Гурӯҳи мониторингӣ дар соли 2023: сафари шиносшавӣ ва чорабиниҳои омӯзишӣ

Ибтидои соли 2023 дар назди Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон гурӯҳи мониторингӣ дар ҳайати 7 нафар (3 зан ва 4 мард), намояндагони ташкилотҳои узви Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ва шарикони Эътилоф ташкил карда шуд.

Дар соли 2023 Гурўҳи мониторингӣ як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла семинарҳои омўзишӣ ва сафарҳои шиносшавиро бомуваффақият анҷом дод, ки барои баланд бардоштани малака ва дониши аъзои он мусоидат намуданд.

Эътилоф ҳамкориро бо Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (СРИҶҶ) тақвият мебахшад. Ҳамин тариқ, аз 27-уми феврал то 4-уми марти соли 2023 намояндагони СРИҶҶ ва аъзои гурӯҳи мониторингии ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ дар доираи як сафари шиносоӣ аз Лаҳистон дидан карданд. Ҳадафи сафар мусоидат ба татбиқи Стратегияи ислоҳоти низоми иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 буд. Иштирокдорони ҳайати Тоҷикистон аз муассисаҳои гуногун, аз ҷумла аз Муассисаи миллии назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Ҷумҳурии Лаҳистон, Муассисаи ислоҳии Варшава дидан намуда, инчунин бо роҳбарияти Раёсати Вазорати корҳои хориҷии Лаҳистон оид ба Осиёи Марказӣ ва дигар мутахассисон дар самти системаи пенитенсиарии Ҷумҳурии Лаҳистон мулоқотҳо доир намуданд. Дар натиҷаи сафар оид ба рушди ҳамкорӣ дар самти низоми пенитенсиарӣ байни мақомоти дахлдори давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии Ҷ умҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Лаҳистон тавофуқ ҳосил шуд.

Чорабиниҳои омӯзишӣ ҷузъе аз муносибати стратегӣ ба масоили системаи пенитенсиарӣ мебошанд, ки вазъиятро аз нигоҳи эҳтиром ва ҳифзи ҳуқуқи инсон дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ тағйир медиҳад. Ҳамин тариқ, аз 27-уми июн то 4-уми июли соли 2023 дар Варшава семинари омӯзишӣ барои аъзои гурӯҳи мониторинги муассисаҳои пенитенсиарӣ ва рӯҳӣ баргузор гардид. Ба ҳайси коршинос кормандони Фонди Ҳелсинки оид ба ҳуқуқи инсон баромад карданд. Дар семинар роҳҳову воситаҳои гузаронидани мониторинг коркард шуд. Баъдан, коршиносони фонд ба аъзои гурўҳи мониторингӣ дар мавриди гузаронидани мониторинг машварат доданд.

Инчунин, дар ин давра барои кормандони муассисаҳои ислоҳӣ ва СИЗО-и СРИҶҶ ВА ҶТ тренингҳо гузаронида шуданд. Ҳамин тариқ, моҳҳои сентябр-октябри соли 2023 ТҶ «Маркази ҳуқуқи инсон» дар якҷоягӣ бо Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандони сохторҳои иҷрои ҷазои ҷиноятии кишвар як қатор тренингҳо доир намуд. Тренингҳо рӯзҳои 29-30-юми сентябр дар шаҳри Хуҷанд, 23-24-уми октябр дар шаҳри Душанбе ва 26-27-уми октябр дар шаҳри Бохтар баргузор шуданд. Дар чорабиниҳо кормандони системаи пенитенсиарӣ, аз ҷумла сардорони отрядҳо, кормандони оперативӣ ва соҳаи маориф, кормандон оид ба қисми тарбиявӣ, кормандони соҳаи тиб ва равоншиносон иштирок намуданд. Мақсад аз баргузории тренинг баланд бардоштани иқтидори кормандони Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ ва идоракунии самараноки муассисаҳои пӯшида буд.

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон кумаки ройгони ҳуқуқӣ ва офиятбахшӣ (тиббӣ ва равониву иҷтимоӣ) мерасонад.

Сомонаи мо: https://notorturetj.org/

E-mail: notorture.tj@gmail.com

Агар шумо ва ё хешовандонатон ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона дучор шудед, метавонед ба мо тариқи WhatsApp ва Telegram занг занед ё нависед:

+992 98 787 66 66 дар вилояти Хатлон

+992 98 787 33 33 дар вилояти Суғд

+992 98 708 76 76 дар ш. Душанбе ва НТМ

Ба идораҳои мо муроҷиат намоед:

ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 137, бинои «Тоҷикматлубот»

ш. Хуҷанд, хиёбони Сомонӣ 42, ҳуҷраи 117

Бо мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ бипайвандед, то аз иттилоот огоҳ бошед!

Facebook: https://www.facebook.com/notorturetj

Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj

Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCn3sZx0776E1Qcbvz4WAE7g

Телеграм: https://t.me/Notorturetjk

 

NotortureTj