Ҳимоятгарон аз ВКД ҷуброни зарари маънавӣ талаб доранд

Ҳимоятгарон аз ВКД ҷуброни зарари маънавӣ талаб доранд

Ахиран як сокини деҳаи Қулободи ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон Маҳмадсаид Қаюмов ҳодисаи дуздии мағозаи бародараш ва дар пайи он, рӯзи 29-уми июни соли 2012 зимни бозпурсӣ аз суйи Машраф Алиев, корманди собиқи ШВКД-и ноҳияи Ёвон мавриди шиканҷа қарор гирифтани писараш Х.М.-и 18-солаву қасди худкушӣ кардани ӯро қисса кард

Маҳмадсаид Қаюмов дар як давраи омӯзишӣ барои рӯзноманигорон таҳти унвони Ҳуқуқи инсон ва озодӣ аз шиканҷа”, ки аз ҷониби Эътилофи созмонҳои зидди шиканҷа дар Тоҷикистон аз 28-ум то 30-юми октябр дар Душанбе доир карда шуд, ба ҳайси яке аз пайвандони нафари шиканҷашуда даъват гардида буд.

Барои Маҳмадсаид Қаюмов ба ёд овардани он рӯзҳои талх, ки бо дастони худ фарзандашро аз марг наҷот дод, осон набуд. Гоҳе аз алам гулӯгир мешуд ва гаҳе хомӯширо ихтиёр мекард. Вале ӯ тавонист асли воқеаро аз аввал то охир қисса кунад: “Соли 2012 мағозаи бародарамро дузд зад. Пас аз як моҳи ин ҳодиса писари ман, ки он замон ноболиғ буд, аз шахсе бо номи Саъдӣ симкорт харид. Ин симкортро ба мағозаи бародарам бурда, хостем онро ба номи мо гузаронад. Бародарам вақте шумораро дид, гуфт, ки “ин аз симкортҳои ман аст" ва барои муайян кардани ҳувияти дуздон ба ШВКД-и ноҳияи Ёвон хабар дод. Кормандони ин шуъба омада, бозпурсӣ карданд. Дар натиҷа, нафаронеро, ки дуздӣ карда буданду симкортро ба писари ман фурӯхтанд, ошкор карданд. Онҳо маблағи дуздидашударо ҷуброн карданд ва мо аз даъво даст кашидем. Масъала бо ҳамин ҳал шуд".

- Баъд аз як моҳ мағозаи бародарамро маротибаи дуюм дузд зад. Ин даъфа низ, гӯиё, сардори ҳамон дуздбачаҳо, ки ӯро Саъдӣ ном мебурданд, як телефони дуздиро оварда ба дасти писари ман медиҳад ва таҳдид мекунад, ки агар ин дафъа ҳам хабаркашӣ кунад, ӯро мекушанд. Ин ҳолатро писарам ба ман нагуфта, ба амакаш, соҳиби ҳамон мағоза нақл мекунад. Мо ин бор барои ошкор кардани дуздҳо писарамро бо дасти худ бурда ба ШВКД супоридем, - афзуд Қаюмов.

Номбурда дар идома гуфт: “Рӯзи аввал дар ШВКД-и ноҳияи Ёвон, зимни бозпурсӣ писарамро мезананд, то бегоҳ хӯрок намедиҳанд ва ҳатто ба ҳоҷатхона рафтан иҷозат намедиҳанд, ки дар ҷояш тар мекунад. Бегоҳии ҳамон рӯз ба ман занг зада, гуфтанд, ки "писарат дуздиро ба гардан гирифт". Ман бегоҳ ба ШВКД рафта, бо ӯ вохӯрдам. Писарам гуфт, ки аз сӯйи кормандони мақомоти интизомӣ зери шиканҷа қарор гирифтааст. Осори латукӯб дар пой ва тарафи чапи гарданаш низ дида мешуд. Ба муовини сардори ШВКД Умаров дар мавриди латукӯб шудани писарам аз ҷониби зердастонаш хабар додам. Гуфтам, ки писарамро задаанд. Ӯ гуфт: "Кӣ мезанад? Худатон ҳамроҳаш набудед?". Гуфтам, ки не. Умаров гуфт: “Ман дигар одамро мутасаддӣ мекунам, тафтишро аз нав сар мекунанд”. Ба онҳо гуфтам, ки "бовар надорам писарам дуздӣ карда бошад". Муовини сардори ШВКД гуфт, ки “писаратон қуфли мағозаро бурида, даромадааст”. Гуфтам, ки қуфлро набурида, балки шикаста даромадаанд. Агар ӯ мегуфт, ки шикаста даромадааст, ман чизе гуфта наметавонистам. Баъд гуфтанд, ки “имрӯз дер шудааст, пагоҳ ҳамон қуфлро гирифта биёред. Рӯзи дуюм ҳамроҳи писарам қуфлро гирифта ба ШВКД рафтем. Писарамро бурда дар як утоқ маҳкам карданд, ман ӯро то нисфирӯзӣ надидам. Соатҳои панҷи ҳамон рӯз рафта аз сари нав аз маҳалли ҳодиса боздид карданд. Гуфтанд, ки “ин корро то соати 22-и ҳамин бегоҳ ҳал мекунем”. Писарам боз ба ман гуфт, ки имрӯз ҳам латукӯб шудааст. Пурсидам, ки кӣ зад? Номи Машрафро гирифту гуфт, ки як нафари дигар низ будаасту ӯро нашинохтааст. Барои мо то ҳол шахсияти нафари дуюм маълум нест”.

