«Облава»: Гурез-гурез сар мешавад?

Президент Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамзамон Сарфармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар фармонеро «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати баҳории шаҳрвандони солҳои таваллуди 1989-1998-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» имзо кардааст.

Мувофиқи ин фармон, аз 1-уми апрел даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар оғоз гардид. «Вазорати мудофиа ва раисони комиссияи даъват вазифадор карда шаванд, ки бо дарназардошти хусусиятҳои хос, қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ ва қисмҳои ҳарбии таъиноти махсус аз ҳисоби даъватшавандагони ба таври дақиқ интихобшуда мукаммал гарданд»,- омадааст дар фармони мазкур.
Дар пайи ин фармон Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон рӯзи 31-уми март дар Донишкадаи ҳарбӣ бо иштироки комиссарони ҳарбии шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳои ҷумҳурӣ машварати корӣ баргузор намуд, ки дар он масъалаҳои вобаста ба ташкили маъракаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар баррасӣ карда шуд. Тибқи маълумотҳо, вазир ба ҳозирини машварат оид ба ташкили маъракаи даъват дастуру супоришҳо додааст. Гузашта аз ин, қатъиян талаб намудааст, ки дар доираи қонунгузории кишвар амал намуда, аз даъвати маҷбурии шаҳрвандон (аз ҷумла «облава» ҳам дар назар аст,- Ш. Ф.) ба сафи артиш хотима бахшида шавад. 
Инчунин, Шералӣ Мирзо қайд кардааст, ки шумораи шаҳрвандони синну соли мувофиқи даъват ба хизмати ҳарбӣ аз талаботи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар якчанд маротиба зиёд аст ва ин омил имкон медиҳад, ки танҳо шаҳрвандони босаводу бомаърифат ва солим ба хизмат даъват карда шаванд. 
Ба гуфтаи бархе аз сокинон, чунин дастуру супоришҳои масъулини соҳа дар ҳолест, ки бо саршавии маъракаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ «шикори» баъзе аз кормандони комиссариатҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар низ авҷ мегирад. Ин маърака, ки байни мардум бо номи «облава» машҳур аст, барои мардуми кишвар дарди сар эҷод мекунад. Ҷавонони синни даъватӣ кӯшиш мекунанд, ки пеш аз оғози маърака ба хориҷ аз кишвар рӯ ба гурез оранд. Шикоятҳое низ вуҷуд доранд, ки солҳои охир дар пайи «облава» зимни гурез-гурез чанд ҷавон ҳам афтида, маъюб шудаанд ва ё ҳангоми муқобилият нишон додан мавриди латукӯби кормандони комиссариатҳо қарор гирифтаанд. Аммо баръакси ҳол, хабарҳо дар мавриди латукӯб шудани баъзе кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ аз ҷониби наздикони «облавашудагон» низ ба гӯш мерасад, ки чунин ҳолатҳо бешубҳа доғе дар шаъну шарафи Вазорати мудофиа хоҳад буд.  
Сарусадоҳо дар мавриди он, ки зимни маъракаи даъват ба артиш «даъватшудагон» миёни комиссариатҳои баъзе аз ноҳияҳо «бизнес» карда мешаванд, зиёданд. Ё инчунин овозаҳое, ки кормандони ин ниҳодҳо бо сӯйистифода аз мақоми хизматӣ дар маҳалҳои ба онҳо дахл надошта «амалиёт» мегузаронанд, мардумро беҳад нигарон намудааст, вале ин падидаи номатлуб ҳамеша аз ҷониби мақомоти марбута рад карда мешавад. 
Тафтишот ҳодисаи бо кормандони Комиссариати ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Пӯлод Мирзоев, Ҳамза Насибов, Темурхон Эгамбердиев ва Рустам Саъдуллоев рухдодаро, ки субҳи 7-уми ноябри соли гузашта дар кӯчаи Деҳотии ноҳияи Фирдавсии пойтахт сурат гирифт ва ба марги дуи аввалӣ анҷомид, ба итмом расонидааст. Айни ҳол парванда дар Суди шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор дорад. Мақомот Шариф Раҳматови 20-сола ва Умедҷони Амрохони 21-соларо дар ин ҷиноят айбдор дониста, боздошт кардаанд, вале бо гузашти 6 моҳ то ҳанӯз сабабҳои катли кормандон расонаӣ нашудааст ва мақомот низ дар пайи «облава» ба қатл расидани онҳоро рад мекунад.
