Баёноти Тоҷиев Умедҷон

Баёноти Тоҷиев Умедҷон

Хонандаи гиромӣ! Таври маълум, бародар Умедҷон 19 январи соли равон даргузашт, ки пештар мавриди шиканҷа қарор гирифта буд ва ҳоло ҳам қазияи ӯ рӯйи саҳифаҳои ВАО матраҳ аст. Инак, баёноти худи ӯро, охирин сутуреро, ки бо дастони худу тани нимҷонаш навиштааст, ба дасти мо расид ва онро пешкашӣ хонанда менамоем. Матн бидуни таҳриру тасҳеҳ рӯйи торнамо гузошта мешавад, бинобар ин, барои иштибоҳҳои имлоию услубӣ аз Шумо, хонандаи гиромӣ, маъзарат мехоҳем.

«Ман Тоҷиев Умедҷон шаҳрванди ноҳияи Исфара деҳаи Чоркуҳ маҳаллаи Лангар бе номер. Рӯз моҳ ва соли таваллудам 13.10.1979

Соли 1999 бо ҳамсарам издивоҷ карда соҳиби 4 фарзанд. Мувақатан бекор ва дар бозорҳои қишлоқ соҳибкори карда оилаамро пеш мебурдам, яне савдогари.

1 фарзандам Судайсхон соли тавалуд 2000
2 фарзанд Тоҷиева Тиловатхон тавалуд 202
3 фарзанд Тоҷиев Ҳузайфа тавалуд 2005
4 фарзанд Тоҷиев Абдуллохон тавалуд 2012

Ман 30.10.2013 дар бозори деҳаи қишлоқи Ворух савдо карда истода будам, ки 4 нафар ба назди ман омада гуфтанд, ки ту умедҷонми? Савол доданд. Ман бале гуфтам ва яктои онҳо ба ман ҳуҷаташро бароварда гуфт, ки ман корманди милится, ту бо мо рафтанад даркор ман бе ягон саркашӣ бо онҳо ба ШКД-1 шаҳри Исфара тахминан соат 12-00 рӯз буд, омадам. Ва ба 3 ошёна бароварда ба дасти рост ба якум кабинет дароварда ба ман гуфтанд, ки туро бо чи овардем медони? Савол дод ҳамон милитсае ки шаҳодатномаашро нишон дода буд. Ман гуфтам, ки не намедонам. Бад он корманди милиса гуфт, ки мо туро маъмури мекунем ту бояд ду руз дар ин ҷо мони ман гуфтам ман чи ҷиноят содир кард, ки маро маъмури мекунед ман аслан маъмури чист намедонистам. Бе ягон асос маро гирифта ба ШКД-1 ш. Исфара овардан баъд маро гуфтанд, ки ба ин маъмури рози шав ва имзо гузор ман не гуфтам ва ду шахсро аз кучаи ш. Исфара оварда ба дигар кабинет дароварда ба онҳо чӣ гуфта имзо кунонида маро баъд ба суди ш. Исфара бурданд тахминан соат 16-00 бегоҳибуд. Дар суд тахминан 2 соат истодам чунки ҳамон одамеки даркор будба кучо рафта будас бад омад. Маро ба пеши ӯ дароварданд. Ман баъд донистам, ки он шахс суд будас номаш дар хотирам нест. Судя ба ман муроҷиат кард гуфт, ки адвокат мехоҳи ман ин тавр корҳоро бори аввал дида ҳайрон шуда гуфтам бале мехоҳам баъд ба ман корманди милится худаш адвокат даъват кар як пирамард буд номаш дар хотирам нест ва ӯ ба ман сафедкунанда шуда бо онҳо сухан мекард баъд ман ба судия муроҷиат карда гуфтам, ки илтимос маро маъмури накунед.

Баъд корманди милится дар он ҷо ба ман туҳмат зада гуфтанд, ки ту саркаши карди баъд адвокат ба он се нафар корманди милится муроҷиат кард гуфт, ки шумо шоҳид доредва онҳо гуфтанд, ки мо 3 нафар худомо шоҳид як нафарашонро ман мешинохтам, ки Музаффар ном дошта суд наомада буд.

Онҳо 4 нафар буданд 3 нафарашон ба суд омада буданду халос ва баъди чанд дақиқа судя маро бе ягон гуноҳ 10 руз маъмури кард. Тахминан соати 18-30 дақиқа боз ба ШКД ш. Исфара маро овардан ва ба ошёнаи 3-юм бароварда ба дастонам нарушник заданд ва пойҳоямро мисли ҳайвон сахт баста ҳақоратҳои ноҷо карда мегуфт, ки мо ту нависандаро акнун зада-зада ба сарат ҳар гуна айбу гуноҳҳоро боркарда турма мекунонем, ман рост истода дар кунҷи кабинети калон, ки вай кабинет ба началники угаловни розизики ҳамон ШКД таалуқ дошта буда рост меистодам онҳо тақрибан 12 нафар буданд. Илёр ба онҳо гуфт, ки 2 нафари навбадор меистем ва Умедро хобонидан даркор нест ва онҳо 2 соати шабро тақсим карда бо навбат омада маро хобонидан намемонданд.

