Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Ташкилоти ҷамъиятии «Машваратчиёни халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки ба ҳайати Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар ҶТ шомил аст, дар соли 2024 ду лоиҳаи марбут ба мубориза бо шиканҷаро амалӣ намуд.
Инҳо лоиҳаи «Машваратчиёни халқӣ зидди шиканҷа», ки бо дастгирии IPHR дар давоми шаш моҳ амалӣ карда шуд ва лоиҳаи «Дастгирии ташаббусҳои шаҳрвандӣ оид ба пешгирии шиканҷа дар Тоҷикистон», ки бо дастгирии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ва бо кумаки молиявии Фонди Зигрид амалӣ гардид (давомнокии лоиҳа чор моҳ буд), ба шумор мераванд.
Ҳарду лоиҳа ба мусоидат ба иштироки фаъолонаи институти машваратчиёни халқӣ дар ҷараёни мурофиаҳои судӣ, омӯзиши ошкор намудани ҳолатҳои шиканҷа тавассути баланд бардоштани сатҳи иттилоотию ҳуқуқии дониш ва малакаҳои амалии онҳо, фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ барои баррасӣ ва амалисозии механизмҳои пешгирии шиканҷа, мубориза бар зидди шиканҷа ва пурзӯр кардани ҷазо барои истифодаи он равона гардида буданд.
Дар доираи ин лоиҳаҳо барои машваратчиёни халқии судҳо дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Деваштич, Шаҳристон, Истиқлол ва Исфара шаш тренинги дурӯза гузаронида шуд. Ҳамагӣ 120 нафар машваратчиёни халқӣ фаро гирифта шуданд.
Инчунин дар ШТР «Азия» бо иштироки намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, суд, РВКД, Раёсати адлия, адвокатҳо, намояндагони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон (ТҶ «Дунёи ҳуқуқ», ТҶ «Машваратчиёни халқии ҶТ»), намояндагони ВАО ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мавзӯи «Нақши давлат, ҷомеа ва ВАО дар пешгирӣ ва мубориза бо шиканҷа» ток-шоу баргузор гардид.
Дар доираи лоиҳаҳо инчунин барномаи «Ёрии аввалия ба қурбонии шиканҷа» низ сабт ва дар радиои «Ватан» пахш гардид.
Ба ғайр аз ин, “Дастур барои машваратчиёни халқӣ” таҳия гардида, бо теъдоди ҳамагӣ 300 нусха чоп ва миёни машваратчиёни халқӣ тақсим карда шуд.