Аксҳо аз рӯзгори қурбонии шиканҷа: Баҳромиддин Шодиев

Ин аксҳо аз бойгонии намоишгоҳи «Нест бод шиканҷа!» гирифта шудаанд, ки аз ҷониби Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният рӯзи 25-уми июни соли 2013 дар Душанбе бо дастгирии Amnesty International баргузор гардид. Қисме аз ин аксҳо дар китоби «Чанд ҳаёти сӯзондашуда, ҷонҳои рабудашуда» (муаллиф Наргис Ҳамробоева) мавриди истифода қарор гирифтаанд, ки муаррифии он ҳам дар доираи чорабинии мазкур сурат пазируфт.