Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Ду нафар зан аз ноҳияи Темурмалик аз шиканҷа шудани наздиконашон аз ҷониби кормандони милиса ва арзу шикояташонро қабул накардани додситони ноҳия шикоят мекунанд. Х. Авазова - модари боздоштшуда З. Одинаев ва Н. Шералиева - ҳамсари боздоштшуда М. Саидов аз беадолатии милисаву додситони ноҳияи Темурмалик ва шиканҷа шудани наздиконашон ба Прокуратураи генералӣ, Дастгоҳи иҷроияи Президент ва ВКД номаи шикоятӣ ирсол кардаанд, то гунаҳгорон дар доираи қонун ҷазо бигиранд.
Хатича Авазова - модари Заробиддин Одинаев, сокини деҳаи Дасторқозӣ, ҷамоати деҳоти Лақай Қармишеви ноҳияи Темурмалик мегўяд, ки «соати 1-и рўзи 14-уми феврали ҳамин сол, вақте Заробиддин ҳамроҳи додараш говҳоро дар адир, дар чарогоҳи хоҷагии деҳқониамон ҷамъ карда истода будаанд, се нафар корманди милиса бо либосҳои ғайринизомӣ меоянд, ки як нафарашро Қобил ва нафари дигарро Маҳмад Раҳмонов ном мебаранд. Заробиддини писарамро аз болои асп фароварда, сенафара сахт задаву (ҳоло либосҳояш дар хона аст) дасту пойҳояшро баста, дар болои зини асп бор кардаву баста, аз об гузаронидаанд. Ҳолати дар асп бурданро қисман сокинони деҳаи Шибанай дидаанд. Вақте ман ба он деҳа рафтам, ҳама мегўянд, ки «мо дидем, писаратонро болои асп, бо дасту пойи баста бурданд». Мо - аъзои оила аз ин кор бехабар будем. Танҳо соати 1-и шаб писари калониам ҳамроҳи холабачааш омада ба ман гуфтанд, ки «Заробиддини писаратро бурда, дар ШВКД-и ноҳия маҳкам карданд». Ман оҳ гуфам, дилам суст шуду афтодам. Тоҷиддини писарам гуфт, ки «оча, хез, худатро мард бигир, рафтем». Якҷоя ба ШВКД-и ноҳия рафтем. Соат яку панҷоҳ дақиқаи шаб буд. Ба ШВКД-и ноҳия даромада, аз навбатдори милиса пурсидам, ки «Заробиддини ман куҷост?». Навбатдор гуфт, ки «ҳамин хел шахс дар мо ҳаст, хола. Ҳозир соати 2-и шаб аст, ҳама хоб, пагоҳ биё». Баъдтар фаҳмидам, ки дар ошёнаи болоӣ Заробиддинро зада истода будаанд ва маро ҳамон шаб ҷавоб доданд. Вақте ба хона даромадем, падараш пурсид, ки «чӣ гап шуд?». Ҳолати корро нақл кардам. Саҳар хўрок гирифта рафтем. Гуфтам, ки «писарамро ба ман нишон диҳед». Вале нишон намедиҳанд. Се - чор рўз ҳамин хел Заробиддинро шиканҷа доданд. Аз Кўлоб одам оварданд. Вақти дар бинои ШВКД будани ман акаи Муҳаммаднабӣ, шавҳари Шералиеваро аз боло мефароранд. Мебинам, чунон шиканҷа додаанд, ки таги чашмонаш ҳама сиёҳу кабуд гаштааст, ки шинохта намешавад. Ба вай гуфтанд, ки «Муҳаммаднабӣ, носи кашидаатро ин ҷо туф накун». Баъд ман фаҳмидам, ки ин кас шавҳари Нозигул аст. Бачаи маро нафароварданд. Баъд муфаттиш Пўлод Мудинов баромад ва гуфт, ки «очаҷон, писаратон тоза баромад, ҳеҷ гап нест, бегоҳ ҷавобаш медиҳем, гирифта меравӣ». Боз гашта хона рафтам. Падараш боз пурсид, ки «чӣ гап шуд?». Гуфтам, ки «мегўянд тоза баромадааст, бегоҳ мебароремаш».
Ҳамон рўзе, ки писарамро бурданд, шабаш чор гови маро дуздҳо бурдаанд. Писари дигарам, ки сеюм курс аст, гуфт, «оча, говҳоямонро дуздиданд».
Бегоҳаш боз омада, дар остонаи ШВКД шиштам. Прокурори калон омада дарун даромад ва вақте аз ШВКД мебаромад, маро дида пурсид: «Апа, барои чӣ омадаӣ? Чӣ гап аст?». Ман гуфтам, ки «писарамро оварданд ҳамин ҷо, барои писарам омадам, ҷавобаш медиҳанд, боз чорто говамро низ дуздиданд». Гуфт, ки «кӣ ҷавобаш медиҳад?». Гуфтам, ки «муфаттиш гуфт». Баъд прокурори ноҳия Сироҷзода тарафи милисаҳо гашта гуфт, ки «гирифта барен ин занро ҳам, маҳкам кунед. Гов - пови инро надуздидаанд». Ман номи ў ва чӣ гуфтанашро ҳам дар номаи ба Дастгоҳи иҷроияи Президент навиштаам ишора кардаам. Вақте чунин ҳолатро дидам, гуфтам, ки «маро бурда маҳкам кунед». Баъд баромада хона рафтам.
