Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Муқаддима
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон (минбаъд Эътилоф) моҳи сентябри соли 2011 баҳри муттаҳид сохтани талошҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза бар зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Эътилоф 13 ташкилот, 6 шарики инфиродӣ, зиёда аз 100 нафар намояндагони ташкилотҳои узви Эътилоф, адвокатҳо, рӯзноманигорон, равоншиносон, коршиносони тиббӣ, коршиносон оиди масъалаҳои адлияро муттаҳид сохта, фаъолияти худро дар асоси Қоидаҳо ва принсипҳои мувофиқашудаи иштирок дар Эътилоф ва Стратегия амалӣ мекунад.
Шаффофият ва одоби касбӣ, принсипҳои асосии фаъолияти Эътилоф ба ҳисоб мераванд. Фаъолияти Эътилоф дар доираи гурӯҳҳои корӣ[1] амалӣ карда шуда, такрор нашуда, балки бо ҳам алоқаманд аст. Эътилоф платформаи муҳим ва фазои бехатар барои тамоми аъзои он буда, дар доираи он барои дастгирӣ, гирифтани маслиҳати касбӣ, машварат, баланд бардоштани малакаи касбии хеш, муттаҳид сохтани талошҳо ва баромад намудан бо як овоз ҷиҳати таъсиррасонии боз ҳам самаранок ба шахсони қарорқабулкунанда, қурбониён ва донорҳо имкон фароҳам оварда мешавад.
Кори Эътилоф дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ эътироф шудааст, созмонҳои узви Эътилоф аъзои платформаҳои байналмилалӣ оиди раҳоӣ аз шиканҷа мебошанд (Масалан, ФҶ "Ташаббуси ҳуқуқӣ" ба IRCT (Шӯрои байналмилалӣ оид ба офиятбахшии қурбониёни шиканҷа), як созмони мустақили байналмилалии кормандони тиббӣ, ки офиятбахшии қурбониёни шиканҷаро пеш мебарад ва дастгирӣ намуда, барои пешгирии шиканҷа дар саросари ҷаҳон кор мекунад, шомил шуд).
Эътилоф дорои сомонаи худ www.notorturetj.org мебошад, ки воситаи фарогири иттилоотӣ оид ба масъалаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар Тоҷикистон буда, дар он маводи дахлдори воситаҳои ахбори омма (ВАО), ҳуҷҷатҳои барномавӣ, натиҷаҳои таҳлил ва таҳқиқот, мусоҳиба ва дигар иттилооти заруриро пайдо кардан мумкин аст.
Стратегияи мазкур барои солҳои 2024-2030 таҳия шудааст. Стратегия ба тавзеҳи васеи масъалаҳои раҳоӣ аз шиканҷа дар Тоҷикистон дар воситаҳои ахбори оммаи миллӣ, минтақавӣ ва хориҷӣ (нашрияҳои чопӣ, радио ва телевизион, захираҳои иттилоотию таҳлилии интернетӣ ва ғайра), вокуниш ба далелҳои мушаххаси истифодашавии шиканҷа, пешбурди тағйироти низомӣ дар мубориза бар зидди шиканҷа равона шудааст.
Стратегияи медиавӣ ба ҳамоҳангсозии талошҳо оид ба тавзеҳи мавзӯи раҳоӣ аз шиканҷа ва муайян кардани стандартҳои умумии кори иттилоотӣ дар доираи фаъолияти Эътилоф бо дигар шарикон аз зумраи ВАО, мақомоти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, аҳолӣ, қурбониёни шиканҷа ва\ё муносибати бераҳмона ва хешовандони онҳо ва дигар шахсони манфиатдор мусоидат мекунад.
Ҳамоҳангсозии талошҳо ва мубодилаи пайвастаи иттилоот имкон медиҳад, ки ба далелҳои истифодашавии шиканҷа ва муносибати бераҳмона фавран вокуниш намуда, ба такрори фаъолият роҳ дода нашавад ва маъракаҳои муштараки иттилоотию таблиғотӣ гузаронида шаванд, ки самаранокии корро дар самти мубориза бар зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон баланд мебардорад.