Инак, маъракаи имсолаи даъвати ҷавонон ба хизмати аскарӣ низ оғоз гардид. Бо фарқ аз солҳои пешин, аллакай дар рӯзи аввали даъват баъзе аз навоҳии кишвар аз иҷрои нақша сарбаландона «ҳисобот» додаанд. Бино ба маълумоти расмӣ, 1-уми апрел, дар рӯзи аввали даъвати ҳарбӣ дар мавсими нав Комиссариати ҳарбии ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон нақшаи даъватро 100 % иҷро кардааст. Ба гуфтаи масъулин, 50 %-и даъватшавандаҳо, ки ихтиёран барои хизмат дар артиш ҳозир шудаанд, хатмкунандаҳои макотиби олӣ будаанд.
Баъзе коршиносон бар он назаранд, ки вақтҳои охир баъзе аз роҳбарони шаҳру ноҳияҳои кишвар роҳи нави ҷалби ҷавонро ба хизмат ба роҳ мондаанд. Эшон аз иқдоми таъсирбахши «ваъдаи» роҳбарияти ноҳияи Масчоҳ ёдовар мешаванд, ки соли гузашта ба сокинон бар ивази хизмати аскарии фарзандонашон ваъдаи ҷудо намудани замини наздиҳавлӣ дода буд ва аз аввалинҳо шуда аз иҷрои нақшаи даъват «ҳисобот» дод. Вале дар ҳамин ҳол Комрони Аслон, яке аз ҷавонони ноҳияи Айнӣ, ки хатмкардаи ДДХ-и вилояти Суғд асту айни замон дар шаҳри Душанбе кор ва дар хонаи иҷора бо рафиқон зиндагӣ мекунад, дар суҳбат бо мо гуфт, ки се сол қабл маҳз чунин ваъдаро аз масъулин гирифта буд. Як намояндаи ҳукумати ноҳия дар маҳал ваъда додааст, ҷавононе, ки ихтиёран ба хизмати аскарӣ мераванд, бо 8 сотих қитъаи замини наздиҳавлӣ таъмин карда мешаванд. Вале Комрон мегӯяд, баъди як соли хизмат (пас аз хатми донишгоҳ) чун ба раиси маҳаллаашон барои замини ваъдагӣ муроҷиат намудааст, ҷавоб гирифтааст, ки «шумо вазифа ва қарзи шаҳрвандиатонро иҷро кардаед». 
Иброҳим Шодиев, корманди Комиссариати ҳарбии ноҳияи Ёвон мегӯяд, ки дар ноҳияи онҳо бо роҳи маҷбурӣ ва ё «облава» ба сафи артиш ҷалб намудани ҷавонон вуҷуд надорад: «Мо - кормандони комиссариат сар аз аввали моҳи апрел миёни аҳолии ҷамоату деҳот фаҳмондадиҳӣ гузаронида, аз мардум хоҳиш мекунем, ки барои ба хизмати аскарӣ ҷалб гардидани фарзандонашон мусоидат намоянд. Шахсан ман бо якчанд нафар кормандони комиссариати ҳарбӣ дар ҷамоатҳои деҳот бо мардум вохӯриҳо ташкил мекунем. Ҳарчанд супориш аст, ки даъватномаи ҳарбиро шахсан ба дасти даъватшаванда бояд супорем, вале мутаассифона ҷавонон моро дида мегурезанд. Бовар кунед, аз ин амали онҳо шарми кас меояд, шахсан худамро дар ҳолати ногувор ҳис мекунам. Бо вуҷуди супориш маҷбур мешавем даъватномаро ба дасти волидонашон диҳем. Ҳарчанд пештар ҳам дар ноҳия аз роҳи маҷбурии даъват ба хизмати ҳарбӣ кор намегирифтем ва нақшаи даъват иҷро мекардем, вале имсол қонун нисбати даъватшавандаҳо сахттар шудааст. Дар сурати такроран дар муҳлати муаяйншуда ҳозир нашудани даъватшаванда, комиссариат маҷбур мешавад санад омода намуда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супорад».
