Тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ ба Тоҷикистон

Тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ ба Тоҷикистон

Пас аз пешниҳоди Гузориши 2-юми ҳайати ҳукумати Тоҷикистон дар иҷлосияи навбатии Кумитаи зидди шиканҷаи СММ, аз ҷониби ин Кумита ба Тоҷикистон як қатор тавсияҳо пешниҳод шуданд.

Аз ҷумла Кумита аз чораҳои қонунгузорӣ нисбат ба пешгирии ҳодисаҳои шиканҷа ва муқаррар намудани ҷазо ба онҳо ва ворид гардидани моддаи алоҳидаи шиканҷа дар қонун истиқбол намуда, дар баробари ин тавсия медиҳад, ки ба ин модда тағийрот ворид карда шавад, то ки ҷазо барои шиканҷа сатҳи вазнинии онро ифода намуда, ба талаботи моддаи 4-и Конвенсияи зидди шиканҷа мутобиқат дошта бошад.

Аъзои Кумита ҳамчунин аз он изҳори нигаронӣ кардаанд, ки соли 2011 Қонун дар бораи афв ба мақомоти прокуратура ҷиҳати озод кардан, сабук намудани ҷазо ва коҳиши мӯҳлати ҷазои гунаҳкорон барои шиканҷа ваколатҳои зиёд дод.

«Қонун дар бораи афв бояд муқаррароти дақиқеро дар бар дошта бошад, ки дар он ҳеҷ як шахси барои истифодаи шиканҷа маҳкумшуда набояд аз ҳуқуқи истифода аз афв ҳуқуқ дошта бошад ва инро бояд кишвари узви Конвенсия таъмин кунад»,- зикр мегардад дар яке аз тавсияҳо.

Ҳамчунин аз марги маҳбусону боздоштшудагон зимни боздошт ё дар муассисаи ислоҳӣ низ изҳори нигаронӣ шуда, баргузории тафтишоти саривақтӣ, беғаразона ва дақиқи ҳодисаҳои марбут ба шиканҷа ва кирдори бераҳмона дархост шудаву ба муҷозот кашидани масъулону гунаҳкорони ин ҳодисаҳо ва пардохти ҷуброн ба оилаҳои ҷабрдидагон тавсия мешавад.

Ҳамчунин Кумита аз кишвари узв дархост мекунад, ки дар бораи ҳодисаҳои шиканҷаву марги маҳбусон дар муассисаҳои ислоҳӣ ва сабабу натиҷаҳои тафтишоти он саривақт маълумоти ҳамаҷониба пешкаш карда шавад.

Наргис Ҳамробоева, Азия-Плюс