Таҷаммӯи модарони зиндониён дар назди додситонӣ

Таҷаммӯи модарони зиндониён дар назди додситонӣ

Беш аз 40 зан, асосан модарони маҳбусони зиндони шумораи 23-и Хуҷанд назди бинои Додситонии кулл ҷамъ омадаанд.

Вилоят Отаева, яке аз модарон ба "Озодӣ" гуфт, ки дар зиндони шумораи 23-и шаҳри Хуҷанд фарзандони онҳоро лату кӯб кардаанд, ва онҳо талаб доранд, ки мақомоти Додситонии кулл кормандони зиндонҳоро ба ҷазо бикашанд.

Хонум Отаева афзуд, ки онҳо ин вазъро дигар таҳаммул надоранд, зеро дар паси панҷараҳо фарзандонашон мавриди бадрафторӣ ва шиканҷа қарор мегиранд.

Зимнан, Маҳмурод Ризоев, падари яке аз маҳбусон мегӯяд, барои расидагӣ ба қазияи латту куби фарзандаш дар зиндони, Хуҷанд ба Додситонии кул муроҷиат кардааст.

Маҳмурод Ризоев падари маҳбуси зиндони рақами  23- и Хуҷанд Сунатулло Ризоев? рӯзи чаҳоршанбе 7-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бо нигаронӣ аз аҳволи фарзандаш субҳи имрӯз ба назди бинои Додситонии кулл омад. Дар ин ҷо ӯро муфаттиши Прокуратураи назоратӣ оид ба маҳбасҳои Додситонии кулл Раҳматулло Холов ба ҳузур пазируфтааст.

Маҳмурод Ризоев мегӯяд, ки аз муфаттиши назоратӣ хоҳиш кардааст, ки барои табобати фарзандаш дар маҳбаси Хуҷанд, ки аз тарафи кормандони ин маҳбас шадидан латту куб шудааст, мусоидат кунад.

Дар суҳбати телефонӣ Раҳматулло Холов, муфаттиши Прокуратураи назоратии Додситонии кул гуфт, ки дар ҳақиқат Маҳмурод Ризоев, сокини ноҳияи Ҳисор ба қабули вай омада буд ва шикоят кард, ки писарашро ғайриқонунӣ ба маҳбаси Хуҷанд бурдаанд. Раҳматулло Холов ба ӯ машварат додааст, ки ба Раёсати тафтишоти ҷиноятҳои вазнини Додситонӣ ариза пешниҳод кунад.

Раҳмаулло Холов вуҷуди латту куб ва бадрафторӣ дар зиндонҳоро беасос шуморид ва афзуд, ки шикояти волидон заминаи воқеӣ  надорад. Холов гуфт, ки баъди фавти Ҳамза Икромзода, дар зиндони рақами аввали шаҳри Душанбе матбуот ҳарчиро навишта буд, вале шиканҷа дар маҳбасҳо ҷой надорад.

Маҳмурод Ризоев мегӯяд, ки писари ӯро бехабар аз модару дигар пайвандонаш ба Хуҷанд интиқол додаанд. Ба гуфтаи ӯ, вазъи саломатии писараш бисёр бад аст. Ризоев афзуд, ки бар асари латту куб сутунмуҳраи писараш зарбаи сахт хӯрдааст ва модараш ду рӯз боз дар Хуҷанд наметавонад фарзандашрро бубинад.

Ozodi