Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Баҳром Абдулҳақов - муовини аввали раиси Сарраёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон ба радиои «Озодӣ» гуфтааст, ки ба хотири маълум кардани сабаби аслии марги Ҳамза Икромзода дар маҳбаси рақами 1 комиссияи махсус таъсис ёфтааст.
Ба иттилои ў, аъзои ин комиссия тамоми ҳолаТаъсиси комиссияи махсус барои таҳқиқи марги Икромзода ту сабабҳои марги Ҳамза Икромзодаро меомӯзад ва баъдан Сарраёсати ислоҳии Вазорати адлия дар як нишасти матбуотӣ ҳодисаи мазкур ва ҳолати марги ӯро шарҳ хоҳад дод.
Б. Абдулҳақов меафзояд, ки то замони хатми кори комиссия онҳо аз шарҳи дар маҳбас фавтидани Ҳамза Икромзодаи 27-сола худдорӣ хоҳанд кард. Ин дар ҳолест, ки наздикони Ҳамза Икромзодаи 27-сола, ки ба қавли онҳо, бар асари латукӯб дар зиндони рақами аввали Душанбе ҷон додааст, бо ирсоли як нома аз Додситонии кулл ва Кумитаи амнияти миллӣ таҳқиқи ин қазияро тақозо намудаанд. Онҳо инчунин ба номи президент Эмомалӣ Раҳмон нома навишта, аз ӯ хостаанд, ки дар ҳалли ин мушкил барояшон кӯмак кунад.
Амир Икромов - бародари Ҳамза Икромзода мегўяд, ки онҳо аз мақомот талаб доранд, то сабаби аслии марги бародарашро ошкор карда, омилони куштори ӯро ба муҷозот кашанд. Барои пешбурди ин даъво вакили мудофеъ Гулчеҳра Холматова ҳамчун пуштибони ҳуқуқӣ интихоб карда шудааст.
- Дар бораи марг ва шиканҷаи бародарам дар маҳбас санаду нишонаҳои зиёде дар даст дорам. Мехоҳам дар назди қонун ин амалҳо баррасӣ карда шаванд,- меафзояд А. Икромов.
Бояд зикр намуд, ки Ҳамза Икромзодаи 27- сола, ки ду сол пеш ба 8 соли зиндон маҳкум шуда буд, ба гуфтаи пайвандонаш, рӯзи 20-уми сентябр дар зиндони рақами яки Душанбе бар асари латукӯб ва шиканҷа ҷон додааст.