АФИФ ва COVID-19 (АКС)

Ташкилоти ҷамъиятии «АФИФ» дар торнамои худ гузориши аксиеро пахш кард, ки вазъи мубориза бо сирояти бемории коронавирус ва таъмини ҳуқуқҳои инсонро бозгӯ мекунад.

Гузориши мазкур таҳти унвони «АФИФ ва COVID-19» (http://afif.tj/tg/gallery/1116-afif-covid-19-taj.html) ба нашр расида, фарогири аксҳо аз ҷумла аз ҷараёни расонидани таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ ба беморхонаи марказии СРИҶҶ ВА ҶТ (Душанбе, 26-уми августи соли 2020), таҳвили таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ барои беморхонаи марказии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷинояти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (28-уми августи соли 2020), таҳвили таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ барои филиали беморхонаи марказии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷинояти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Хуҷанд, 31-уми августи соли 2020) аст.

Бояд гуфт, ки «АФИФ» ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ буда, кӯшишҳои он ба таъмини эҳтироми ҳуқуқҳои инсон ва расонидани кумакҳои башардӯстона ба ниёзмандон, ба амалисозии чорабиниҳои ҷамъиятии муфиди башардӯстона, иҷтимоӣ, тиббӣ, иттилоотӣ, маърифатӣ, тадқиқотӣ, фарҳангӣ, экологӣ, сайёҳӣ ва варзишӣ равона гардидаанд.