Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Мавзӯъҳои пурсарусадо дар мавриди шиканҷа, ки воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон моҳи июли соли ҷорӣ пахшу нашр карданд, латукӯби адвокат Шӯҳрат Қудратов, изҳори нигаронии вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов аз вуҷуд доштани шиканҷа, боз шудани боз як парванда дар мавриди шиканҷа аз болои милиса дар вилояти Хатлон, пайдо шудани навори сӯҳбати маҳбуси собиқ Абдукарим Зоиров дар расонаҳо ва боздошти падари маҳбус Сунатулло Ризоев - Маҳмурод Одинаев буданд.
Ҳафтаномаи «Фараж» таҳти унвони «Парадокс: Кӣ ҳақ аст?» ва зерсарлавҳаи «Адвокат аз латукӯб шудан шикоят мекунад, муфаттиш инкор мекунад» (№28 (345), аз 10-уми июли соли 2013) гузоришеро ба табъ расонида, навиштааст: «Шӯҳрат Қудратов, собиқ ҳимоягари соҳибкори боздоштшуда Зайд Саидов ба хабарнигорон оид ба латукӯб шуданаш аз сӯйи яке аз кормандони Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон хабар дод».
Ин нашрия аз қавли худи адвокат Шӯҳрат Қудратов менависад, ки «Фирдавс Ниёзбадалов, як муфаттиш баъди яке аз мулоқотҳои ман бо Саидов, ба ман ҳарфҳои дурушт гуфт. Ва замоне, ки ман аз ӯ тақозо кардам, ки ин корро накунад, ӯ маро латукӯб кард. Баъд аз ин ҳодиса ман ба ШКД-и ноҳияи Фирдавсӣ ариза навиштам, ки аз тарафи корманди Оҷонсии мубориза бар зидди фасоди молӣ ва ҷиноятҳои иқтисодӣ таҳти ҳамла қарор гирифтам ва латукӯб шудам. Аз ташхиси духтурон ҳам гузаштам, варам ҳам дар тани ман дида мешуд. Аммо то ба ҳол ҷавоби аризаро нагирифтаам».
Аммо ба навиштаи ҳафтанома, Фирдавс Ниёзбадалов ин гуфтаҳоро рад карда, аз ироаи ҷузъиёти ҳодиса худдорӣ намудааст.
Ҳафтаномаи «Озодагон» низ дар ин боб сӯҳбати кӯтоҳеро бо номи «Қудратов: Ниёзбадалов дар шоҳидии Зайд Саидов маро таҳқир кард» (№27 (287), аз 10-уми июли соли 2013) ба нашр расонидааст. Адвокат Шӯҳрат Қудратов зимни мусоҳиба ба суоли хабарнигор дар мавриди чӣ гуна рух додани латукӯби ӯ чунин посух гуфтааст: «Ин ҳодиса баъд аз вохӯрии рӯ ба рӯ (очная ставка) бо соҳибкор Окушев (тоҷири қазоқистонӣ, ки аз болои Зайд Саидов шикоят кардааст) рух дод. Дар он вохӯрӣ ба ҷуз ман, муфаттиш Ниёзбадалов, Зайд Саидов, Окушев ва котиби дуюми сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон буданд. Меҳмонон баромаданд ва Фирдавс Ниёзбадалов дар шоҳидии Зайд Саидов маро таҳқир кард. Ман посух додам ва ӯ боз ҳам зиёдаравӣ кард. Ӯ гуфт: «Ту адвокати муттаҳам, ту аз пушти адвокатиат саратро мехӯрӣ. Дафъ шав аз кабинети ман!». Ман ба ӯ гуфтам: «Якумаш, ин кабинети ту нест, кабинети корӣ аст ва дуюм, ту худат маро наздат хондӣ, на ман». Баъд аз шунидани ин ҳарфҳо маро аз куртаам маҳкам кашиду берун баровард. Дигар тоқат карда натавонистам, аз худам дифоъ кардам. Кормандони Оҷонсӣ (Оҷонсии мубориза бо фасод) моро аз ҳам дур карданд. Ӯ маро зарба зад».
Ҳанӯз ин хабар кӯҳна нашуда, рӯзи 11-уми июли соли 2013 Хабаргузории «Азия-Плюс» иттилои дигарро таҳти унвони «Ҷавобгарии корманди милиса барои истифода аз шиканҷа» пахш кард. Ба навиштаи ин расона, корманди фаврии шӯъбаи ВКД ҶТ дар шаҳри Сарбанд Нусрат Ёдгоров ба истифодаи шиканҷа дар нисбати шаҳрванд Ҷӯрабек Сатторов, ки ба гумони дуздии ҳудуди 9 ҳазор сомонӣ маблағ боздошт гардидааст, айбдор карда мешавад.
Баъдан, дар заминаи ин хабар ҳафтаномаи «Тоҷикистон» бо номи «Айб аз Исою калтак ба Мӯсо» (№30 (1021), аз 25-уми июли соли 2013) мақолае ба табъ расонд.
