Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Ахиран навори латукӯб шудани як муҳоҷири тоҷик дар метрои Маскави Федератсияи Русия норозигии ҷомеаи тоҷикро ба бор овард. Бисёриҳо афсӯс мехӯранд ва нигаронӣ аз он доранд, ки муҳоҷири тоҷикро ҳатто барои надоштани чипта мавриди шиканҷа қарор медиҳанд.
12-уми ноябри соли ҷорӣ як навори видеоӣ тариқи шабакаи иҷтимоии “Ютуб” пахш шуд, ки дар он муҳоҷири ҷавони тоҷик аз ҷониби корманди мақомоти қудратии Русия мавриди хушунат ва лутукӯб қарор мегирад. Пулис муҳоҷирбачаи тоҷикро дар байни мардум задаву ба замин афтонида, сипас бо як муносибати дағалона ба дастони ӯ завлона мезанаду бо худ мебарад. Ин манзараро муҳоҷири дигари тоҷик навор бардошта, кӯшиш мекунад, то пулис худро муаррифӣ кунад, аммо талошҳои ӯ бенатиҷа мемонад. Пулис ба ягон саволи наворбардор ҷавоб намедиҳад.
Бояд гуфт, ки тибқи қонунгузории Русия, барои бечипта ворид шудан ба нақлиёти ҷамъиятӣ, инчунин метро ҷарима пешбинӣ шудааст. Аммо дар ин навор дида мешавад, ки полис ҷавони тоҷикро латукӯб мекунад. Пас қонун барои кист?
Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшинос тоҷик оид ба ҳодисаи рухдода мегӯяд, ки агар назоратчии вагони метро оид ба надоштани чипта ба корманди пулис муроҷиат мекард, он гоҳ пулис метавонист бо риояи тартиби муқаррарнамудаи қонун, ҳамчун намояндаи ваколатдори ҳифзи ҳуқуқ, шахсияти мусофирро муайян кунад ва баъдан санадҳои заруриро дар бораи оғози парвандаи маъмурӣ ба анҷом расонад.
- Агар зимни амалӣ намудани ваколатҳои пулис мусофир ба ӯ муқовимат намуда, кӯшиши аз ҷойи ҳодиса ғайб заданро бикунад, пас ҷониби дигар водор мешавад, ки дар доираи салоҳияташ амал намояд. Вале шоҳидони ҳодиса гувоҳи он бошанд, ки аксуламали корманди пулис берун аз ваколатҳои хизматии ӯ буд ва зиёдаравӣ кардааст, дар ин ҳолат мусофир ҳаққи муроҷиат карданро ба макомоти прокуратура ё суд албатта дорад,- мегӯяд Ш. Ҳакимов.
Гарчанде ҳодисаҳои шиканҷа шудани муҳоҷирони тоҷик хабари нав набошад ҳам, ҷомеаи шаҳрвандиро ин гуна амалҳои ноҷои кормандони мақомот, ки тартиботи ҷамъиятиро бояд ба танзим дароранду баръакс, худ ба қонуншиканӣ даст мезананд, ба ташвиш овардааст.
Дар ҳамин ҳол, Абулло Давлат, роҳбари Иттиҳоди тоҷикони Русия гуфт, ки пулис ҳуқуқи даст бардоштан ба боздоштшуда надорад, агарчи ҷинояти сангин содир карда бошад ҳам: “Ҷазои чинояткорро бояд суд муайян кунад, чи ҷинояти маъмурӣ (надоштани чипта) бошад ва чи ҷинояти вазнин. Афсӯс, ки баъзе кормандони пулис қонуншиканӣ мекунанд. Як нуктаро бояд қайд кард, ки аз рӯи қонунҳои амалкунанда, "ҷамъият", аниқтараш ташкилоти ҷамъиятӣ муваззаф аст, ки аз ҳуқуқҳои аъзоёнаш пуштибонӣ кунад ва ё кӯмаки дигаре расонад”.
Аммо вобаста ба ин қазия ҳеҷ бархӯрде аз ҷониби Тоҷикистон нашудааст. Мисли он, ки ҳодисаи латукӯб шудани муҳоҷирони тоҷик дар Русия як амали маъмулӣ бошад.
