Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Аз моҳи феврал то августи соли 2014 гурӯҳи мониторинг оид ба боздиди муассисаҳои пӯшида дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳайати Гурӯҳи кории назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2013 таъсис дода шуда буд, аз 5 муассисаи пӯшида боздид намуд: Тавқифгоҳи (изолятори) нигоҳдории муваққатии шаҳри Душанбе, Қабулгоҳ-таҳвилгоҳ барои ноболиғони ш. Душанбе, Тавқифгоҳи (изолятори) тафтишотии ш. Хуҷанд, Тавқифгоҳи (изолятори) нигоҳдории муваққатии шаҳри Исфара ва Колонияи ислоҳии занонаи ш. Норак.