То рӯз ман нахобида рост истода баромадам гушнаю ташна соат тақрибан 8-00 субҳ шуд ва маро ба лату куб кардан сар карданд, ки он рузи панҷшанбе 31.10.2013 буд. Машраф гуфтаги ном корманди милитсия маро бисёр лату куб мекарду мегуфт, ки ман ту нависандаро ба терористо қуш карда турма мекунонам, ба ин суханон боз Илёр корманд қуш шуд маро ҳақорату дашном зада мегуфт, ки ман ба хонаат афтомат бурда партофта туро якумра маҳбаси мекунам ва маро ба устал шинонда дастамро аз пушт нарушник зада пойҳоямро ба стол баста ба калаам салафан пушонида аз болои салафан яне пакет боз куртаамро зер карда 5 ё 6 нафар маро зер мекардан ва ба нарушник лата печонида об рехта бо қувваи барқ ба ман фишор меоварданд ва ҳамин тавр ман гушнаю ташна аз ҳуш мерафтам ва боз об зада об дода ба ҳуш овард боз ҳамин корро давом медоданд ки 2 рузу 2 шаб, яне 2 сутка ҳамин гуна азоб дода мегуфтанд, ки туро мо бо холабачаат қори Зайлов қуш карда маҳбуси мекунем, чунки холабачаат чанд сол боз дар кофтуков будааст.

Баъд 2 сутка маро азобу шиканҷа дода мегуфтанд, ки ё ба мо аъзо мешавӣ ё мо туро ба холабачаат қуш мекунем. Рӯзи ҷумъа, яне 1.11.2013 бегоҳирӯзи тахминан соаташро ҳам намедонам ман рози шудам, ки аъзои шумоён мешавам, онҳо ба ман шарт мондандки мо туро делои ҷинояти карда мемонем ва ту холабачаатро, яне қори Зайловро ба қапонда медиҳи ту аз дело соф мешави боз ман рози нашудам, онҳо арғамчинро кушоданд ва Машраф ном корманд бо ҳамон арғамчин задан кард, ки ман аз ҳуш рафтам ва сарам гушҳоям пешониам варам буданд. Ва боз ба худ омадам ва ба ман гуфтанд, ки аъзои мо мешави ман гуфтам, ки чи тавр ман бовар кунам ва онҳо чандин далел ба ман овард ва чанд китоби қонунро нишон дода маро бовар кунонида баъд шахсияти маро ба навиштан Илёр ном корманд сар кард. Ва аз ман чи гуна будани хонаҳоямро низ пурсида нақшаашро ҳам кашид ва бисёр туҳматҳо барои ман навишта ба ман гуфт, ки ин ҷойҳо имзо мон гуфта амр кард ман гуфтам як бор мехонам онҳо гуфтанд, ки нахонда имзо мондан гир мо ба ту кафил, ки мо туро аъзои худамон мекунемҳеҷ кас намедонад. 4 нафар туро ҳама вақт дар тамос мебошем ба ту фардо ҷавоб медиҳем мерави гуфтанд. Ва маро бовар кунониданд. Ва ман имзо намудам бо дили нокашол, ки ягон воқеа руй надиҳад гуфта дилам меларзид. Метарсидам ва онҳо нарушникро кушоданд арғамчинро низ кушода партофтанд ва ман бовар кардам, ки аъзои милисаҳо шудам. Иншоаллоҳ қори Зайловро ҳамакаса меқапем гуфта бо онҳо ба ман чой нон ва дигар таомҳо доданд хурдам ва бовар кардам, ки аниқ ҳамин тавр шудааст. Баъд Фарҳод ном корманд гуфт, ки Умедҷон инҳоро бо дастат навишта деҳ ман гуфтам, ки ҳаминаш басанда ва онҳо гуфтанд, ки агар мо ин коро намекардем ту боз моро ба дотситон менавишти ман гуфтам не маро агар бе ҳамин дела ҳам сар медодетон ман ба дотситон наменавиштам онҳо гуфтанд, ки мо ба ту бовари надоштем, ки боз ту моро ба дотситон шикоят мекуни. Акнун ту шикоят карда наметавони чунки дели ҷинояти дар дасти мост. Мо ба ту бовари мекунем ту ба мо бовар кун. Ва ҳамин тавр ман вай делоро хонда навишта тамом аъзоям як маротиба ларзид ман боз ба онҳо гуфтам, ки бо ин дела ман бисёр маҳбуси мешавам ва онҳо маро боз бовар кунониданд, ки делои ҷиноиро маҳкам карда мемонанд баъд ман бовар кардам ва маро ба дигар кабинет бурда хобониданд, ки ман 3 шабонаруз хоб накарда будам хоби баором рафтам ва саҳар рузи шанбе 2.11.2013 тахминан соатҳои 9-00 руз буд боз ба ҳамон кабинет бурданд. Илёр ва Машраф нишаста буданд ва Илёр ба ман муроҷиат карда гуфт хонаат тилфон дорад ман бале гуфта номерамро гуфтам баъд пурсидам номер барои чи ҷавоб дод, ки паспортат даркор ман гуфтам барои чи маро ҷавоб медиҳеду паспорт чи лозим ӯ ба ман гуфт, ки сериякопиаш даркор ба дилам сиёи афтод. Баъд занг зад ҳамсарам лабай гуфт ва ман ба ҳамсарам гуфтам, ки паспортамро биёр ва ҳамсарам хоб шудааст гуфта телефонро кушд ва ман боз такрор кардам, ки ҳамон сериякопияи паспортро худам оварда медодам ва ҳардуи онҳо кормандон ғазаби шуда боз маро ба руйҳоям шапалоқ заданду гуфтан ки бо ҳақорати қабеҳ ту акнун маҳбуси мешави гуфта боз маро мавриди лату куб қарор доданд. Ва тақрибан соат 11-00 рузи шанбе буд ва ҳамон замон ҳарду баромад ба пеши ман як кормандро монданд. Ва ман ҳамон вақт девона шуда чи кор карданамро намедонистам.