- Ӯ шитоб дошт. Шояд мехост гунаҳгори ҷинояти шаб содиршударо ҳарчи зудтар муқаррар намуда, зиракию доноияшро дар назди сардору ҳамкоронаш нишон диҳад. Ҳамин бетаҳаммулӣ Нусрат Ёдгоров, корманди шӯъбаи кофтукови ҷиноии ШКД-и шаҳри Сарбандро ба роҳи хато бурд. Ӯ шахси бегуноҳ Ҷӯрабек Сатторовро дар содир кардани ҷиноят гумонбар дониста, ӯро ба милисахона бурда, азоб додаву мурданивор мезанад. Воқеа ин тавр рух дода буд. Шаби 30 ба 31-уми январ як гурӯҳ шахсони номаълум дохили дӯкони соҳибкор Хусрав Саидов гашта, аз он ҷо маблағи 8900 сомониро гирифта ғайб мезананд, - чунин оғоз шудааст мақолаи номбурда.
Дар сӯҳбат сардори шӯъбаи тафтиши парвандаҳои махсусан муҳими Прокуратураи вилояти Хатлон Музаффар Юсуфов ин хабарро тасдиқ карда, мегӯяд: «Нусрат Ёдгоров, корманди фаврии шӯъбаи кофтукови ҷиноии ШКД-и шаҳри Сарбанд дар охири моҳи январи соли ҷорӣ Ҷӯрабек Сатторов, сокини шаҳри Сарбандро ғайриқонунӣ ба шӯъбаи корҳои дохилӣ оварда ва гӯё ӯ аз дӯконе дар ин шаҳр дуздӣ карда бошад, мавриди латукӯб ва азияту шиканҷа қарор додааст».
Ба навиштаи ҳафтаномаи «Тоҷикистон», дар рафти тафтишот маълум карда шудааст, ки Ҷӯрабек Сатторов ҷиноят содир накарда, балки шахси дигаре дар ин кор даст доштааст, яъне «айбро Исо кардаву калтакро Мӯсо хӯрдааст». Бинобар ин, Прокуратураи вилояти Хатлон бо моддаи 143/1, яъне шиканҷа нисбат ба Нусрат Ёдгоров парвандаи ҷиноятӣ боз карда, айни замон Суди шаҳри Сарбанд онро мавриди баррасӣ қарор додааст.
Дар анҷоми мақола муаллиф аз вазъи ҳуқуқии кишвар ёдовар шуда, зикр мекунад: «Дар мавриди шиканҷа тайи чанд соли охир дар маҳбасҳою боздошти шахсони гумонбар ба ҷиноят аз ҷониби кормандони милитсия дар кишвар сарусадоҳои зиёде вуҷуд доранд. Ин дуввумин парвандаи марбут ба шиканҷа дар вилояти Хатлон ва Тоҷикистон пас аз ворид шудани ин банд ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон аст. Пештар як корманди милитсия дар ноҳияи Ёвон бо ин модда, яъне шиканҷа айбдор шуда буд. Ӯ ноболиғеро маҷбур мекунад, ки ҷиноятеро, ки содир накардааст, ба гардан гирад. Ноболиғ аз дӯғу пӯписаи милиса ва дар назди падару модар, дӯстон шарманда гаштанаш ба таҳлука афтода, худро ба ресмон овехта, аз ҷонаш гузаштанӣ шуд. Хушбахтона, модар аз ин огоҳ гашта, ҷигарбандашро аз коми марг раҳо дод. Суд милисаи шиканҷадеҳро аз озодӣ маҳрум карда буд, вале падару модари ноболиғ аз ҳукми суд норозигӣ баён карда, гуфтанд, ки нисбати ин низомии бенизом суд ҷазои сабукро раво дидааст. Тавре як манбаъ иттилоъ дод, парвандаи мазкур бори дуввум мавриди баррасӣ қарор дорад».
Шояд ин манбаъ, ки аз ӯ ном гирифта нашудааст, боз ҳам Хабаргузории «Азия-Плюс» бошад. Оҷонсӣ рӯзи 25-уми июли соли равон хабаре бо номи «Дар ҷануби Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оид ба шиканҷа бознигарӣ мешавад» пахш кард, ки дар он гуфта мешавад: «Суди ноҳияи Ёвон 24-уми июл баррасии дубораи парвандаи собиқ нозири минтақавӣ Машраф Алиевро, ки бо ҷурми шиканҷа нисбат ба як ноболиғ айбдор дониста мешавад, оғоз кард. Аммо дар рафти мурофиа раисикунандаи суд Иброҳим Қурбонов бо дархости ҳимоятгари судшаванда худро аз баррасии парванда канор гирифт. Вакили мудофеи судшаванда Акбар Ҳасанов бовар дорад, ки парвандаи мазкур набояд дубора дар Суди ноҳияи Ёвон баррасӣ шавад, чунки ба андешаи ӯ, суди мазкур дар содир шудани ҳукми одилона манфиатдор нест».
