. Ҳуқуқи байналмилалӣ онро унсури калидии адолати судӣ мешуморад: агар шахс дар соатҳои аввали боздошт бо адвокат тамос гирифта тавонад, хатари фишор, нишондоди маҷбурӣ ва поймол гардидани ҳуқуқҳои ӯ зуд коҳиш меёбад.
Тоҷикистон соли 1995 ба Конвенсияи зидди шиканҷаи СММ ҳамроҳ шуда, уҳдадор гардид, ки талаботи онро амалӣ намояд. Дар соли 2019 ҳукумат Нақшаи миллии амалро барои мутобиқ сохтани қонунҳо ва амалияҳо бо стандартҳои байналмилалӣ қабул кард. Дар он аз ҷумла чораҳо барои тақвияти мустақилияти адвокатура ва рушди системаи ёрии ҳуқуқии ройгон пешбинӣ гардида буданд.
Аммо, бо вуҷуди ин талошҳо, дар амал дастрасӣ ба адвокат дар соатҳои аввали пас аз боздошт маҳдуд боқӣ мемонад, адвокатҳо бошанд, аксар вақт бо фишор рӯ ба рӯ мешаванд. Ин масъалаи дастрасӣ ба адвокатро на танҳо масъалаи ҳуқуқӣ, балки масъалаи ҳуқуқҳимоясозӣ низ мегардонад - мустақиман аз он вобастагӣ дорад, ки оё шиканҷа пешгирӣ ва ҳуқуқи инсон ба мурофиаи одилона таъмин карда мешавад ё не.
Стандартҳои байналмилалӣ
Дар ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ, аз қабили Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ва Конвенсияи зидди шиканҷа ба таври возеҳ гуфта мешавад, ки ҳар як шахс ҳуқуқ ба ҳимоя ва муносибати инсондӯстонаро дорад.
СММ таъкид мекунад, ки адвокат - ин кафолати калидӣ аст, ки шахс мавриди шиканҷа ё тарсонидан қарор намегирад. Ҳуқуқ ба адвокат бояд фавран пас аз боздошт, бидуни интизории бозпурсии аввалия ё қарори муфаттиш таъмин карда шавад.
Соли 1990 СММ "Принсипҳои асосии нақши адвокатҳо"-ро қабул кард. Дар он гуфта мешавад, ки давлатҳо уҳдадоранд ба мустақилияти адвокатҳо эҳтиром гузоранд, ба кори онҳо дахолат накунанд ва дастрасии бехатарро ба зерҳимояҳояшон таъмин намоянд. Ин принсипҳо бо ҳуҷҷатҳои баъдӣ, ба монанди «Қоидаҳои Нелсон Мандела» дар бораи муносибати инсондӯстона бо маҳбусон тақвият дода шудаанд.
Кумитаи зидди шиканҷаи СММ борҳо таъкид кардааст, ки дастрасии воқеӣ ба адвокат - ин яке аз роҳҳои муассири пешгирии шиканҷа аст.
Дар қонунҳои Тоҷикистон чӣ навишта шудааст?
Конститутсияи Тоҷикистон ба ҳар як нафар ҳуқуқ ба ҳимоя ва ёрии ҳуқуқиро кафолат медиҳад. Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ фавран пас аз боздошт даъват кардани адвокатро иҷозат медиҳад, инчунин истифодаи далелҳои бо шиканҷа ба даст овардашударо ба таври возеҳ манъ мекунад.
Қонун «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» мустақилияти адвокатҳо ва ҳуқуқи онҳоро барои кор бидуни фишор муқаррар мекунад, инчунин ёрии ҳуқуқии ройгонро барои онҳое, ки имкони пардохти ҳақи хизматрасонии ҳимоятгарро надоранд, пешбинӣ менамояд.
СММ чӣ тавсия медиҳад?
Кумитаи зидди шиканҷаи СММ баъди баррасии вазъият дар Тоҷикистон дар соли 2018 аз ҳолатҳои идомаёбандаи шиканҷа ва дастрасии маҳдуди боздоштшудагон ба адвокатҳо изҳори нигаронӣ кард. Кумита дар тавсияҳои худ аз ҳукуматҳо даъват ба амал овард, ки:
- ҳуқуқи дастрасии фаврӣ ба адвокати мустақил на танҳо пас аз эълони айбнома, балки аз лаҳзаи боздошти воқеӣ таъмин карда шавад;
- махфияти мулоқоти адвокатҳо бо зерҳимояҳояшон, бидуни ҳузури кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кафолат дода шавад;
- ҳама гуна фишор ва тарсонидани адвокатҳо қатъ карда шавад;
- системаи ёрии ҳуқуқии ройгон, бахусус дар минтақаҳо рушд дода шавад;
- барои кормандони милитсия, прокурорҳо ва судяҳо оид ба стандартҳои зидди шиканҷа омӯзиш гузаронида шавад.
СММ инчунин ба зарурати ҳимояи худи адвокатҳо, ҳимоятгарони ҳуқуқ ва рӯзноманигорони аз ҳолатҳои шиканҷа хабардиҳанда аз таъқиб ва таҳдидҳо таъкид кард.
Нақшаи миллии амал барои солҳои 2019-2022
Дар посух ба ин тавсияҳо Ҳукумати Тоҷикистон Нақшаи миллии амалро баҳри татбиқи тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷа тасдиқ кард. Он се ҳадафи асосиро дар бар мегирифт:
- Таъмини дастрасӣ ба адвокат - ворид кардани тағйирот ба қонунҳо, бартараф намудани монеаҳо барои мулоқоти адвокатҳо ва зерҳимояҳо ва таъсиси системаи мониторинги нақзи ҳуқуқ ба ҳимоя.
- Ҳимояи қурбониён ва ҳимоятгарони ҳуқуқ - ҷорӣ намудани механизмҳои кумак ба қурбониёни шиканҷа, кафолат додани амнияти адвокатҳо ва ҳимоятгарони ҳуқуқ.
- Гузаронидани омӯзиш - мунтазам такмил додани тахассуси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, судяҳо ва адвокатҳо мувофиқи стандартҳои байналмилалӣ.
Натиҷаҳо ва хулосаҳо
Тоҷикистон дар солҳои охир барои тақвияти расмии ҳуқуқи ҳимоя чораҳои зиёде андешидааст - навсозии қонунҳо, қабули нақшаи миллӣ ва гузаронидани омӯзиш. Аммо дар амал бисёр чизҳо рӯи коғаз боқӣ мемонанд.
Барои он ки ҳуқуқ ба адвокат воқеан аз шиканҷа ҳимоя намояд, чораҳои системавӣ заруранд:
- тақвияти мустақилияти адвокатура ва ҳимояи ҳуқуқшиносон аз фишор;
- дастрасии кафолатнок ва фаврӣ ба адвокат пас аз боздошт;
- рушди на расмӣ, балки воқеии ёрии ҳуқуқии ройгон;
- омӯзиши доимӣ ва назорати амалҳои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.