Натиҷаҳои фаъолияти Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар соли 2023

Дар соли 2023 шумораи ҳолатҳои ҳуҷҷатгузоришудаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона коҳиш ёфт, бо вуҷуди ин, ташкилотҳои узви Эътилоф фаъолияти худро идома дода, масъалаҳои раҳоӣ аз шиканҷаро ҳам дар сатҳи қонунгузорӣ ва ҳам дар амал пеш мебурданд. Яке аз дастовардҳои муҳим ҷиҳати пешбурди такмили қонунгузорӣ оиди раҳоӣ аз шиканҷа ин эътибор пайдо кардани Кодекси нави граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи июли соли 2023 ба ҳисоб меравад, ки дар он муқаррарот дар бораи ҷуброни зарари маънавӣ аз рӯи парвандаҳои марбут ба шиканҷа оварда шудааст. Боз як рӯйдоди мусбӣ ин санаи 5 августи соли 2023 қабул шудани Стратегияи миллӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2031 ва нақшаи аввалини амал оид ба татбиқи он мебошад.

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ бар зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон кӯмаки ройгони ҳуқуқӣ ва офиятбахшӣ (тиббӣ ва равонию иҷтимоӣ) пешниҳод мекунад.

Сомонаи мо: https://notorturetj.org/

Почтаи электронӣ: notorture.tj@gmail.com 

Агар шумо ё хешовандони шумо мавриди шиканҷа ва муносибати бераҳмона қарор гирифта бошед,
Ба WhatsApp ё Telegram занг занед ё нависед:
 +992 98 787 66 66 дар вилояти Хатлон
+992 98 787 33 33 дар вилояти Суғд
 +992 98 708 76 76 дар ш. Душанбе ва НТМ

Ба идораҳои мо муроҷиат кунед:
 ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 137, бинои Тоҷикматлубот
ш. Хуҷанд, хиёбони Сомонӣ 42, утоқи 117

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайравӣ намоед, то аз иттилоот бохабар бошед!

Facebook: https://www.facebook.com/notorturetj   

Twitter:     https://twitter.com/NoTorturetj  

Youtube:   https://www.youtube.com/channel/UCn3sZx0776E1Qcbvz4WAE7g

Телеграм: https://t.me/Notorturetjk  

Инстаграм: Notorturetj 

NotortureTj