Ҳамзамон аз он ёдоварӣ мешавад, ки сокини ноболиғи деҳаи Кулободи ҷамоати Чоргули ноҳияи Ёвон 29-уми апрел дар манзили истиқоматиаш дар ҳоли худро ба дор овехтан пайдо карда шуд. Наздиконаш писарбачаро аз банд берун оварда, дар ҳолати вазнин ба беморхона бурданд. Тафтишот муайян сохт, ки чанде қабл корманди милисаи маҳаллӣ бо гумони даст доштан дар дуздӣ, ӯро ба утоқи кориаш даъват намуда, писарбачаро таҳқиру дашном дода, ба хотири гирифтани гувоҳии иқрорӣ латукӯб кардааст. Бино ба маълумоти тафтишот, ноболиғ баъд аз муносибати дағалонаи корманди милиса даст ба худкушӣ задааст.
- 7-уми сентябри соли 2012 Додгоҳи ноҳияи Ёвон Машраф Алиевро гунаҳкор дониста, ба 7 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум кард. Аммо Додгоҳи вилояти Хатлон дар асоси эътирози раиси Суди Олии ҶТ ҳукми додгоҳи Ёвонро бекор кард, зеро ба ақидаи ӯ, ҳукм нисбат ба Машраф Алиев сабук аст. Бо назардошти эътирози мазкур парвандаи ҷиноятӣ ба тафтиши дубора фиристода шуд, - менависад «Азия-Плюс».
Аммо бояд зикр кард, ки дар дигар минтақаҳои кишвар низ сарусадо атрофи қазияҳои марбут ба шиканҷа ба гӯш мерасанд. Масалан, радиои «Озодӣ» рӯзи 22-юми июл хабаре таҳти унвони «Мурофиаи афсари пулис бо иттиҳоми шиканҷа» пахш кард, ки дар он гуфта мешавад: «Додгоҳи шаҳри Чкалов муҳокимаи парвандаи як корманди пулиси Исфараро бо иттиҳоми шиканҷа идома медиҳад».
«Озодӣ» бо истинод ба иттилои додситони вилояти Суғд Шариф Қурбонов гуфтааст, ки Азимулло Азимов, сардори бахши кофтукови ҷиноии шӯъбаи корҳои дохилии шумораи 1-и Исфара мутобиқи се банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - банди 143 - “шиканҷа”, 316 - “баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва 358 - “ғайриқонунӣ дастгир ва ҳабс намудан” ба ҷавобгарӣ кашида шудааст. Ба гуфтаи ӯ, таҳқиқи ин парванда анҷом ёфта, муҳокимааш ҳудуди як моҳ инҷониб дар додгоҳи Чкалов идома дорад.
Гуфта мешавад, ки Азимулло Азимов моҳи декабри соли гузашта як сокини 30-солаи Исфараро ғайриқонунӣ боздошту латукӯб карда ва дар натиҷа, дастгиршуда ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, ба додситонӣ шикоят бурдааст.
Зимнан, нашрияи «Азия-Плюс» гузориши дигареро таҳти унвони «Сарфи назар аз шикоят оид ба шиканҷа, се нафар равонаи зиндон шуданд» (№56 (841), аз 25-уми июли соли 2013) ба табъ расонд, ки дар он аз ҷумла омадааст: «Суди ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ се тан сокинони ноҳияи Панҷро бо ҷурми даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир равонаи зиндон кард».
Чӣ тавре ки ҳимоятгари яке аз маҳкумшудагон Рустам Давлатшоев ба «Азия-Плюс» хабар додааст, суд Шерхан Тағаев, Алиҷон Валиев ва Далер Зоҳидовро тибқи моддаи 200, қисми 3, банди «в,г» (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан)-и Кодекси ҷиноятии ҶТ гунаҳкор дониста, Тағаевро ба мӯҳлати 9 сол, Валиевро 8,5 сол ва Зоҳидовро ба 8 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум кардааст.
Айбдоркунандаи давлатӣ Азизбек Қаршиев зимни суханрониаш дар баррасии додгоҳӣ гуфтааст, ки чи дар рафти тафтишоти пешакӣ ва чи дар ҷараёни мурофиаи судӣ гуноҳи ҳар се нафар судшавандаҳо пурра исботи худро ёфт: «Муфаттишон дар доираи қонун тамоми амалиёти лозимаи тафтишотиро гузарониданд ва он чизе, ки гӯё онҳоро мавриди латукӯб қарор дода бошанд, асоси воқеӣ надорад. Хулосаи ташхиси судӣ-тиббие, ки тарафи ҳимоя мегӯяд, бар асоси он ҳолати латукӯб шудани судшавандаҳо асос дорад, нодуруст аст. Шояд онҳо то боздошташон латукӯб шуда, ҷароҳат бардошта бошанд».