ГУРӮҲҲОИ МАҚСАДНОКИ АСОСӢ
Рӯзноманигорон ва воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла давлатӣ (котибони матбуотӣ, раёсатҳо\шӯъбаҳои робита бо ҷомеа) дар ташаккули сиёсати "таҳаммулпазирии сифрӣ" нисбати шиканҷа нақши муҳимро мебозанд. Стратегия ба пешниҳоди иттилооти босифат оиди масъалаҳои шиканҷа дар ВАО равона шудааст.
Рӯзноманигорон, намояндагони созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ ва адвокатҳои амалкунанда, ки ба намудҳои алоҳидаи фаъолият тахассус доранд, дар масъалаҳои ҳифз ва пешбурди ҳуқуқу манфиатҳои қурбониёни шиканҷа бо истифода аз иқтидори ВАО ба таври кофӣ ҳамкорӣ намекунанд. Стратегия ба беҳтар кардани ҳамкории рӯзноманигорон бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва адвокатҳои амалкунанда дар омодасозӣ ва ҷойгиркунии нашрияҳои мавзӯъӣ дар ВАО, инчунин гузаронидани маъракаҳои иттилоотӣ ва таблиғотӣ равона шудааст.
Қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона ва инчунин аъзои оилаи онҳо аксаран аз ҳуқуқҳо ва механизмҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон хабардор нестанд. Стратегия истифодабарии иқтидори ВАО ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ оиди ҳуқуқҳои хеш ва инчунин ҳифзи унвонии манфиати онҳоро мавриди ҳадаф мегузорад.
Аҳолӣ, аз ҷумла гурӯҳҳои осебпазир (шахсони дорои маъюбият, тарбиятгирандагони муассисаҳои пӯшида ва нимпӯшида, таълимгирандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, донишгоҳҳо ва ғайра) дар баъзе мавридҳо дарк намекунанд, ки онҳо мавриди шиканҷа қарор гирифтаанд, ки он ҷиноят ба ҳисоб меравад. Стратегия ба афзоиши маводи иттилоотӣ, нашри меъёрҳои Конвенсия, қонунгузории миллӣ равона шудааст. Дастрасии иттилоот дар ВАО метавонад ҳамчун механизми пешгирикунанда дар мубориза бар зидди шиканҷа ва дигар шаклҳои бадрафторӣ нақши муҳим бозад. Ҳамчун илова ба барномаҳои таълимии мактабҳо ва донишгоҳҳо, курс ё лексияи озодро дар мавзӯи раҳоӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона ҷорӣ кардан мумкин аст.
ТАҲЛИЛИ МУХТАСАРИ ВАЗЪ, ХАВФҲО ВА ИМКОНОТИ АСОСӢ
Таҳлили воситаҳои ахбори омма (захираҳои интернетӣ, саҳифаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, рӯзномаҳо, маҷаллаҳо, телевизион, радио ва ғайра) дар соли 2023, дар як муддати кӯтоҳе ҳангоми муваққатан боздошта шудани кори гурӯҳи расонаӣ нишон дод, ки шумораи нашрияҳо дар мавзӯи раҳоӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона ба таври назаррас коҳиш ёфтааст. Ҳатто маълумоти умумии оморӣ дар мавзӯи шиканҷа ва масъалаҳои марбут ба шиканҷа вуҷуд надошт, маълумот дар бораи амалияи мусбии давлат вобаста ба ин масъала низ ошкор карда нашудааст.
Мақомоти давлатӣ аз мавзӯи шиканҷа ҳатто ҳангоми мавҷудияти қадамҳои мусбӣ, амалияи мусбӣ (Парвандаи Ёдгор Ҳасанов, марти соли 2022) дар соҳаи мубориза бар зидди шиканҷа канораҷӯӣ мекунанд. Ҳол он ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз моҳи ноябри соли 2012 зимни суханронӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик изҳор дошт: "Бояд гуфт, ки сиёсати Ҳукумати кишвари мо дар самти пешгирии шиканҷа ва дигар усулҳои нораво зимни таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ комилан ташаккул ёфтааст. Ҳатто соли ҷорӣ бо ворид намудани иловаҳо ба қонунгузории ҷиноятӣ нисбат ба шахсони ба шиканҷа роҳдода ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ карда шуд. Бо дарназардошти арзиши олии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон қатъиян иброз менамоям, ки ҳеҷ як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ягон маврид ҳуқуқи истифодаи шиканҷа ва паст задани қадру қимати инсонро надорад".
