Хешовандон аз муҷозоти афсари масъули марги фарзандашон қонеъ нестанд

Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе як афсари нирӯҳои марзбониро дар пайи марги сарбози қаторӣ Ҷаҳонгир Қурбонов ба 9 соли ҳабс маҳкум кард. Ҳукми Ёрибек Саидов рӯзи 28 март дар бинои Додгоҳи олии Тоҷикистон содир шуд ва ӯ бар асоси моддаи «баромадан аз ҳадди ваколати хизматӣ» муҷрим шинохта шуд.

Ozodi