Аммо вакили мудофеъ Рустам Давлатшоев ҳукми судро ноодилона хонда, гуфтааст: «Мо нисбат ба ҳукми Суди ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ба суди болоӣ шикоят хоҳем кард, зеро ин ҳукм дар нисбати ҳимояшавандаам Далер Зоҳидов ноодилона аст. Дар рафти тафтишоти судӣ гуноҳи зерҳимояи ман тасдиқи худро наёфт. Тафтишоти пешакӣ ягон далелро пешниҳод накардааст, ки айбдории ӯро тасдиқ созад. Тафтишот як баёноти худиқрории маҳкумшудагонро асос дониста, парвандаро ба суд ирсол кардааст, ки ин мувофиқи Кодекси мурофиавии ҷиноятии ҶТ ғайриқонунист. Баёноти худиқрорӣ наметавонад асос барои гунаҳкор донистани шахс бошад, агар айбдории ӯ бо дигар далелҳо исбот карда нашавад. Тафтишоти парвандаи номбурда бо вайрон намудани КМҶ ба анҷом расонида шудааст. Баёноти худиқрории маҳкумшудагон бо роҳи латукӯб ва шиканҷа гирифта шудааст. Хулосаи ташхиси судӣ-тиббие, ки дар парванда омадааст, далели мавриди шиканҷа қарор гирифтани зерҳимояи ман аст. Дар он зикр шудааст, ки нишонаҳои латукӯб дар бадани Далер Зоҳидов мушоҳида мешавад. Мувофиқи ин хулоса, мӯҳлати пайдоиши ин захмҳо ба рӯзи боздошти Далер рост меояд».
Ҷобир Зоҳидов, падари Далер бошад, дар сӯҳбат бо хабарнигор воқеаро чунин нақл кардааст: «Рӯзи 30-юми апрел фарзандамро боздошт карда, ба ШКД-и ноҳияи Панҷ бурданд. Баъд аз чанд лаҳзаи дохили бино бурдани писарам овози доду фарёди ӯ ба хубӣ шунида мешуд ва маълум буд, ки ӯро мавриди латукӯб қарор дода истодаанд. Ман дигар чӣ кор карданамро надониста, ба ҳама тараф давидам. Назди навбатдори ШКД рафтам. Онҳо ба ман мегуфтанд, ки кормандони дигар шӯъба ҳастанду ба касе иҷозаи даромадан намедиҳанд. Милисаҳо баёноти писари маро бо истифода аз латукӯб ва азобу шиканҷа гирифтаанд. Дар рафти мурофиаи судӣ Далер рӯйрост гуфт, ки вақте латукӯб мекарданд, аз онҳо хоҳиш кардам, ҳар чизеро гӯед, имзо мекунам, фақат ба сарам назанед, ки нав табобат гирифтаам ва сарам дардманд аст».
Ин далелҳо аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки фаъолияти кормандони ҳифзи ҳуқуқ имрӯз то андозае зери суол рафтааст. Ҳамин аст, ки дар нишасти ахири матбуотии худ вазири корҳои дохилии кишвар Рамазон Раҳимов низ дар мавриди бархе аз онҳо эрод гирифт. Рӯзномаи «ИмрӯзNews» аз ин нишаст ҳисоботи муфассале таҳти унвони «Вазир дағалгуфториву бадмуомилагии зердастонашро медонад» (№124 (663), аз 18-уми июли соли 2013) ба нашр расонид. Ба навиштаи ин рӯзнома, Рамазон Раҳимов зимни нишаст аз сатҳи пасти дониши назариявӣ ва касбии кормандону то ҳол ҷой доштани ҳолатҳои аз ҷониби онҳо содир шудани ҷиноят изҳорӣ нигаронӣ кардааст.
- Дар рафти дастгиркунӣ ва тафтишот азобу шиканҷа нисбати гумонбаршудагон ҳанӯз ҳам ба чашм мерасад. Муоширати нодуруст, дағалгуфторӣ ва бадмуомилагӣ бо шаҳрвандон аз ҷониби бисёре аз кормандон, бахусус, кормандони хизмати берунаро пайваста мушоҳида кардан мумкин аст. Танҳо дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи 23 нафар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ 25 ҷиноят содир шудааст. Аз он ҷумла, 8 ҳолати гирифтан ва додани пора, 7 ҳолати қаллобӣ, 4 ҳолати сӯйистифода аз ваколатҳои мансабӣ, 4 ҳолати баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ, 2 ҳолати шиканҷа, - гуфтааст вазир.