Ба нақли Маҳмадсаид Қаюмов, ба ӯ гуфтаанд, маъмулан бо кӣ гаштугузор кардани писарашро аз ҳамсинфонаш бипурсад: “Вақте ба пурсуҷӯи ҳамсинфҳои писарам рафтам, ӯ ҳамроҳи модараш дар хона буд. Модарашро хоб мебарад ва писарам болои бом баромада, зери коҳу алаф пинҳон мешавад. Тақрибан соатҳои 9-и субҳ ман ба хона баргаштам. Модараш гуфт, ки писарамон ба куҷое рафтааст. Ман аввал бо нозири минтақа тамос гирифта, гуфтам, ки писарам дар хона нест. Вай гуфт: “Гум кардӣ, кофта ёб!”. Сипас хешону ҳамсояҳоро хабар додем ва ҳама ба ҷустуҷӯи писарам баромадем. Ҳар қадар ҷустуҷӯ кардем, дар ягон ҷой пайдояш накардем. Соатҳои 13-и зуҳр ӯро аз болои бом ёфтем, ки бо як рӯймол худашро дор кашидааст. Дарҳол ӯро наҷот дода, ба беморхонаи ноҳия бурдем. Ба гуфтаи пизишкон, агар каме дер мекардем, писарамро аз даст медодем”.

- Писарам баъди ба ҳуш омаданаш ба кормандони мақомоти тафтишотӣ гуфтааст, ки аз сӯйи нозири минтақавӣ Машраф Алиев шиканҷа шуда, ба ҳамин хотир, қасди ҷони худ кардааст. Ташхиси тиббӣ низ нишон дод, ки писарам ҳангоми бозпурсӣ латукӯб шудааст”, - гуфт Маҳмадсаид Қаюмов ва афзуд: “Баъдан мо бо кӯмаки созмонҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла Маркази ҳуқуқи кӯдак, Созмони ҳуқуқи башар ва бо кӯмаки бевоситаи ҳуқуқшиносон Сергей Романов, Гулчеҳра Холматова, Умед Ниёзов, Абдураҳмон Шарифов нагузоштем нафаре, ки фарзандамро латукӯб кардааст, беҷазо бимонад. Вақти дар беморхона будани писарам ба додситони ноҳия ариза додам. Баъди як моҳ, чун дидам, ки ягон натиҷа надод, ба Додситонии кулл ва Вазорати корҳои дохилӣ ариза супоридам. Танҳо пас аз ин мақомот аз пайи кор шуданду шахсе, ки писарамро латукӯб карда буд, муҷозот шуд".

Аммо Маҳмадсаид Қаюмов аз он изҳори нигаронӣ кард, ки бо вуҷуди маълум будани шахсияти дуздони аслии мағозаи бародараш, онҳо ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида нашудаанд. Илова бар ин, яке аз онҳо барои адои хизмат ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ даъват шудааст.

Абдураҳмон Шарифов, яке аз вакилони мудофеи Х.М. дар мавриди қасди худкушӣ кардани зерҳимояаш назари худро чунин баён кард: “Пас аз ҳодисаи дуздии мағозаи бародари Маҳмадсаид Қаюмов, вақте телефонро оварда ба дасти Х.М. доданду ӯро таҳдид карданд, миёни бародарон баҳс ба миён омад. Онҳо ба ин натиҷа расиданд, ки барои ошкор кардани дузд Х.М.-ро ба дасти кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супоранд ва ҳамин тавр низ карданд. Ин амали падару амак ба Х.М. таъсири сахти равонӣ расонд. Аз сӯи дигар, вай аз ҷониби собиқ нозири минтақавӣ Машраф Алиев мавриди шиканҷа қарор гирифт ва дигар чӣ кор карданашро надониста, қасди худкушӣ намуд”.