Каромат Шарипов, роҳбари Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия мегӯяд, ки имрӯз муҳоҷири тоҷик ба андозаи қатраи “об” арзиш надорад: “Хуб медонед, ки чӣ кори баде дар Русия нашавад, аз тоҷикон мебинанд. Дигар ин миллат баробари як катра об обрӯ надорад. Ҷониби Тоҷикистон кайҳо боз чашмони худро бо латта бастааст. Гӯё чизеро намедида бошад. Нисбати ин ҳодиса изҳорот навишта истодаам. Вале мо дар як ҳолати вазнини байни давлатҳо қарор дорем. Яъне, боре ҳам ҷониби Тоҷикистон барои ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони тоҷик бо ҳукуматдорни рус сари як миз нанишастаанд. Аз ин рӯ, мо барои русҳо ҳамчун ғулом ва масхарабоз хоҳем монд”.
Шарипов бар ин назар аст, ки муҳоҷири тоҷик то аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон пуштибоне пайдо накунад, миллати тоҷик зери таҳқиру танқид ва шиканҷа карор мегирад. Яъне муҳоҷири тоҷик ба ҳадде қадр надорад, ки ҳатто мавриди бозпурсӣ карор гирад, ба ҷуз зери мушту лагад афтидан.
Насрулло Маҳмудов, вакили парлумон ва муовини раиси Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагон вобаста ба қазияи мазкур мегӯяд, ки бояд тафтишоти пешакии ҳамон минтақа ҳодисаро омӯзад, пас аз он метавон чора андешид.
- Ҳоло асли қазияро пурра намедонем. Аз ин рӯ, бояд тафтишоти пешакии Русия сабабҳои онро дақиқ намояд ва вобаста ба ин чора андешад,- афзуд ӯ.
Ба гуфтаи вакил, корманди пулис на дар Тоҷикистон ва на дар дигар кишвар ҳуқуқи татбиқи шиканҷаро надорад. Аз ин лиҳоз, шаҳрванди тоҷик метавонад ба мақомоти ҳамон маҳал муроҷиат кунад ва мақомоти дахлдор вазифадор аст, ки ҷойи ҳодисаро санҷад.
Аммо Иззат Амон, роҳбари Созмони ҷавонони тоҷик дар Русия, ҷинояткорони асосиро худи пулиси Русия мешуморад. Ӯ мегӯяд: “Дар ин кишвар аксарияти ҷинояткорон худи пулиси ин кишвар мебошанд. Ба наздики пулисеро, ки дар маҳбаси шӯъба муҳоҷирзани ҳомилаи қирғизро таҷовуз карда буд, аз кор ронданд. Албатта, раҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар ин бора вокуниш нишон доданд”.
Бо вуҷуди ин, Каромат Шарипов таъкид мекунад, ки роҳи ҳалли масъала вуҷуд дорад: “Агар Ҳукумати Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ҷамъият ва созмонҳои муҳоҷирон кор кунанд, метавон аз мушкилии ҷойдошта берун омад. Вале ҷониби Тоҷикистон аз ин чиз дурӣ меҷӯяд”.
Инчунин, Каромат Шарипов бар ин назар аст, ки агар вазъи муҳоҷири тоҷик дар Русия ҳамин хел рафтан гирад, миллати тоҷик ба мисли курдҳои Туркия дар тамоми дунё бе ному нишон пароканда хоҳанд шуд.
Бо вуҷуди ин, соҳибназарон зери назорат гирифтани қазияи шиканҷаи муҳоҷирро дар Русия зарур мешуморанд. Гарчанде таҳқиқи ҳодиса вазифаи сохторҳои марбутаи давлат бошад ҳам, ба андешаи онҳо, созмонҳо ва диаспораҳои тоҷик нисбати ҳодисаи мазкур набояд бетафовут бошанд. Инчунин, Сафорати Тоҷикистон дар Русия бояд нисбати ин қазия аҳамияти хоса зоҳир намояд, то ин ки ҳуқуқу ӯҳдадориҳои муҳоҷир дар он кишвар ҳифз гардад.