Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
29-30-юми марти соли 2018 гуруҳи мониторингӣ аз МИ ЯС 3/9 СРИҶҶ Вазорати адлия, мустақар дар ноҳияи Дўстии вилояти Хатлон дидан намуд. Мониторинг бидуни огоҳсозии пешакӣ гузаронида шуд. Дар ҳайати гуруҳи мониторингӣ дунафарӣ намояндагони идораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дохил буданд.
Рўзи якуми боздиди гуруҳи мониторингӣ ҳамзамон санҷиши колонияи мазкур аз ҷониби муовини сардори СРИҶҶ ВА ҶТ, генерал-майор Футуров Ҷумахон гузаронида шуд.
Дар ин муассиса 400 нафар нигоҳ дошта мешаванд, ки аз онҳо 3 нафарашон занҳоянд.
Ҳангоми гузаронидани мониторинг шумораи маҳбусони дар ҳудуди колония ҳузурдошта 25 нафар буд. 10 маҳбуси дигар дар хоҷагии деҳқонӣ (5-7 километр дур аз колония) кор мекарданд.
Дар рафти мониторинг бо сардор ва 5 корманди МИ суҳбат гузаронида шуд. Инчунин, 10 нафар марди дар МИ нигоҳдоришаванда (дар ҳудуди колония занҳо набуданд) пурсида шуданд.
Касе аз нафарони дар МИ нигоҳдоришаванда аз истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона аз ҷониби кормандони колония шикоят накард.
Дар посух ба суоли вобаста ба имкониятҳои шикоят аз амали маъмурият 2 нафар аз шумори 10 нафари пурсидашуда гуфтанд, ки намедонанд аз болои амали ғайриқонунии маъмурият чи гуна шикоят кунанд. 8 нафари дигар изҳор доштанд, ки ҳатман шикояти хаттӣ навиштан лозим аст.
Ба гуфтаи маҳбусон, ҳолатҳои шиканҷа вуҷуд надошт, зеро қариб 90%-и маҳбусон дар МИ тибқи шартнома қарор доранд.
Маҳбусон зикр намуданд, ки онҳоро ба кор дар хоҷагии деҳқонӣ ҷалб мекунанд. Ҳар моҳ барои меҳнаташон 352-сомонигӣ мегиранд. Дафтарчаи меҳнатӣбарои онҳо истифода намешавад.
Дар МИ тахтаи иттилоотӣ бо ҳуқуқу уҳдадориҳои маҳбусон мавҷуд аст, вале маълумот танҳо бо забони русӣ пешниҳод шудааст.
Дар колония 4 видеокамераи назоратӣ насб карда шудааст.
Акс аз: i.ytimg.com