Бояд зикр кард, ки масъалаи шиканҷа дар моҳи июли соли равон аз назари Додситонии кул ҳам дур намонд. Радиои «Озодӣ» рӯзи 22-юми июл хабаре бо номи «158 парванда алайҳи кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар 6 моҳ» пахш кард, ки дар он аз ҷумла ин суханони прокурори генералӣ Шерхон Салимзода иқтибос шудааст: «Дар нимаи нахусти соли ҷорӣ 6 мавриди муроҷиат дар бораи вуҷуди шиканҷа ба мақомоти додситонӣ сурат гирифтааст. Аз ин 6 маврид 3 мавридаш тасдиқ ва нисбати 3 муроҷиат парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, ки дуи он ба шиканҷа ва яке ба берун шудан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ дахл дорад. Феълан ду парванда нисбат ба маъмурони пулис дар додгоҳ баррасӣ мешавад».
Тавре дар оғоз зикр карда будем, яке аз мавзӯъҳои пурсарусадо дар мавриди шиканҷа боздошти падари як нафар маҳбус аст. Ҳафтаномаи «Самак» бо чопи гузориши васеъ таҳти унвони «Боздошти падари маҳбус Сунатулло Ризоев» (№31 (91), аз 31-уми июли соли 2013) дар мавриди аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд дастгир шудани Маҳмурод Одинаев, падари Сунатулло Ризоев, яке аз ду маҳбусон - шоҳидони марги Ҳамза Икромзода дар маҳбаси рақами 1-и шаҳри Душанбе, ки мурофиаи судиашон дар Хуҷанд оғоз шуда буд, хабар додааст.
Ин нашрия назари бародари Ҳамза Икромзода - Амиралӣ Икромзодаро манзури хонандагон кардааст, ки мегӯяд: «Мо барои иштирок дар суд, ки бояд имрӯз дар СИЗО баргузор мешуд, меомадем. Судро то рӯзи сешанбеи ҳафтаи оянда мавқуф гузоштанд. Мо дар таваққуфгоҳи нақлиётии СИЗО истода будем, ки кормандони мақомот омаданд. Яке аз онҳо гуфт, ки сардори шӯъбаи 6-уми Раёсати корҳои дохилӣ аст. Дастони Маҳмурод Одинаевро тоб дода, маҷбуран ба мошин савор карданд ва ба прокуратура бурданд».
Нашрия ҳамзамон ёдовар шудааст, ки Маҳмурод Одинаев баъди интиқол ёфтани писараш ба Хуҷанд, ба фаъолияти ҷамъиятии зидди шиканҷа шурӯъ карда, раиси Кумитаи ҷамъиятии зидди шиканҷа дар боздоштгоҳ ва муассисаҳои ислоҳии назди Эътилофи демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон мебошад.
- Сунатулло Ризоев ва Садриддин Тошев, ки аксу наворҳои видеоии шиканҷа шуданашон ба расонаҳо роҳ ёфт, ба сохтакории далелҳои айбдоркунӣ ва номураттабсозии фаъолияти маҳбас муттаҳам мешаванд. Онҳо мегӯянд, ки баъди шоҳидӣ додан дар қазияи Ҳамза Икромзода мавриди шиканҷа қарор гирифта, сабаби ба Хуҷанд интиқол ёфтанашон низ ҳамин нишондодашон будааст, ки гуфтаанд медонанд, ки маҳбус дар натиҷаи латукӯби зиёд фавтидааст, - навиштааст ин ҳафтанома дар анҷом.
Рӯзномаи «ИмрӯзNews» ҳам гузоришеро аз торнамои «Озодӣ» таҳти унвони «Омбудсмен: Навори «шиканҷа» дар зиндон»-ро дар Интернет дидем» (№132 (671), аз 30-юми июли соли 2013) бознашр карда, менависад: «Дафтари ваколатдори ҳуқуқи башари Тоҷикистон тавассути корманди ин ниҳод ба Маҳмурод Одинаев, падаре яке аз зиндониён, дастрас шудани навори шиканҷаи маҳбусонро рад кард. Хадамоти матбуоти омбудсмен Зариф Ализода дар як нома, ки рӯзи 29-уми июл ба «Озодӣ» расид, навиштааст, даъвои Маҳмурод Одинаев, ки мегӯяд навору аксҳои маҳбусони шиканҷашударо аз корманди ин ниҳод гирифтааст, воқеият надорад».
Ба навиштаи рӯзнома, Азиз Солиев, сухангӯи омбудсмен, ба «Озодӣ» гуфтааст, ки корманди ин ниҳод бар асоси муроҷиати Эътилофи созмонҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа рӯзҳои 26-28-уми ноябри соли 2012 маҳбаси рақами ЯС 3/3-и Хуҷандро санҷида буд. Аммо дар рафти ин санҷиш, ки як табиб ҳам иштирок доштааст, даъвоҳо дар мавриди шиканҷа ва латукӯб шудани маҳбусон тасдиқ нашудааст. Ҳамчунин, Солиев афзудааст, ки ҷараёни ин санҷиш наворбардорӣ нашуда буд ва омбудсмен аз наворе, ки осори шиканҷаи маҳбусон ва нақли онҳоро дар ин бора намоиш медод, аз Интернет огоҳӣ ёфтааст.