Ҷаноби Шодиев вобаста ба ваъда додани қитъаи замини наздиҳавлӣ мегӯяд, ин кор ба салоҳияти ниҳоди онҳо дохил намешавад, вале ӯ шахсан кӯшиш кардааст ва ба муҳтоҷони қитъаи замин кӯмакашро расонад. Ӯ аз хонаводае аз ҷамоати Норим ёдовар шуд, ки 5 сол пеш дар як ҳавлӣ 4-5 нафар келин зиндагӣ мекарданд ва бо дастгирии вай ин хонавода соҳиби қитъаи замин гаштааст. Айни замон барои ҳавасмандкунӣ 5 оилаи дигар, ки фарзандонашон ба хизмати ҳарбӣ ҷалб гардидаанд, дар рӯйхати гирифтани қитъаи замин дар сафи аввалинҳо ҷойгир карда шудаанд.
Аммо Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати мудофиаи кишвар зимни суҳбат дар масъалаи ваъдаи додани замин ба даъватшавандаҳо гуфт, ки ин кори комиссариатҳо нест. 
Бо фармони Президент масъули даъват раисони ноҳияҳову вилоятҳо мебошанд. Онҳо вазифадоранд, ки гуруҳи корӣ ташкил намуда, миёни мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд ва барои иҷрои нақшаи даъват сари вақт мусоидат намоянд.
Ба гуфтаи Фаридун Маҳмадалиев, дар ду рӯзи аввали даъвати ҳарбии имсола, ки ба рӯзҳои ҷумъа ва шанбе рост омад ва аз аввалинҳо шуда, ноҳияҳои Мастчоҳ ва Истиқлоли вилояти Суғд ва Дарвози ВМКБ аз иҷрои нақшаи даъват гузориш доданд, ки 20 фоизи нақшаи даъватро дар кишвар ташкил медиҳад.
Ҳарчанд мақомот ҷой доштани «облава» - даъвати маҷбурии ҷавононро ба истиснои як-ду ҳолат, ки кормандони комиссариати ҳарбӣ барои ин амал ва латукӯби ҷавоне зимни «облава» ҷазо гирифтаанд, рад мекунанд, вале аввалин қадамҳои «облава» дар мавсими имсола аллакай дар ноҳияи Ваҳдат гузошта шуд.  
Имрӯз, 5-уми апрел, вақте ин матлаб омода мегашт, хабаргузории «Озодагон» хабар дод, ки Мунис Искандарзода, донишомӯзи 17-солаи Литсейи касбии хизмат ва туризми шаҳри Душанбе дар роҳи бозгашт ба хона дар ноҳияи Ваҳдат ҳадафи «облава» қарор гирифтааст: «Дар роҳ мерафтам, ки як нафар бо либоси мулкӣ аз пешам баромад ва аз дастам гирифта, ба мошини «Мерседес» даровард. Он ҷо нафарони дигар бо либоси низомӣ буданд. Гуфтам барои хизмат ҳанӯз синнам намерасад, соли таваллудам 1999 мебошад. Гуфтам дар литсей мехонам, бовар накарданд ва ба Комиссариати ҳарбии шаҳри Ваҳдат бурданд. Танҳо баъди 2,5 соат, пас аз дақиқ кардани синну сол ва донишомӯз буданам, маро ҷавоб доданд».
Ба ҳар ҳол, мавсими даъват нав оғоз шудааст ва то охири май мебинем, ки имсол аз солҳои пешин чӣ фарқ хоҳад дошт.

Шамсулло ФОЗИЛОВ, «ФАРАЖ»