Ҳар саҳар хабаргирӣ меомадам. Мурофиаи судӣ гузарониданд, ман намедонам. Омадам суд, вале милисаҳо маро даромадан нагузоштанд. Боз аз ин ҷо баромада хона рафтам. Вақте дигарбора омадам, гуфтам, ки «бачаамро пурсед, дуюним ҳазор сомонӣ дар кисаи курткааш буд, он пулро куҷо кардааст?». Кормандони милиса акаашро гуфтанд, ки «ин хел пул нест». Ба адвокат гуфтам, ки Заробиддинро пурсад, ки пулро куҷо кардааст? Заробиддин ба адвокат дар вақти вохўрӣ гуфтааст, ки «муовини сардори ШВКД маро зада пулҳоямро гирифт». Адвокат омада бачаи ман - Тоҷиддинро бурда, гуфтааст, ки курткаву дуюним ҳазор сомонии Заробиддин дар куҷоянд? Онҳо гуфтаанд, ки «додарат курткаву дуюним ҳазор сомонӣ надошт». Рафта даромада курткаву дигар либосҳояшро, ки ҳама пур аз лою хун буд, гирифтам. Дар мактуби ба Дастгоҳи иҷроияи Президент навиштаам ҳамаи инро низ ишора кардаам. Курткаи даридагиву либосҳои пури лой ва ифлос низ дар дасти ман маҳфуз ҳастанд.
Кормандони милиса писарамро дар зини асп, дасту пойашро бастаанд, мардуми деҳа дидаанд. Ин чӣ гап аст? Ин чӣ бераҳмӣ ва бетартибӣ аст? Шоҳидҳоро оварданд, нишон доданд бачаи маро, гуфтааст намешиносам. Бачаи ман дар маркази ноҳия буд, говҳои он одам кай гум шуда буд, бигузор гунаҳгори асосиро ёбанд, одами бегуноҳро бо туҳмат зиндонӣ накунанд. Барои чӣ вақте говҳои моро медузданду ба милиса муроҷиат мекунем, мегўянд, ки «дуздҳоро вақти говҳоро дуздӣ карда бурданашон дошта, баъд ба мо муроҷиат кунед»? Барои чӣ кормандони милиса писари маро бегуноҳ ва бе асос дошта оварда маҳкам карданд ва мурданӣ заданд? Ман модар ҳастам, дуюним моҳ зиёд шуд, вале ўро ба ман нишон намедиҳанд. Писари ман гуноҳе надорад. Ўро маҷбур кардаанд, ки гуноҳи накардаро бар дўш гирад. Мо дар ҳисоби хоҷагии деҳқонӣ 80 сар гов дорем. Писари ман говҳои худашро нигоҳбонӣ карда наметавонаду аз куҷо ба говдуздӣ вақт меёбад?
Як бачаи дигарамро пештар дошта бурда заданду чашмонашро маъюб карданд ва дар беморхонаҳо хоб рафта буд. Ўро ба муҳлати 8 сол зиндонӣ карданд ва ҳоло пушти панҷара аст. Ҳамаи ин нисбати писари зиндонишудаам барои замин буд. Он вақт Прокурори генералӣ Шерхон Салимзода буд. Ман назди он кас рафта, даромада будам. Писарамро шикастанд. «Шумо заминҳои лозимаро гирифтаед» гуфта, ташкил карда, пушти панҷарааш карданд. Янаи хоҳарам аз номи ман ва аз номи шавҳарам гирифта имзо кардаанд ва замини маро гирифта як подабонро доданд. Ман ба Суди иқтисодии шаҳри Бохтар (собиқ Қўрғонтеппа) ва дигар зинаҳои болоӣ баромада, даводав карда, заминамро гирифтам. Авзаловро се маротиба ман ба ҳамин ноҳия овардам. Писари дар зиндон будаамро дар лаби як ғор сахт зада буданд. Вай ҳоло дар колонияи ислоҳии 7-и шаҳри Душанбе қарор дорад. Заробиддинро ҳам чунин карда истодаанд. Ягон кас намепурсад, на сардори ШВКД, на прокурор ва на суд. Баъд маро зўрам меояду ба боло шикоят меравам.