Аммо, ба иттилои рӯзнома, Маҳмурод Одинаев пойфишорӣ дорад, ки навори нишонаҳои шиканҷаи маҳбусон ва чанд акси изи латукӯб дар бадани маҳбусонро аз корманди омбудсмен баъд аз санҷиши маҳбас гирифтааст.
- Дар додситонии махсуси Хуҷанд таҳти фишор хостанд дар бораи он, ки гӯё навори шиканҷаи маҳбусонро ман дар Интернет паҳн карда бошам, баёноти бардурӯғ нависам… Барои он нисбат ба ман чунин амалҳои мухолифи қонунро раво мебинанд, ки барои ҳимоят аз ҳуқуқи фарзанди шиканҷадидаи маҳбусам ва дигар зиндониёни ҳуқуқашон зери по гашта садо баланд кардам, - гуфтааст М. Одинаев.
Вале додситонии назорати муассисаҳои ислоҳии Суғд иҷборан ба бозпурсӣ бурдани ӯро қонунӣ медонад ва мегӯяд, ки дар бораи даст доштани Одинаев дар паҳн кардани навори шиканҷа нишондоду мавод дар даст дорад.
Лозим ба ёдоварист, ки қаблан, 26-уми июли соли 2013 торнамои Би-би-сӣ бо пахши хабаре таҳти унвони «Марди муттаҳам ба нашри видеои шиканҷа аз боздошт фирор кард» навишта буд: «Падари зиндоние, ки чанде пеш ба иттиҳоми интишори видеои шиканҷаи зиндониён дар Хуҷанд боздошт шуда буд, пас аз «шиканҷа шудан» аз боздошт фирор кардааст. Маҳмуроди Одина, падари Сунатулло Ризоев, ки дар додгоҳе дар Хуҷанд муҳокима мешавад, дар сӯҳбате телефонӣ ба Би-би-сӣ гуфт, ки пас аз чаҳору ним соати "боздошти ғайриқонунӣ ва рафтори ғайриинсонӣ" бо ӯ тавонистааст аз идораи додситонии вижа дар Хуҷанд фирор кунад. Оқои Одина мегӯяд, ки масъулони додситонӣ нисбат ба ӯ шиканҷа ва бадрафторӣ карда ва мехостанд ӯро водор ба додани гувоҳии бардурӯғ ба нафъи мақомоти зиндон ва додситонӣ кунанд. Вай афзуд, ки дар идораи додситонии вижа дар Хуҷанд ӯро Нусратулло Махсатуллоев, додситони аршади додситонии вижа ва муфаттиш Парвиз Қосимов мавриди бозпурсӣ қарор додаанд».
Ҳамзамон хабаргузории «Озодагон» рӯзи 27-уми июл хабаре бо номи «Падари маҳбус: Маро шиканҷа карданд, то бигӯям, шиканҷа нест» пахш кард, ки он инчунин аксе ғалатиро дар бар дошт. Дар шарҳи он акс чунин навишта шудааст: «Ин аксро ҳамроҳони Маҳмурод Одинаев бардоштаанд. Акс дар лаҳзае бардошта шудааст, ки ӯро бо зӯрӣ ба мошин савор карда, барои бозпурсӣ мебурдаанд».
Падари маҳбуси Хуҷанд Маҳмурод Одинаев дар ҳоле аз бегуноҳиву шиканҷа шудани фарзанди худ ҳарф мезанад, ки як нафар маҳбуси собиқ низ аз писари ӯ ҷонибдорӣ мекунад. Дар ин маврид Оҷонсии иттилоотии TojNews рӯзи 27-уми июл сӯҳбати видеоӣ пахш кардаву дар шарҳаш навишт: «Абдукарим Зоиров, собиқ маҳбуси тоҷик, ки дар муассисаҳои гуногуни ислоҳии Тоҷикистон 13 сол аз озодӣ маҳрум буд, дар бораи фактҳои шиканҷа, сабаб ва омилҳои он нақл кард».
Дар сӯҳбат ин маҳбус аз ҷумла дар бораи шиканҷа шудани Сунатулло Ризоев, маҳбуси муассисаи ислоҳии №1-и пойтахт, ки баъди шоҳидӣ додан дар қазияи марги Ҳамза Икромзода дар ҳамин маҳбас ба Хуҷанд интиқол ёфта, ҳоло бо гумони сохтакории далелҳои айбдоркунии масъулини маҳбас муттаҳам мешавад, сухан гуфтааст.
- Абдукарим Зоиров ҳоло дар озодӣ аст. Вай пешниҳоди моро дар бораи он, ки барои ҳифзи амнияти ӯ чеҳрааш дар навори видеоӣ намоиш дода нашавад, рад карда, гуфт, мехоҳад ҳақиқати ҳолро баъди 13 соли зиндон ба ҷомеаи Тоҷикистон, бахусус масъулини мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва созмонҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи инсон расонад, - навиштааст TojNews.
