Харитаи истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмонаи эҳтимолӣ дар Тоҷикистон

60 %-и ба Эътилоф муроҷиаткунандагон аз кормандони милитсия шикоят намуданд. Латукӯб дар муассисаҳои ислоҳотӣ ва меҳтарсолорӣ дар артиш низ қисми муҳими шикоятҳоро ташкил дода, дар бораи шиканҷа ва муносибати бераҳмона аз ҷониби кормандони КДАМ ва АНМН муроҷиатҳо ҳастанд.

Ба Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон аз соли 2011 то имрӯз наздики 200 нафар бо шикоят аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона муроҷиат кардаанд. Мо қарор додем тариқи харита бо базаи маълумотҳо кор кунем ва барои худ маълум намоем, ки бештар аз куҷо бонгҳои хатар ворид мешаванд.

Ҳамин тавр, аз таҳлили ҳамаи муроҷиатҳои ин марҳила чунин бармеояд, ки шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона бештар аз ҳама дар давраи боздошткунӣ ва тафтишот истифода бурда мешаванд. Ва ин тасодуфӣ нест: бархӯрди ҳуқуқӣ дар қисмати истилоҳи «боздошт» ба ҳимоятгарони ҳуқуқ иҷозат додааст, ки амалҳои худро барои маҳдуд намудани озодии ҳаракати шаҳрвандон худсарона анҷом диҳанд. Бо дарназардошти он, ки қисми зиёди боздоштҳоро милитсия анҷом медиҳад, мутаносибан 60%-и муроҷиаткунандагон (ё 120 муроҷиат) аз амали кормандони милитсия шикоят кардаанд. Аз ҳамин нигоҳ, дар матни мазкур ҷуғрофиёи истифода шудани зӯроварӣ аз ҷониби нозирони тартибот васеъ аст: дар харита қариб ҳамаи шуъбаҳои ВКД-и тамоми ноҳияҳо нишон дода шудаанд, ба ғайр аз Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон.

Вазъи аз ҳама номусоид дар шуъбаҳои корҳои дохилии (ШВКД-1 ва ШВКД-2) Исфара (8 муроҷиат), 7 муроҷиат бо шикоят нисбати ШВКД Хуҷанд, Ваҳдат, ноҳияҳои Сино ва Сомонии шаҳри Душанбе, 6 шикоят нисбати ШВКД ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба назар мерасад.

Мешавад аз парвандаи Умар Бобоҷонов ёдоварӣ намуд, ки моҳи августи соли 2015 кормандони милитсияи шаҳри Ваҳдат барои риш монданаш ӯро то мурдан латукӯб карда буданд. Ё марги фоҷиавии врач-онкологи 33-солаи муваффақ Хуршед Бобокалонов ҳангоми боздошт аз ҷониби кормандони ШВКД-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе: латукӯбҳои марговар ба ӯ бо он сабаб расонида шудаанд, ки ба фармони кормандони ҳифзи ҳуқуқ барои нишон додани ашёҳои даруни сумкаи варзишиаш итоат накардааст. Дар ҳамин ҳол, дар ҳар ду ҳолат ҳам нафарони гунаҳгор ҷазо нагирифтанд. Дар ҳамин росто, парвандаи навраси ёвонӣ Хушвахт Қаюмов: махсусан ҳамон вақт, дар соли 2012, аввалин бор дар кишвар мутобиқи моддаи «Шиканҷа» нисбати нозири минтақавӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Инчунин, 18 шикоят аз 120 шикоят нисбати кормандони Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккилонаи (РМҶМ) ВКД дар минтақаҳои гуногун - Хуҷанд, Ваҳдат, ноҳияҳои Шоҳмансур ва Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, ки ҳатто барои боздоштшудаҳо ҳуҷраҳо надоранд ва ба ҳамин хотир, мувофиқи санадҳои меъёрии амалкунандаи ВКД, ҳуқуқ надоранд шаҳрвандонро боздошт карда, ба мавзеъҳои ҷойгиршавии шуъбаҳои РМҶМ бубаранд.

Таҳқиқи марги сокини Исфара Исмонбой Бобоев, ки моҳи феврали соли 2010 аз ҷониби кормандони ШММҶМ (шуъбаи минтақавии мубориза бо ҷинояткории муташаккил) боздошт шуда, баъди шиканҷаи эҳтимолӣ даргузашт, гӯё бо сабаби бемории ду гумонбаршуда шаш маротиба боз дошта шуд ва тафтишот аллакай 8-ум сол аст, ки тӯл мекашад.

23 шикоят бо далели «меҳтарсолорӣ», ё муносибати ғайриоинномавӣ миёни хизматчиёни ҳарбӣ, инчунин 4 шикоят нисбати кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ, ки ҳангоми истифодаи усулҳои ғайриқонунии даъват ба сафи артиш ба бераҳмиҳо роҳ додаанд, ворид шудааст. Қисми зиёди муроҷиатҳо ба муносибати бераҳмона миёни хизматчиёни ҳарбии қӯшунҳои сарҳадӣ алоқаманд буда, амалан ҳамаи ҳодисаҳо бо марги сарбоз анҷом ёфтаанд. Ин андешаеро ба сар меорад, ки ба Эътилоф танҳо шаҳрвандоне муроҷиат кардаанд, ки хешовандонашон ҳангоми гузаштани хизмати ҳарбӣ вафот кардаанд. Дар ҳолати бардоштани ҷароҳати сабуктар ҷабрдидаҳо хомӯш мемонанд, зеро аз муносибати бераҳмонатар нисбаташон метарсанд. Бераҳмие, ки тавассути он ҷавонон афзалияти ҷисмонии «дедҳо»-ро нишон медиҳанд, ҳайратовар аст.