Амалия ва таҷрибаи кории Гурӯҳи расонаӣ нишон дод, ки воситаҳои ахбори омма ва рӯзноманигорони мустақил ҳарчӣ бештар ҳамчун катализатори муҳими равандҳои муҳокима амал мекунанд. Дар аксари ҳолатҳо, таҳқиқи баъзе далелҳои истифодашавии шиканҷа, аз ҷумла пас аз нашр гардидани он дар ВАО оғоз карда мешавад. Масалан, тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма” аз 7 феврали соли 2009, №622, ки дар асоси он роҳбарони вазорату идораҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд сари вақт ба мақолаҳои танқидӣ ва пешниҳодҳои ВАО вокуниш нишон диҳанд. Онҳо инчунин бояд оиди натиҷаҳои вокуниш ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод кунанд.
Қонуни ҶТ "Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма", моддаи 23, банди 3: "Мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо вазифадоранд, ки ба воситаҳои ахбори омма маълумоти расмии зарурӣ ва ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии онҳо, ки омӯзиши иловагиро талаб намекунанд, дар мӯҳлати то се рӯзи кории баъди муроҷиат ё нашр (пахш) гардидани маводи дахлдор, ҷавоб диҳанд. Аз ҷониби мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо иттилооти таъҷилӣ, ки аҳамияти ҷамъиятӣ дошта, ба номгӯи маълумоти дорои сирри давлатӣ ва дигар маълумоте, ки бо қонун ҳифз карда мешавад, дохил нест ва омӯзиши иловагиро талаб наменамояд, бе таъхир пешниҳод карда мешавад" (моддаи 23).
Ҳамчунин меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистон шахсони мансабдор, роҳбарони муассисаҳо ва мақомоти давлатиро вазифадор мекунанд, ки ба мақолаҳо ҷавоб диҳанд ё вокуниш нишон диҳанд. Моддаи 23, банди 4, 5 Қонуни ҶТ "Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма" пешбинӣ менамояд:
"Роҳбарони мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо вазифадоранд ба маводи танқидӣ ва таҳлилии вобаста ба фаъолияташон, ки омӯзиши иловагиро талаб мекунанд, дар мӯҳлати на бештар аз ду ҳафтаи баъди рӯзи нашри (пахши) онҳо ба воситаи ахбори оммаи дахлдор ҷавоб диҳанд.
Фаъолият оид ба тавзеҳи далелҳои истифодашавии шиканҷа, амалҳои тафтишотӣ ва мурофиаҳои судӣ дар ВАО ба ҷалби таваҷҷӯҳи аҳли ҷомеа, мақомоти давлатӣ, созмонҳои миллӣ ва байналмилалии ҳифзи ҳуқуқ ба масъалаҳои зарурати ҷазои ҷиноятии шахсони мансабдори гунаҳкор, ҳимояи қурбониёни шиканҷа ва додани ҷубронпулии мувофиқ мусоидат мекунад.
Ҳамзамон, як қатор мушкилоте мавҷуданд, ки ба тавзеҳи босифат ва касбии мавзӯи шиканҷа дар ВАО ва истифодаи имкониятҳои мавҷудаи ВАО монеъ мешаванд:
- Аз сабаби афзоиш ёфтани сатҳи худсензура ва "ҳассосият" - и мавзӯъҳои дорои аҳамияти ҷамъиятӣ, аз ҷумла мавзӯъҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмона, рӯзноманигорон аз ҷамъоварӣ, коркард ва паҳн кардани иттилоот дар бораи шиканҷа ва муносибати бераҳмона метарсанд.
