«Аз муфаттишӣ ба ҳимоятгарии ҳуқуқ»

Абдураҳмон Шарипов: «Ман маълумоти олии ҳуқуқӣ дорам, аз соли 1985 то 1997 дар системаи ВКД ҳамчун муфаттиш кор кардам, аз соли 1999 ба фаъолияти адвокатӣ машғул шуда, дар Ҳуҷраи адвокатӣ ба ҳайси адвокат кор мекунам. Аз соли 2007 ҳамчун адвокат ҳамкорӣ бо ҳимоятгарони ҳуқуқи Тоҷикистон ва иштирок дар мурофиаҳои судии стратегӣ барои ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро оғоз намудам. Аз моҳи майи соли 2008 ба фаъолияти ҳимоятгарии ҳуқуқ машғул гардидам. Фаъолияти ҳимоятгарии ҳуқуқ бо он сабаб маро ҷалб намуд, ки ин зиндагии фаъолона, меҳнати наҷиб баҳри ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва масъулиятшиносии бузург нисбати тақдири одами дигарест, ки аз беадолатӣ ва муносибати бераҳмона ҷабр дидааст».