Масалан, қазияи Бахтиёр Қурбонмадови 22-сола, ки моҳи апрели соли 2016 баъди 5 (!) рӯзи хизмат аз дасти ҳамхизматҳояш ба ҳалокат расид. Ин ҷавон дар қисми низомии Вазорати мудофиа мустақар дар Рашт хизмат мекард. Инчунин, қазияи сарбози қӯшунҳои сарҳадӣ, қисми низомии ноҳияи Рӯдакӣ Шаҳбол Мирзоев, ки дар натиҷаи муносибатҳои ғайриоинномавӣ аз моҳи марти соли 2014 ба бистари беморӣ афтод. Боз, қазияи сарбоз Акмал Давлатов (ҷавон дар қӯшунҳои сарҳадӣ, дар ноҳияи Мастчоҳ хизмат мекард), ки аз зарбаи куҳнасарбоз ба ишкамаш баъди хӯроки бегоҳирӯзӣ ба ҳалокат расид. Аз рӯи бисёр ҳолатҳои ҷинояткорӣ миёни хизматчиёни ҳарбӣ ҳукм содир шуд ва нафарони гунаҳгор ба маҳкама кашида шуданд.

20 шикоят нисбати муассисаҳои низоми ислоҳотӣ ворид шудааст, ки аз ин шумора қисми зиёдаш ба МИ 3/3-и шаҳри Хуҷанд, СИЗО №1-и Вазорати адлия ва МИ ¾-и шаҳри Душанбе рост меояд.

Инҷо аз парвандаи маҳкумшуда Дилшодбек Муродов ёдоварӣ мекунем, ки соли 2009 аз шиканҷаи эҳтимолӣ дар МИ 3/1-и Вазорати адлия дар Душанбе даргузашт. Тафтиши парвандаи ҷиноятӣ бо сабаби набудани таркиби ҷиноят 4 маротиба боз дошта шуд. Баъди шикоятҳои чандинкарата тафтиш аз нав оғоз гардид, аммо дар ниҳоят парвандаи мазкур бо сабаби муайян нагаштани шахсе, ки бояд ба сифати гунаҳгор ба ҷавобгарӣ ҷалб мегардид, қатъ карда шуд.

Дар худи ҳамон колония соли 2012 маҳбус Ҳамзаалӣ Икромзода вафот кард. Наздикони ҷавон боварӣ доранд, ки ӯ қурбонии шиканҷа ва муносибати бераҳмона гардидааст. Хулосаи расмии тиббӣ нишон дод, ки изҳои сӯхта дар бадани Ҳамзаалӣ дар натиҷаи расонидани кӯмаки аввалия ба миён омадаанд, ҷароҳати қафаси сина бошад, дар натиҷаи кӯшиши наҷот додани ӯ. Коршиносони судӣ-тиббӣ эълон доштанд, ки сабаби марги Ҳамзаалӣ худашро овехтан буд.

Ба ғайр аз ин, 9 шикоят нисбати КДАМ ва сохторҳои он дар ноҳияҳо, инчунин 3 шикоят нисбати Агентии назорати маводи нашъаовар, ҳамин қадар нисбати муносибати бераҳмона дар муассисаҳои махсусгардонидашудаи кӯдакона ва 1 шикоят нисбати корманди прокуратура ба қайд гирифта шудааст.

Тирамоҳи соли 2015 кормандони КДАМ дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон ба Г.М.-и 13-сола ҳангоми боздошти бародараш фишори равонӣ оварданд. Вазъи духтар чунон бад буд, ки ба беҳушӣ афтод.

Моҳи апрели соли 2015 дар тавқифгоҳи Агентии назорати маводи нашъаовар баъди чанд рӯзи боздошт Шамсиддин Зайдуллоеви 25-сола вафот кард, ки бо гумони гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар боздошт гардида буд. Наздикони ҷавон тасдиқ мекунанд, ки марги ӯ дар натиҷаи латукӯб ва шиканҷа рух додааст. Прокуратураи генералӣ нисбати марги Шамсиддин Зайдуллоев бо моддаи «Шиканҷа» парванда оғоз кард. Аммо баъдтар муфаттиши Прокуратураи генералӣ бо сабаби набудани таркиби ҷиноят, ки аз ҷониби модари ҷавон шикоят шуда буд, дар бораи қатъ кардани парванда қарор баровард.

Шояд харитаи мо саҳнаи воқеии истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмонаро инъикос накунад, аммо он бахусус бо дарназардошти шикоятҳое таҳия шудааст, ки ба Эътилоф ворид гардидаанд. Ба гумони мо, ҳолатҳои истифодаи зӯроварӣ аз ҷониби шахсони мансабдор шояд зиёдтар бошад ва ҷуғрофиёи истифодаи онҳо васеътар.

NoTorture.Tj