Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Вазири адлияи Тоҷикистон рӯзи якуми октябр дар робита ба марги Ҳамза Икромзода дар зиндон изҳори назар кард.
Ҷаноби Менглиев афзуд, тасмими онҳо барои танбеҳ ё ҷазо додани масъулони зиндон дар робита ба марги Ҳамза Икромзода ба натиҷаи санҷиши Додситонии кул вобаста аст, ки таҳқиқи ин қазияро бар ӯҳда дорад. Вазири адлияи Тоҷикистон, ки дар бинои Маҷлиси намояндагон бо хабарнигорон сӯҳбати кӯтоҳе дошт, гуфт, онҳо зидди шиканҷа дар маҳбасҳоянд ва талош хоҳанд кард, то аз ин амал пешгирӣ шавад.
Вай аз ҷумла илова кард, ки танҳо дар соли гузашта се маъмури зиндонҳои Тоҷикистон барои роҳ додан ба шиканҷа танбеҳ гирифтаанд. Вазири адлияи Тоҷикистон қавл дод, ки марги сокини 27-солаи деҳаи Хирманаки ноҳияи Ҳисор дар зиндони рақами 1-и Душанбе ҷиддан бозрасӣ шуда, онҳоеро, ки дар ин қазия даст доранд, беҷавоб нахоҳанд гузошт.
Ҳамза Икромзодаи 27- сола ду соли пеш бо иттиҳоми авбошӣ ба 8 соли зиндон маҳкум шуда, рӯзи 20-уми сентябр дар зиндони рақами аввали Душанбе фавтидааст. Ба бовари хонаводаи Икромзода, ӯ бар асари латту кӯб фавтидааст, аммо мақомот мегӯянд, ӯ худкушӣ кардааст.