Наздикони маҳбуси фавтида дар ҳузури прокурори генералӣ

Наздикони маҳбуси фавтида дар ҳузури прокурори генералӣ

Ахири ҳафтаи сипаришуда прокурори генералии ҷумҳурӣ Шерхон Салимзода наздикони маҳбус Ҳамза Икромзодаи дар муассисаи ислоҳии Я/С №3/1 фавтидаро ба ҳузур пазируфта, ба прокурор Мирзо Аминов супориш дод, ки аз модари ӯ дар хусуси тамаъҷӯӣ аз ҷониби кормандони муассисаи ислоҳӣ, ки минбаъд ба кирдори бераҳмона нисбати маҳбус боис гардид, баёнот гирад.

Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» холаи марҳум Азиза Исоева изҳор кард, ки онҳоро худи прокурори генералӣ ба суҳбат даъват карда, изҳор доштааст, ки натиҷаҳои ташхиси судиву тиббӣ аллакай омода буда, нисбат ба сардори муассисаи ислоҳӣ Рустам Тоштемиров, Абдуҳаким Тугаев, табиби зиндон, ки ба Ҳамза Ҳакимзода ёрии аввалини тиббиро расонида буд ва боз як корманди ин муассиса парвандаҳои ҷиноӣ боз шудаанд, вале Салимзода онҳоро бо натиҷаҳои ташхис шинос накарда, сабабҳои марги Ҳамза Икромзодаро шарҳ надодааст.

«Зулайхо Ҷӯраева, модари Ҳамза ба прокурори генералӣ иброз дошт, ки ду нафар шоҳидони марги писараш – Шарафган аз Кӯлоб ва Рашид Шарифов аз Ҳисор, ки дар ин муассисаи ислоҳӣ адои ҷазо мекарданд, чанде қабл фавтида, сабаби марги онҳо ҳам номаълум аст ва дар ин робита прокурор Аминов посух дод, ки онҳо дар беморхонаи зиндон бинобар сабаби бемориҳо фавтидаанд», - гуфт вай.

Қаблан ҳимоятгари ҷониби ҷабрдида Гулчеҳра Холдматова ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дода буд, ки прокуратура оид ба назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ дар робита ба марги Ҳамза Икромзода мутобиқи моддаи 322 (Хунукназарӣ)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз намудааст. Ҳимоятгар мегӯяд, ӯ талош хоҳад варзид, ки нисбати шахсони мансабдори гунаҳкор дар марги маҳбус мутобиқи моддаи 143, дараҷ. 1 (Шиканҷа) парвандаи ҷиноӣ боз карда шавад.

Ба қавли ҳимоятгар, айни замон фарзияе пешниҳод мегардад, ки шояд Ҳ.Икромзодаро маҳбусони зиндон мавриди азобу шиканҷа қарор дода бошанд, вале ӯ қотеъона ин фарзияро рад месозад, зеро истифодаи дарзмолу дигар таҷҳизоти барқӣ дар муассиса ба маҳбусон манъ аст.

 

Маҳпора Киромова, Азия-Плюс