Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Эътилофи созмонҳои зидди шиканҷаи Тоҷикистон бо пахши як баёния аз кушиши давлат дар заминаи пешгирии эъмоли шиканҷа ва муносибати бераҳмона бо зиндониён истиқбол кардааст.
Аммо масъулони чанде аз созмонҳое, ки ба ин эътилоф шомил мешаванд, аз ворид шудани шикоёти зиёде аз сокинон дар мавриди шиканҷа шудани пайвандони зиндонии онҳо нигаронанд.
Дар ин баёния, ки рӯзи душанбеи 12 ноябр Эътилофи созмонҳои зидди шиканҷаи Тоҷикистон пахш кард, гуфта шудааст: “Президенти Тоҷикистон, зимни суханронӣ дар Рӯзи милисияи тоҷик чунин таъкид кард: “Бо дарназардошти арзиши олии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон қатъиян иброз менамоям, ки ҳеҷ як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ягон маврид ҳуқуқи истифодаи шиканҷа ва паст задани қадру қимати инсонро надорад”
Аммо дар идома мехонем, ки рӯзи 7-уми ноябр, ба масъулони Эътилофи созмонҳои зидди шиканҷа дар Тоҷикистон маълум шудааст, ки шаби 5-ум ба 6-уми ноябри соли 2012 беш аз 50 нафар маҳкумшудагон аз муассисаҳои ислоҳии шаҳри Душанбе ба маҳбасхонаи №3/3-и шаҳри Хуҷанд интиқол ёфтаанд.
Ба гуфтаи пайвандони ин маҳбусон бо расидан ба ин муассиса онҳо мавриди латукӯби бераҳмонаи кормандони зиндон қарор гирифтанд.
Ин баёния аз сӯйи ҳашт созмони ғайридавлатии ба имзо расида ва масъулони ин созмонҳо дархост кардаанд, ки дастрасии фаврии вакилони мудофеъ ба маҳбасхонаи шаҳри Хуҷанд барои ироаи кумак ба зиндониёни шиканҷашуда фароҳам шавад.
Зеро ахиран яке аз вукалои мудофеъ, ки бо дархости пайвандони Сунатулло Ризоев, яке аз зиндониёни шиканҷашуда талош карда бо ӯ мулоқот кунад, ҷавоби радд гирифтааст.
Ҳамчунин ин созмонҳо пешниҳод кардаанд, ки барои баррасии шикояти пайвандони зиндонӣ аз ҷумлаи намояндагони порлумон, мақомоти давлатӣ, аз ҷумла вазорати адлия ва Дафтари ваколатдори ҳуқуқи башари Тоҷикистон гурӯҳи корӣ таъсис шуда ва аз вазъи зиндониёни маҳбасхонаи шумораи 3/3-и Хуҷанд дидан кунанд.