Модари Ҳамза: “Чӣ гуноҳ дорем, ки президент қабул намекунад?”

Зулайхо Ҷӯраева, модари Ҳамза Икромзода, мегӯяд, бо гузашти нӯҳ моҳ аз замони марги писараш дар зиндони рақами 1-и Душанбе натавонистаанд омилони марги писарашро ба муҷозот кашонанд.

Ӯ, ки рӯзи 25-уми июн дар намоишгоҳе бахшида ба рӯзи ҷаҳонии зидди шиканҷа дар Душанбе иштирок мекард, гуфт, ҳатто муроҷиати батаркрори онҳо баЭмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бепосух мондааст.

“Моҳи нӯҳум аст, ки дар дари додситонӣ ва дигар мақомот ҳастем, аммо касе ба додамон намерасад. Агар бегуноҳ мешуданд, магар дар ҷанозаи писари ман иштирок намекарданд? Марг ҳақ аст, ҳама мемирад, аммо ба ин дараҷа не. Ҳамин қадар муроҷиат кардему навиштем, аммо як бор намонданд, ки президент моро ба ҳузур пазирад. Чаро президентҳои дигар бо мардумашон гап мезананд-ку. Мо чӣ гуноҳ дорем? Президент ҳам фарзанд дорад, Иззатуллоҳ Шарифов ҳам фарзанд дорад. Фақат фарзанди камбағал гуноҳ мекунаду фарзанди мансабдорон не?!”,-гуфт ӯ.

Шикояти волидони бархе аз зиндониён, назари намояндагони созмонҳои иҷтимоӣ ва масъули Идораи Омбудсмени Тоҷикистонро дар бораи шиканҷа дар ин навори видео бубинед ва назари худро бинависед. 

Ozodagon