Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Семинари намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон оид ба озодӣ аз шиканҷа ва дигар намудҳои муомила ва ҷазои бераҳмона рӯзҳои 12-13 июни соли 2012 дар меҳмонхонаи Ҳайат Риҷенси баргузор гардид.
Семинар аз ҷониби Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон бо ҳамкории Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон ва бо иштироки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шуд. Ҷаласаи дурӯза ҳамчун форуми кушода ба таҳлилу баррасии масоили муборизаи алайҳи шиканҷа, мубодилаи афкор ва таҷрибаи пешқадам дар самти пушгирии шиканҷа ва муҳокимаи иқдомҳои минбаъдаи фаъолият равона гардида буд.
Нишасти мазкур зиёда аз 70 нафар намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз саросари кишвар, мутахассисони аврупоӣ, намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байнулмилалӣ ва ҳайати дипломатиро гирди ҳам овард. Дар семинар инчунин коршиносони ташкилотҳои ғайридавлатии байнулмилалии маъруф, аз қабили Созмони афви байнулмилалӣ (Amnesty International), Анҷумани пешгирии шиканҷа, Ташкилоти байнулмилалии «Пизишкон барои ҳуқуқи инсон» ва Созмони Penal Reform International («Ислоҳоти байналхалқии маҳбасҳо», PRI) ширкат варзиданд.
Иштирокдорон ҷанбаҳои гуногуни масоили озодӣ аз шиканҷаро тавассути муҳокимаи ҳолатҳои умумие, ки ба истифодаи шиканҷа дар Тоҷикистон мусоидат мекунанд, ҷалби таваҷҷӯҳ ба мушкилоти ҳуқуқӣ ва амалӣ, ки боиси шиканҷа дар низоми адолати судии ҷиноятӣ мешаванд, инчунин шиканҷа ва дигар намудҳои муомила ва ҷазои бераҳмона дар муассисаҳои пӯшидаро баррасӣ карданд. Дар ҷараёни ҳамоиш инчунин таҷрибаи пешқадами байнулмилалии мубориза бар зидди шиканҷа ва фаъолияти минбаъда оид ба таҳияи Дурнамои зидди шиканҷа дар Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.
Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ як қатор тавсияҳоро омода карданд, ки ба тақвияти мубориза бар зидди шиканҷа дар Тоҷикистон равона шудаанд. Мувофиқи таҷрибаи маъмулӣ, тавсияҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Намояндагии Иттиҳоди Аврупо пешниҳод гардида, зимни ҷаласаи навбатии дарпешистодаи Муколамаи байни ИА – Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи инсон, ки тирамоҳи соли ҷорӣ доир мешавад, мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Семинари ҷомеаи шаҳрвандии ИА ва Тоҷикистон ҷузъи Муколамаи ҳамасола оид ба ҳуқуқи инсон миёни Иттиҳоди Аврупо ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо мақсади баррасии доираи васеи масоили ҳуқуқи инсон баргузор мегардад. Муколама баъд аз тасдиқи Дурнамои «Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ: дурнамои шарикии навин» аз ҷониби Шӯрои Аврупо дар моҳи июни соли 2007 оғоз гардида, ба пешбурди риояи ҳуқуқи инсон, озодиҳои асосӣ ва унсурҳои мардумсолорӣ равона шудааст.