Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
4-уми марти соли 2014 муовини Вазир Ҳиггинботтом ҷоизаи Байнулмилалии Вазорати корҳои хориҷӣ – “Зани шуҷоъ” дар соли 2014-ро ба 10 зани барҷаста аз 10 кишвари дунё супорид. Бонуи Аввал Мишел Обама, ҳамчун меҳмони махсус бо муовини Вазир Ҳиггинботтом ва дорандагони ҷоиза дар маросими пагоҳирузӣ дар Вазорати корҳои хориҷӣ ширкат варзид.
Бо ҷоизаи Байнулмилалии Вазорати корҳои хориҷӣ “Зани шуҷоъ” ҳамасола занони дорои ҷасорат ва маҳорати пешвоӣ қадр карда мешаванд, ки дар ташвиқи сулҳ, адолати додгоҳӣ, ҳуқуқи инсон, баробарии ҷинсӣ ва густариши имконоти занони дар шароити хатар собитқадам ҳастанд. Аз оғози пайдоиши ҷоизаи мазкур дар соли 2007, Вазорати корҳои хориҷӣ беш аз 76 занро дар 49 кишвари дунё қадрдонӣ кардааст.
Ҷоизадорони соли 2014 инҳоянд:
Доктор Насрин Оряхил, Мудири таваллудхонаи “Малалай” дар Кобул (Афғонистон)
Хонум Рошика Део, Ҳомии ҳуқуқи занон ва фаъоли сиёсӣ (Фиҷи)
Усқуф Русудан Готсиридзе, Усқуфи Калисои Евангилии Баптистии Гурҷистон (Гурҷистон)
Дуктур Ирис Ясмин Барриос Агуилар, Президенти суд-трибунал оид ба парвандаҳои махсусан вазнин(Гватемала)
Лаксмӣ, Узви ҳаракати “Манъи ҳамла бо ишқор” (Ҳиндустон)
Хонум Фатимата Туре, Фаъоли ҷамъиятӣ ва мудири иҷроия (Малӣ)
Дуктур Маҳа Ал Муниф, Асосгузор ва мудири иҷроияи Барномаи миллии бехатарии оила (Арабистони Саудӣ) *Дар маросим иштирок карда наметавонад
Хонум Ойниҳол Бобоназарова, Раҳбари созмони ҷамъиятии “Перспектива+” (Тоҷикистон)
Хонум Руслана Лижичко, Фидоии Евромайдон ва овозхони мардумӣ (Украина)
Хонум Биатрис Мтетва, Вакили мудофеъи ҳуқуқи башар (Зимбабве)
Тарҷумаи ҳоли дорандагони ҷоиза ва аксҳоро метавонед аз ин торнамо пайдо кунед: http://www.state.gov/s/gwi/programs/iwoc/2014/bio/index.htm
Пас аз маросими тақдими ҷоиза ва мулоқот бо шахсони расмии ҳукумати ИМА ва шарикони ташкилотҳои ғайридавлатӣ дар Вашингтон, гурӯҳи ҷоизадорон ба шаҳри Питсбург сафар мекунанд. Баъдан сафари онҳо ба якчанд шаҳрҳои Иёлоти Муттаҳида бо мақсади мулоқот бо мардуми Амрико дар чорчӯбаи “Барнома барои меҳмонҳои хориҷӣ” идома меёбад. Тариқи барномаи алоҳида онҳо ба Денвер, Дес Мойнес, Индианаполис, Портланд, Даллас, Миннеаполис ва Сиракуз ташриф меоранд. Занон бо мақсади ибрози фикру андешаи худ аз сафари мазкур ва баррасии роҳҳои ҳамкорӣ ҷиҳати беҳтар кардани сатҳи зиндагии занон ва духтарон дар саросари ҷаҳон бори дигар дар Чикаго во мехӯранд.
Маросими Ҷоизаи Байналхалқии “Шуҷоати зан” ба хабарнигорони дорои иҷозатномаи махсус (аккредитатсия) дастрас буд ва тавассути торнамои www.state.gov ба таври мустақим пахш гардид. Иштирокчиёни маросим ва бинандагононе, ки пахши мустақимро тамошо доштанд, барои иштирок дар мусоҳиба аз хештеги Твитерии #IWOC ва #IWD истифода карданд.