Вебинар дар бораи фарқияти байни ҷиноятҳои шиканҷа ва баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ

12-уми июни соли 2026 Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар мавзуи "Фарқияти байни ҷиноятҳои шиканҷа ва баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ" вебинар баргузор кард. Ин чорабинӣ дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа гузаронида шуд, ки ҳамасола 26-уми июн таҷлил мегардад.

Вебинар дар платформаи Jitsi Meet дар шакли амн баргузор шуда, имконияти иштироки беном ва пурсишҳоро дар вақти воқеӣ фароҳам овард. Бо мақсади таъмини махфияти иштирокдорон, чорабинӣ сабт нашуд.

Ҳадафи чорабинӣ боло бурдани сатҳи дониши иштирокдорон дар самти қонунгузории ҷиноятӣ ва механизмҳои ҳимояи ҳуқуқи инсон буд.

Дар вебинар 18 нафар намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳуқуқшиносони ҷавон, ҳимоятгарони ҳуқуқ, рӯзноманигорон, фаъолон ва дигар шахсони манфиатдор иштирок карданд.

Дар рафти чорабинӣ иштирокдорон бо муқаррароти қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгариро барои шиканҷа ва баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ танзим менамоянд, шинос карда шуданд. Меъёрҳои моддаи 143, банди 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои шиканҷа ҷавобгарӣ пешбинӣ мекунад ва моддаи 316-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ҷавобгарӣ муқаррар менамояд, ба таври муфассал баррасӣ карда шуданд.

Таваҷҷуҳи махсус ба таҳлили нишонаҳои асосии ин таркибҳои ҷиноятҳо, ҷанбаҳои объективӣ ва субъективии онҳо, мақсади содир кардани амалҳои ғайриқонунӣ, хусусиятҳои субъектҳои ҷиноят ва дараҷаи хатари ҷамъиятии амалҳои мавриди назар равона карда шуд. Ба иштирокдорон фарқиятҳои асосии байни шиканҷа ва баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ, инчунин ҷанбаҳои амалии таснифоти дурусти ҷиноятӣ-ҳуқуқии онҳо шарҳ дода шуданд.

Зимни баррасӣ қайд карда шуд, ки фарқгузории дурусти байни таркибҳои ҷиноятҳои зикргардида барои таъмини волоияти қонун, ба ҷавобгарӣ ҷалб намудани гунаҳкорон ва ҳимояи самараноки ҳуқуқу озодиҳои инсон муҳим аст.

Дар анҷоми вебинар иштирокдорон ба саволҳои барояшон ҷолиб посух ва оид ба татбиқи меъёрҳои ҳуқуқии дахлдор дар амал тавсияҳо гирифтанд.

NotortureTj