Нисбати Машраф Алиев, корманди собиқи милиса, 3-юми майи соли 2012 дар асоси моддаҳои 143 қисми 1, (шиканҷа), 109 (ба худкушӣ расонидани ноболиғ) ва 316 (баромадан аз ҳадди ваколати мансабӣ) парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуд.

11-уми декабри соли 2013 додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа бо судури як қарор маъмури пешини шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ёвон Машраф Алиевро барои 7 сол равонаи зиндон кард. Илова бар ин, додгоҳ барои табобати ҷабрдида 1619 сомонӣ ҷарима таъин намуд.

Дар ҳамин ҳол, ба назари вакилони мудофеъи Х.М., муҳлати таъинкардаи додгоҳ нисбати Машраф Алиев қонеъкунанда нест. Гулчеҳра Холматова, яке аз вакилони дифоъи Х.М. гуфт, ки "7 соли маҳрумият аз озодӣ нисбати Машраф Алиев ҷазои бисёр сабук буд, зеро озодӣ аз шиканҷа дар Тоҷикистон ҳаққи мутлақ ба ҳисоб меравад ва шиканҷа худ як ҷинояти вазнин аст".

Абдураҳмон Шарифов, яке аз дигар вакилони мудофеъи Х.М. гуфт, дар ин қазия аз додгоҳ муҳлати мушаххасе талаб накарда буданд: “Мо тақозо доштем, ки ҷазои қатъии сатҳи болоӣ дода шавад. Моддаи 143 аз тарафи қонунгузорон дар қисми пешбинӣ кардани ҷазо номукаммал бароварда шудааст. Банди аввали ин модда муҳлати ҷазоро ба дараҷаи миёна овардааст, ки ин ба меъёрҳои байналмилалӣ рост намеояд. Яъне, афроде, ки мутобиқи ин банди Қонуни ҷиноӣ муҷозот мешаванд, татбиқи қонуни афв нисбати онҳо имконпазир аст. Ҳол он ки, ин гуна афрод набояд афв шаванд ва чунин ҷиноятҳо бояд ба категорияи махсусан вазнин дохил карда шаванд. Аз рӯи ин модда муҳлати ҷазо бояд аз 12 сол боло таъин шавад”.

Абдураҳмон Шарифов дар мавриди ошкор нашудани бештари ҳолатҳои истифода аз шиканҷа гуфт: "Аксарияти шахсоне, ки ҳадафи шиканҷа қарор гирифтаанд, имкони исбот кардани ин гуна ҳолатҳоро надоранд".

Вакилони мудофеъи Х.М. мегӯянд, ки барои рӯёнидани ҷуброни зарари манънавӣ ба маблағи 50 ҳазор евро, муъодил ба беш аз 300 ҳазор сомонӣ, аз болои Вазорати корҳои дохилӣ ба додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аризаи даъвогӣ пешниҳод хоҳанд кард. Ба қавли вакилони дифоъи Х.М., ҳаҷми маблағро коршиносони укроинӣ муайян кардаанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ки тайи се соли охир дар Тоҷикистон дастикам 6 нафар - Ҳамза Икромзода, Сафаралӣ Сангов, Исмоил Бачаҷонов, Хуршед Бобокалонов, Баҳромиддин Шодиев ва Умедҷон Тоҷиев дар пайи боздошт ва ё дар зиндон, зоҳиран, бар асари шиканҷа ба ҳалокат расидаанд. Аз ин миён то имрӯз танҳо пайвандони Исмоил Бачаҷонов тавонистаанд аз идораи зиндонҳои Вазорати адлия 30 000 сомонӣ, пайвандони Сафаралӣ Сангов аз Вазорати корҳои дохилӣ 46 000 сомонӣ ва модари Баҳромиддин Шодиев аз ШВКД-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 14 000 сомонӣ товони зарари маънавӣ рӯёнанд.

Ва ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, омори расмии мақомот тамоми мавориди шиканҷа дар боздоштгоҳҳову зиндонҳои кишварро дар бар намегирад.

NoTorture.Tj