Ташкилоти ҷамъиятии "Отифа"

Ташкилоти  ҷамъиятии "Отифа" аз соли 2014 то соли 2017 ҳамчун гуруҳи ташаббускор фаъолият намуда, соли 2017 дар Раёсати адлияи вилояти Суғд ба қайд гирифта шудааст.

Рисолат: Мусоидат ба некӯаҳволии иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва экологии аҳолӣ, махсусан ҷавонон. Манфиатгирандагони асосии ташкилот - занон - собиқ ҳабсшудагон дар давраи гузариш. Синну сол аз 20 боло. Занон аз муассисаҳои ислоҳотии сукунати вилояти Суғд ва Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, Я/С №3/11 (муассисаи ислоҳотӣ/маҳбас) ва Корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, заноне, ки нисбати онҳо ҷазои шартӣ таъин намудаанд;  Ёрии ҳуқуқӣ ва психологӣ. Мусоидат дар барақарорсозии ҳуҷҷатҳо. Бокортаъминкунӣ дар асоси сехи дӯзандагӣ дар назди ташкилот ва дигар ташкилотҳо. Баланд бардоштани дониши ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ, омӯзонидани малакаҳои ташкили тиҷорати хурд. Дар натиҷа, 6 нафар зан, ки адои ҷазо намудаанд, грантҳо аз ҳукумат барои кушодани сехи дӯзандагӣ ба даст оварданд;  Семинару тренингҳо оид ба ҳуқуқи оилавӣ барои ҷавонон ва оилаҳои ҷавон. Лоиҳаи ташкилот “Ҳаёти нав” дар озмуни  Арго “Ташаббуси беҳтарини шаҳрвандӣ” соли 2018 дар Қазоқистон ғолиб омад. 

E-mail: Otifa-tj1970@mail.ru

feniks_tj1970@@mail.ru

Телефон+992 92 728 28 16

8342256842