Гурӯҳи расонаӣ дар соли 2023: фаъолият боздошта шуд ва ҳаҷми ахбор дар ВАО оид ба шиканҷа якбора коҳиш ёфт

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон сомонаи худро дорад (www.notorturetj.org), ки дар он маводҳои аз ҷониби Гурӯҳи расонаӣ дар ҳамкорӣ бо дигар аъзо ва гурӯҳҳои Эътилоф омодашуда ҷой дода мешаванд.

26-уми январи соли 2023 бо қарори Суди ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе фаъолияти ҳамоҳангсози Гурӯҳи расонаӣ - ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» қатъ карда шуд ва аз ин рӯ, фаъолияти Гурӯҳи расонаӣ боздошта шуд. Гурӯҳи расонаии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ яке аз гурӯҳҳои калидӣ буда, сомонаи Эътилоф манбаи аввалияи пешниҳоди иттилооти босифат ва холисона барои расонаҳои Тоҷикистон мебошад.

Дар соли 2023 ҳаҷми ахбор оид ба масоили шиканҷа ва/ё муносибати бераҳмона дар фазои иттилоотӣ якбора коҳиш ёфт: масалан, давоми тамоми сол танҳо чанд маълумоти марбут ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар ҶТ интишор шудааст: дар Радиои Озодӣ (4 хабар), «Азия-Плюс» (1 хабар), инчунин хабар дар сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон.

Ба далели боздоштани кори Гурӯҳи расонаӣ, дар давраи аз моҳи январ то декабри соли 2023 ҳамагӣ 8 мавод нашр шудааст.

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон кумаки ройгони ҳуқуқӣ ва офиятбахшӣ (тиббӣ ва равониву иҷтимоӣ) мерасонад.

Сомонаи мо: https://notorturetj.org/

E-mail: notorture.tj@gmail.com

Агар шумо ва ё хешовандонатон ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона дучор шудед, метавонед ба мо тариқи WhatsApp ва Telegram занг занед ё нависед:

+992 98 787 66 66 дар вилояти Хатлон

+992 98 787 33 33 дар вилояти Суғд

+992 98 708 76 76 дар ш. Душанбе ва НТМ

Ба идораҳои мо муроҷиат намоед:

ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 137, бинои «Тоҷикматлубот»

ш. Хуҷанд, хиёбони Сомонӣ 42, ҳуҷраи 117

Бо мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ бипайвандед, то аз иттилоот огоҳ бошед!

Facebook: https://www.facebook.com/notorturetj

Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj

Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCn3sZx0776E1Qcbvz4WAE7g

Телеграм: https://t.me/Notorturetjk

NotortureTj