Воқеан, имрӯз таваҷҷӯҳи созмонҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсон ба масоили шиканҷа назаррас менамояд ва боиси рӯи саҳифаи ВАО омадани фаъолияти онҳо мегардад. Масалан, радиои «Озодӣ» пештар, рӯзи 3-юми июли соли ҷорӣ гузоришеро таҳти унвони «AI: Дар Тоҷикистон боздоштшудаҳо ҳамоно шиканҷа мешаванд» пахш кард.
- Amnesty International дар гузориши тозаи худ, ки рӯзи чаҳоршанбе, 3-юми июл нашр шуд, дар робита ба Тоҷкиистон ба далелҳои фаровони шиканҷа ва дигар навъҳои бадрафторӣ аз сӯи афсарон ва нозирони маҳбасҳо ба хотири дарёфти иқрори боздоштшудаҳо ишора кардааст, ки як сол пеш дар гузориши вижа ба думболи сафари гурӯҳи масъулини ин созмон ба ин кишвар оварда шудаанд. Гузоришгари вижаи СММ аз “фишор болои боздоштшудаҳо ба хотири дарёфти иқрори онҳо, таҳдид, латукӯб (бо мушту бо лагад ва бо асбобҳои вазнин), гоҳ-гоҳ истифода бурдан аз ноқилҳои барқ” ёдовар шуда, гуфта буд, ки ин гуна бадрафторӣ пайваста рӯй медиҳад ва барои аз байн бурдану коҳиш додани он вақт ва талошҳои зиёд заруранд. Муаллифон навиштаанд, ки мавзӯи шиканҷа дар маҳбасу боздоштгоҳҳои Тоҷикистон моҳи ноябри соли гузашта дар Кумитаи оид ба шиканҷаи СММ ҳам баррасӣ шуд. Дар он нишаст гуфта шуд, ки латукӯби гумонбарон ба хотири иқрор кардани гуноҳашон соатҳои аввали боздошт шуданашон дар идораи полис ва ҳамчунин то мурофиаи додгоҳӣ дар боздоштгоҳии Кумитаи амнияти давлатӣ ва Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккил сурат мегирад. Муаллифон навиштаанд, ки баъд аз соли 2010, аз ҷумла баъди ба Кодекси ҷиноӣ ворид кардани муҷозот барои шиканҷа сатҳи азобу азияти боздоштшудаҳо каме пойин рафт. Аммо ахиран Авфи байнулмилал далелҳои нави шиканҷа ва бадрафторӣ алайҳи кӯдакон, пиронсолон ва шоҳидон дар парвандаҳои ҷиноиро дастрас намуд. Ин ҳама баёнгари он аст, ки шиканҷа ба мушкили доимӣ дар Тоҷикистон табдил шудааст, навиштаанд муаллифон ва афзудаанд, “ҳарчанд, ки моҳи сентябри соли 2012 як корманди полисро барои шиканҷаи боздоштшуда маҳкум ба зиндон карданд, фазое, ки дар он кормандони полису нозирони муҷрим худро амн эҳсос мекунанд, боқӣ мондааст”. Дар бисёр ҳолатҳо одамон аз шикоят бурдан алайҳи афроде, ки онҳо ё пайвандонашонро шиканҷа кардаанд, парҳез мекунанд, зеро аз интиқоми он афрод ҳарос доранд. Ҳамчунин, омадааст дар гузориш, ба пояи қонун баёнот ё иқроре, ки бар асари шиканҷа ба даст омадааст, бояд ботил шавад, аммо соли гузашта ягон ҳодисаи аз сӯи додрасҳои додгоҳ лағв шудани ин гуна баёнот ба чашм нарасид, - навиштааст «Озодӣ».
Бояд зикр кард, ки имсол низ ҳисоботи ҷониби Тоҷикистон дар Женева шунида шуд. Нашрияи «Азия-Плюс» гузориши муфассале таҳти унвони «СММ аз Тоҷикистон дар бораи шиканҷа ва лағви ҳукми қатл пурсид» (№52 (837), аз 11-уми июли соли 2013) ба табъ расонида, оид ба шунидани ҳисоботи ҷониби Тоҷикистон, ки 9-уми июл дар Женева, дар конфронси Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ сурат гирифта буд, иттилоъ дод.
Ба навиштаи рӯзнома, дар ҷамъомад аъзои Кумитаи ҳуқуқи инсон ба масъалаи шиканҷа ва набудани иттилои дақиқ дар бораи далелҳои шиканҷа дар Тоҷикистон, шумораи маҳбусони ҳангоми боздошт фавтидаву норӯшан мондани сабабҳои марги зиндониён таваҷҷӯҳи хоса зоҳир кардаанд. Аммо бо мутолиаи куллии мавод, ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки масъулони Тоҷикистон натавонистаанд дар мавриди шиканҷа посух бигӯянд.