Ва шайтон ба ҳар куҷо маро бурда мезад ва мисли девона худ ба худ чиҳо мегуфтам ва чӣ гуна ба чашмам тираза намудор шуду худро аз тирезаи 3-ошёна ба берун ҳаво додам ба читавр автодам намедонам ва аз ҳуш беҳуш шудам. Ва баъд аз бедор шуданам фаҳмидам, ки пойҳоям шикаста миёнам зарби сахт хурда дар беморхонаи ренематсия шаби шанбе ва рузи якшанбе, ки 3.11.2013 ва шаби якшанбе низ дар беморхонаи ренематсия беҳуш хобидаам ва рузи душанбе 4.11.2013 саҳари ба худ омадам, ки дар сарам бисёр одамон ва мо тез ба кадом палатаи ренематсия гузарониданд ва ду нафар шахс омада худашонро муарифи карданд ё накардан дар хотирам нест чунки ман аз беҳуши ба худ омада будам ва онҳо ба савол медоданду ман гирякунон чи ҷавоб медодам дар хотирам нест ва боз як шахси дигар омада ҷойҳои кабуд ва дастони нарушникзада ва калаҳои варамамро сурат гирифта рафт. Ва баъд муфаттиш омад гуфт, ки ба ин қоғазҳо имзо монданат даркор мандар ҷавоб гуфтам ба ман хонед ман фаҳмида баъд имзо мекунам.

Муфаттиш ба ман гуфт, ки худат хон он вақт ман ин қадар ба худ омада набудам. Ва муфаттишро илтимос кардам, ки ба ман хонад у нахонду имзо кун гуфта имзои маро гирифта рафт дар пешам кормандони ШКД-1 ш. Исфара бисёр буданд азои баданам дард мекашид. Ба ман тез-тез зузандору мечакониданд. Ва тарафи рости шикамам низ сахт дард мекард. Ва дере нагузашта муфаттиш бо судя омаданд ҳамроҳи як зане, ки у худашро адвокати ман меҳисобид ман шуморо адвокати худ дидан намехоҳам гуфтам он зан гуш накарда мегуфт, ки маслиҳат кунеду бо оилаатон маро адвокат гиред ман не гуфтам ва судя маро имзо кунонида ва муфаттиш маро ба ду моҳ бо пойҳои шикаста ва бо миёни сахт зарбхурда ба сизои шаҳри Хуҷан равонам кард, ки ман ҳамон вақт ба сузандоруву ба муолиҷаи табибон ниёз доштам.

Баёнот бо дасти худам ва бо рости он чи ки шуд Тоҷиев Умедҷон Исломович навишта шудааст».

Баёноти Тоҷиев Умедҷон

Сарчашма: Торнамои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон

Баёноти Тоҷиев Умедҷон