Мавзӯи озодӣ аз шиканҷа ва ҷаласаҳои иттилоотӣ

Дар доираи маъракаи “Аз шиканҷа ва беҷазоӣ даст кашед!”, ки ба Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа бахшида шудааст ва ҳамасола санаи 26-уми июн ҷашн гирифта мешавад, 6 июни соли 2022 дар шаҳри Панҷакент ва 8 июни соли 2022 дар шаҳри Хуҷанд дар гӯшаи Амрикоӣ оид ба мавзӯи озодӣ аз шиканҷа ҷаласаҳои иттилоотӣ ташкил карда шуд.