- Набудани тасаввуроти заминавии мафҳуми "шиканҷа" ва дигар шаклҳои муносибати бераҳмона. Баъзе рӯзноманигорон шиканҷаро бо дигар шаклҳои бадрафторӣ ва муносибати бераҳмона иштибоҳ карда, фарқи байни онҳоро намефаҳманд.
- Дастрасии маҳдуди рӯзноманигорон ва кормандони редаксияҳои ВАО ба иттилооти беғараз оид ба далелҳои қонуншиканӣ, амалҳои тафтишотӣ, мурофиаҳои судӣ, мониторингҳо ва тадқиқотҳои гузаронидашуда дар ин соҳа, инчунин сатҳи нокифояи мубодилаи иттилоот байни ҷонибҳои манфиатдор.
- Ҳамкории нокифояи ВАО, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳуқуқшиносон ҳангоми омодасозии нашрияҳо дар мавзӯи шиканҷа, аз ҷумла сатҳи пасти ҷалби рӯзноманигорон ба чорабиниҳое, ки аз ҷониби ҳомиёни ҳуқуқ анҷом дода мешаванд (мониторингҳо, даъвоҳои стратегии судӣ, маъракаҳои иттилоотию таблиғотӣ ва ғайра), мавҷуд набудани кори иттилоотии муташаккил.
- Тасаввуроти нокифояи кормандони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, адвокатҳо, равоншиносон, кормандони тиббӣ ва дигар коршиносон оиди усулҳои кори рӯзноманигорон ва ВАО, ки ба пайдоиши фарқият дар муносибатҳо ва мушкилоти ҳамкорӣ оварда мерасонад.
ИМКОНОТИ АСОСӢ
Ворид намудани меъёрҳои байналмилалӣ ба қонунгузории миллӣ, аз ҷумла ҳамоҳангсозии муҷозоти моддаи 143(1) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мутобиқ кардани меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаи эътирофи воқеии мақомоти давлатии Тоҷикистон оиди мавҷудияти мушкилоти истифодашавии шиканҷа дар кишвар мебошад.
Афзоиши шумораи нашрияҳо дар ин мавзӯъ дар расонаҳои чопӣ ва электронӣ яке аз имкониятҳои пешгирии шиканҷа ва муносибати бераҳмона мебошад.
Аксар вақт шахсоне, ки аз амали кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои давлатӣ осеб дидаанд, инчунин адвокатҳо ва хешовандони онҳо ба ВАО ва рӯзноманигорони мустақил ҳамчун ба марҳилаи ниҳоии ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои худ муроҷиат мекунанд. Ташкилотҳои ҳифзи ҳуқуқ тавассути анҷом додан ва ба роҳ мондани робитаҳо бо рӯзноманигорон ва редаксияҳои ВАО метавонанд дар бораи ҳолатҳои мушаххаси истифодашавии шиканҷа иттилооти нав ба даст оранд ва инчунин аз захираҳои инсонӣ, иттилоотӣ ва техникии созмонҳои расонаӣ дар фаъолияти мубориза бар зидди шиканҷа дар Тоҷикистон истифода баранд.
Аз соли 2012 инҷониб, Эътилоф ба фаъолияти худ ҷиҳати кор бо ВАО тавассути ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо рӯзноманигорон ва ВАО, огоҳкунӣ оиди фаъолияти худ тавассути сомонаи иттилоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоии худ тақвият бахшид. Дар давоми солҳои 2019-2023 дар сомонаи Эътилоф зиёда аз 1000 маводи хабарӣ, маводи таҳлилӣ, мусоҳибаҳо, маводи видеоӣ ва аудиоӣ бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ нашр карда шуданд.
Эътилоф корҳои иттилоотии муташаккилро амалӣ намуда, саводнокии ҳуқуқиро баланд мебардорад ва сиёсати "таҳаммулпазирии сифрӣ"-ро ба шиканҷа ва беҷазоӣ дар кишвар ташаккул медиҳад.