Гузорише, ки рӯзи 10-уми июл радиои «Озодӣ» бо номи «Нигоҳҳо аз Душанбе ба баҳси Тоҷикистон дар СММ» пахш кардааст, далели ин гуфтаҳост.
- Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ баҳси гузориши Тоҷикистон дар Кумитаи ҳуқуқи башари СММ-ро аз Душанбе тамошо карданд. Вақте дар экрани бузург сӯҳбатҳои ҳайати Тоҷикистон дар Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милал дар Женева ба таври мустақим намоиш дода мешуд, чеҳраи бархе аз намояндагони ҷомеаи маданӣ дар толори "Гулистон-тур” дар Душанбе тира мешуд. Гоҳе нидоҳое низ баланд мегашт, махсусан вақте ки ҳозирон омору арқоми гуфтаи намояндагони давлатро зери суол мебурданд… Сергей Романов, раҳбари Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон, дар сӯҳбат бо радиои «Озодӣ» гуфт, «дар ин баҳс аксари посухҳо бо такя ба қонунгузории кишвар дода шуданд, дар ҳоле, ки имрӯз мушкили аслӣ дар заминаи татбиқи ҳамин қонунҳост. Ҳамчунин, ман мунтазири он будам, ки дар мавриди шиканҷа ва вазъи зиндонҳои кишвар маълумоти бештар дода мешавад, чунки ҳоло ин аз мавзӯъҳои доғи ҷомеа аст. Мутаассифона, ягон иттилои комилро дар ин замина аз намояндагони давлат нашунидам ва умедворам, ҳамкорони ман, ки ҳоло дар Женева қарор доранд, тавонистанд ба аъзои кумита моҳияти ин масъаларо расонанд ва дар навбати худ кумита дар хулосаҳои тавсиявии худ воқеияти ҳолро инъикос мекунад, -навиштааст ин расона.
Аммо сарфи назар аз ин ҳама, ҳоло ҳам мушоҳида мешавад, ки созмонҳои байналмилалӣ бо истифода аз роҳҳову санадҳои мухталиф барои пешгирӣ кардани ҳолатҳои шиканҷа фаъоланд. Таври мисол, Оҷонсии иттилоотии «Азия-Плюс» рӯзи 19-уми июл бо пахши гузориши муфассал таҳти унвони «Ҷуброни зарар воситаи муассири барқарорсозии ҳуқуқҳои ҷабрдидагон аст» ба санадҳои байналмилалӣ такя карда, дар марҳилаи кунунӣ созмон додани гурӯҳи корӣ дар назди Шӯрои адлияи ҶТ оид ба масоили таъмини ҷуброни зарар, инчунин омода кардани қарори нав дар пленуми Суди Олии ҶТ вобаста ба ҷуброни зарарро амри зарурӣ донистааст.
- Ҳар як кишвари узви Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ӯҳдадор аст усули муассири ҳимояти ҳуқуқиро барои он шахсоне таъмин кунад, ки ҳуқуқ ва озодиашон поймол шудааст. Дар ин замина пешниҳоди ҷуброни зарар яке аз воситаҳои асосии ҳифзи ҳуқуқи ҷабрдидагон мебошад. Моддаи 9-и Паймони байнулмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, ки Тоҷикистон онро пазируфтааст, чунин муқаррар мекунад: «Ҳар фарде, ки гирифтори ҳабси ғайриқонунӣ шудааст, ҳуқуқи рӯёнидани ҷубронро дорад». Ҳамин гуна талабот дар моддаи 14-и Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф низ ҷой дода шудааст: «Ҳар як Давлати узв дар системаи ҳуқуқии худ таъмин мекунад, ки ҷабрдидаи шиканҷа ҷуброн гирад ва ба талофии одилона ва муносиби қонунан муқарраршуда ҳақ дошта бошад, аз ҷумла, маблағ барои офияти (реабилитатсияи) пурратар. Дар сурати марги ҷабрдида дар натиҷаи шиканҷа ҳуқуқ ба талофӣ ба нонхӯрони ӯ дода мешавад», - омадааст дар гузориши ин хабаргузорӣ.
Зимнан, торнамои NoTorture.Tj низ рӯзи 25-уми июл хабаре бо номи «Дар Тоҷикистон лоиҳаи «Ҷанбаҳои ҳуқуқии дастрасӣ ба иттилоот» амалӣ мешавад» пахш кардааст.
- Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон» аз моҳи июли соли ҷорӣ бо дастгирии молиявии Бунёди миллии дастгирии мардумсолорӣ (NED) амалисозии лоиҳаи «Ҷанбаҳои ҳуқуқии дастрасӣ ба иттилоот»-ро оғоз кард. Мусоидат ба намояндагони созмонҳои аъзои Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон ва кормандони ВАО барои ба даст овардани иттилооти дорои аҳамияти ҷамъиятӣ ва маълумот дар бораи фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ мақсади асосии лоиҳаи мазкур мебошад, - навиштааст торнамои NoTorture.Tj.