Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
24-уми июл аз оғози амалиёти махсуси низомӣ дар шаҳри Хоруғ як сол сипарӣ мешавад. Ин амалиёт баъд аз куштори сардори раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, генерал Абдулло Назаров сурат пазируфт.
Rustam Mengliev from AsiaPlus on Vimeo.
Имрӯз вазири адлияи ҶТ Рустам Менглиев зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки дар ҷараёни амалиёти низомии Хоруғ 41 нафар ба ҳалокат расидаанд. Вай афзуд: «Вобаста ба масъалаи Хоруғ суоли асосие, ки дар Женева (10-уми июли соли ҷорӣ зимни баррасии гузориши дуввуми давраии давлати Тоҷикистон дар робита ба иҷрои Паймони байнулмилалии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ - тавзеҳи «Азия-Плюс») бардошта шуд, ин теъдоди шахсони фавтида буд. Дар гузоришҳо ва маълумоте, ки Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ дошт, гӯё беш аз 100 нафар дар амалиёти Хоруғ фавтида бошанд. Дар Женева намояндагони прокуратураи генералӣ ҳам дар ҳайти мо буданд. Мо иброз доштем, ки ба ғайр аз 18 нафар сарбозону кормандони ҳукуматӣ, боз 23 нафар аҳолӣ дар он ҷо фавтидааст. Аз аҳолии осоишта 1 нафар бо тири дайду ва як нафар аз сактаи дил вафот кардааст. Баъдан ман дар расонаҳо дидам, ки гӯё ин чандон дуруст набошад. Мо аз мақомоти сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пурсон шудем, зеро шаҳодатномаи вафотро ин мақомот медиҳад. То имрӯз 18 нафар шаҳодатномаи вафот гирифтаанд ва аз ин теъдод 17 нафарашон бо сабаби захми тир нишон дода шудааст аст ва як нафарашон сактаи дил. Ин рақамҳои мо бо арқоми пешниҳодкардаи прокуратураи генералӣ тақрибан мувофиқ аст. Бояд гӯем, ки санҷиши ҳодисаҳои Хоруғ ба итмом нарасидааст ва идома дорад».
Пиромуни ҳодисаҳои Хоруғ ва пайомадҳои он хабарнигори «Азия-Плюс» назари сиёсатмадорону коршиносон - раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ Сайфулло Сафаров, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳаммадалӣ Ҳайит ва коршиноси масоили амниятиву ҳарбӣ, корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ Маҳдӣ Собировро пурсон шуд.
Khorugh korshinoson from AsiaPlus on Vimeo.