Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Суди ҳарбии гарнизони Душанбе баррасии парвандаи қурбонии бадрафторӣ Мақсуд Носировро ҷамъбаст кард.
Баррасикунандаи ин парванда судя Лоиқзода Наҷмуддин Абдураҳим 28-уми сентябр дархости наздикони Мақсуд Носировро оид ба рўёнидани ҷуброни зарари маънавӣ дида баромада, ҳаҷми ҷубронро 2000 сомонӣ муайян кард.
Адвокати Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон Дилшод Ҷӯраев изҳор дошт, ки бо қарори суд розӣ набуда, баъди гирифтани ҳалномаи суд ба Коллегияи суди ҳарбии Суди Олӣ шикоят мебарад.
Нафиса Юнусова, равоншиноси тоҷик, ки ҳаҷми зарари маънавӣ тибқи хулосаи ӯ муайян гардидааст, дар суҳбат бо мо санаи 27-уми сентябр гуфт: "Умуман, суд зарари маънавиро қабул ва муайян мекунад ё не, ман аз рўи таҷрибаи кориам баҳо мегузорам. Аз рӯи таҷриба баҳои зарари маънавӣ бар зиммаи равоншинос гузошта мешавад. Ман махсус рӯзи 27-уми сентябр дар мурофиа зикр кардам, ки ҳодиса соли 2014 буд ва ташхиси судии ман баъди 2 сол гузаронида шуд, лекин баъд аз ду сол зарбаи равоние, ки одам гирифт, ҳамон зарба бо ҳамон қувваташ боқӣ мондааст. Барои инсон албатта ин бисёр бад аст, ки дар муддати ду сол ҳолати руҳияш барқарор нашуд".
Ҳамчунин, ин равоншиноси тоҷик зикр кард, ки «судя пешниҳоди маро шунид ва умедворам, барои барқарории ҳолати равонии Мурот Носиров талаби зарари маънавӣ аз ҷониби суд дастгирӣ меёбад».
Бояд гуфт, адвокат Дилшод Ҷўраев ќаблан иттилоъ дода буд, ки аввали моҳи июли соли ҷорӣ бо аризаи даъвогӣ оид ба рӯёнидани зарари маънавӣ ба суд муроҷиат карда шудааст, то 429 ҳазору 400 сомонӣ аз ҳисоби Сарраёсати қўшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида шавад. Ӯ ҳамчунин изҳор дошта буд, ки “мо интизор дорем талаботи даъвогиямон бо назардошти он зарари маънавӣ, ки ба даъвогар расонида шудааст, ба таври пурра аз ҷониби суд қонеъ карда мешавад. Ман чунин мешуморам, ки талаботи мо ба принсипи оқилонаву одилона ҷавобгӯ мебошад”.
Мурот Носиров, падари Мақсуд Носиров њам гуфта буд, ки “зарари моддию маънавиро ман талаб дорам, чизи дигаре не, ҳақиқат будагист. Ба суд бовар мекунам. Адолат будагист”.