Тавре маъмул аст, манъи истифодабарии шиканҷа ва муносибати бераҳмона хусусияти мутлақ дорад, зеро истифодаи шиканҷа волоияти ҳуқуқ ва эътибори ахлоқии худи давлатро таҳти хатар мегузорад. Нашрияҳо дар ВАО ва ошкор кардани гунаҳкорони шиканҷа ва муносибати бераҳмона ба маҳкум кардани амалияи шиканҷа дар сатҳи баландтарин мусоидат мекунанд, ки дар навбати худ метавонад асари мазаммати шиканҷаро дар тамоми сохтори ҳокимият ба бор орад. Илова бар ин, нашрияҳо дар ин мавзӯи ҳассос ба муайян кардани гурӯҳҳои нави осебпазир мусоидат мекунанд, аз ҷумла шахсони дорои маъюбият, ки дар танҳоӣ ҳуқуқҳои худро ҳимоя карда наметавонанд ва онҳоро метавон ба тренингҳои таълимӣ дар мавзӯи пешгирии шиканҷа дохил кард.
ҲАДАФҲО, ВАЗИФАҲО ВА НАТИҶАҲОИ АСОСИИ СТРАТЕГИЯ
Ҳадафи асосии стратегияи медиавӣ ташаккул додани сиёсати устувори "таҳаммулпазирии сифрӣ" нисбати шиканҷа дар Тоҷикистон байни шахсони мансабдор ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, инчунин доираи васеи аҳолӣ ба ҳисоб меравад.
Вазифаҳои Стратегия аз инҳо иборат аст:
Натиҷаҳои пешбинишуда
ВОСИТАҲО ВА КАНАЛҲОИ ИСТИФОДАШАВАНДА БАРОИ ПАҲНКУНИИ ИТТИЛООТ
Эътилоф аз якчанд канали паҳнкунии иттилоот истифода мебарад:
АМАЛИСОЗИИ СТРАТЕГИЯ
Бо мақсади амалисозии Стратегия Гурӯҳи расонаии Эътилоф таъсис дода шудааст ва амал мекунад, ки аз намояндагони ташкилотҳои узв ва шарикони Эътилоф иборат аст. Гурӯҳи расонаӣ фаъолиятро дар асоси Стратегияи мазкур ва нақшаҳои кории ҳарсолаи тасдиқшудаи гурӯҳ амалӣ менамояд.
Котиботи Гурӯҳи расонаӣ аз ҳамоҳангсози Гурӯҳи расонаӣ, маъмури сомона ва муҳаррирони сомона иборат аст.
МОРО ЧӢ ГУНА ДАРЁФТ КАРДАН МУМКИН АСТ?
Эътилоф дорои сомонаи худ www.notorturetj.org мебошад, ки платформаи фарогири иттилоотӣ оид ба масъалаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ бар зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон кӯмаки ройгони ҳуқуқӣ ва офиятбахшӣ (тиббӣ ва равонию иҷтимоӣ) пешниҳод мекунад.
Саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Facebook: https://www.facebook.com/notorturetj
Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj
Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCn3sZx0776E1Qcbvz4WAE7g
Телеграм: https://t.me/Notorturetjk
Инстаграм: Notorturetj
Почтаи электронии мо: notorture.tj@gmail.com
Телефони тамоси фаврии Гурӯҳи кӯмаки ҳуқуқӣ:
+992 98 787 66 66 дар вилояти Хатлон
+992 98 787 33 33 дар вилояти Суғд
+992 98 708 76 76 дар ш. Душанбе ва ШНТҶ
Инчунин бо рақамҳои зикршуда шумо метавонед дар WhatsApp ё Telegram нависед:
Вобаста ба вайронкунии ҳуқуқҳои хизматчиёни ҳарбӣ ва даъватшудагон тавассути телефонҳои (+992) 933331703, (+992) 922221803 тамос гирифтан мумкин аст.
Телефонҳо, дар вақти ғайрикорӣ низ, аз ҷумла дар рӯзҳои истироҳат ва ид дастрас мебошанд.
[1] Гурӯҳи таҳлилӣ, Гурӯҳи кӯмаки ҳуқуқӣ, Гурӯҳи офиятбахшии қурбониёни шиканҷа ва аъзои оилаи онҳо, Гурӯҳи расонаӣ ва Лоиҳа оид ба Протоколи Истамбулӣ.