Ман бо ин ҳама талошу ҳаракатҳо аввал аз худованд ва баъдан аз Пешвои миллат боварӣ дорам, ки бо кўмаки онҳо дар асоси мактуби кардаам ин мушкилии мо роҳи ҳалли худро меёбад. Барои он, ки писари ман бегуноҳ аст. Адвокат кор карда истодааст, ҳамаи паҳлуҳои парвандаро санҷида дид, писари ман гуноҳе надорад. Дар куҷо гуфта шудааст, ки нафари бегуноҳеро бурда бо задану шиканҷа додан гуноҳи накардаеро ба ў бор кунӣ? Нафаре, ки гўё шоҳид аст, омада мебинаду мегўяд, ки «ман ин нафарро намешиносам». Боз он нафарро бурда шиканҷа медиҳанд, фишор меоранд ва ў омада, баъдан мегўяд, ки «ин одам дар вақти дуздӣ ҳамроҳи ман буд». Ҳамин хел қонунвайронкунӣ ягон ҷо ишора шудааст магар?
То вақти ғайриқонунӣ омада бурдани писарам, пешакӣ ягон хел огоҳкунӣ набуд. Пешакӣ ба номи писари ман касе ягон хел даъватнома наовардааст, ки ба ШВКД ҳозир шавад. Ғайриқонунӣ, бо либосҳои ғайринизомӣ, бе огоҳкунӣ ва ё додани даъватнома ўро бурданд. Аввал хонаи хоҳарам рафта гуфтаанд, ки «бачаи Ботурхон - Заробиддин ном нафар кӣ аст?». Гуфтаанд, ки «мо намешиносем». Номи Заробиддини писари маро гирифтаанд.
Аввал Саидовро дастгир карда меоранд. Баъд бачаи маро рафта аз адир оварданд. Бачаи маро Саидов намешиносад ва бачаи ман ҳам Саидовро намешиносад.
Заробиддин ду писар дорад аз зани аввалааш, ки ў аз роҳи дур аст. Баъд як духтараки ўзбеки дигарро гирифта буд. Ў семоҳа ҳомила асту модараш омада гирифта бурд. Ҳамроҳи занаш аспсавор баромада мерафт говчаронӣ. Занашро дар хона ҳеҷ гоҳ танҳо намегузошт.
То ҳозир, ки мо талошҳо дорем, ҳеҷ муяссарамон нагашт, ки бо Заробиддин вохўрӣ кунем. Танҳо баъди талошҳои зиёд ба адвокатамон муяссар гашт, ки бо Заробиддин вохўрӣ кунад ва ўро шунавад.
Бародараш вақте ба назди муфаттиш Пўлод Мудинов меравад, писарам Заробиддин дар назди муфаттиш будааст. Ба муфаттиш дар назди акааш мегўяд, ки «акаи Пўлод, барои чӣ нафареро, ки ба ман шоҳидӣ медиҳад, овардед, он кас аввал гуфт, ки ин касро бори аввал мебинам ва намешиносам, баъдан бурда ўро муддати чанде манъ кардеду такроран ба назди ман овардед ва пурсидед, ки маро мешиносад, он вақт он кас гуфт, ки «бале, ў ҳамроҳи ман буд»? Баъд гуфтааст, ки «акаҷон, ягон говамонро нафурўшед, ман ягон гуноҳе надорам, ҳамааш туҳмат аст».
Аз рўзи аввали боздошт шуданаш то ба имрўз ҳеҷ муяссарам нашудааст, ки ўро бубинам ва ягон дақиқае вохўрӣ кунам, ки мувофиқи қонунгузорӣ мумкин аст. Рўирост ин масъулон ҳуқуқҳои моро поймол мекунанд. Ҳар рўзе, ки «дачка» карда мефиристамаш, дар аризаҳои «дачка»-аш доим менависад, ки «очаҷон, «свиданка» бигир, бо шумо вохўрӣ кунам». Муфаттиш ҳатто ваъда дод, ки иҷозат медиҳад, вале иҷозат надод. Ман ба вай гуфтам, ки «ҳамаи ин муносибатҳои ғайриқонунии шуморо ба Дастгоҳи иҷроияи Президент, Прокуратураи генералӣ, ВКД менависам. Наход омада чора набинанд!?».
Вақте ба дафтарҳои кории болоӣ меравию муроҷиат мекунӣ, аз рўи одоби одамгарӣ «апаҷон, аз куҷо омадаӣ, чӣ хизмат?» гуфта, қабулат мекунанд ва арзатро мешунаванд. Инҷо бошад, баръакс, аз остонаи ШВКД меронандат.
Ман модари 11 фарзанд ҳастам, ки 4 писар ва 7 нафарашон духтаранд. Заробиддин фарзанди чоруми ман аст. Ман худ, ки саҳмдори хоҷагии деҳқонӣ будам, ба нафақа баромада, ҳоло нафақахўр ҳастам. Заробиддин ҳам узви хоҷагии деҳқонии худамон буд то рўзи боздошт шуданаш».
Нарзигул Шералиева - сокини деҳаи Қиблаӣ, ҷамоати деҳоти Лақай Қармишеви ноҳияи Темурмалик, соҳиби се фарзанд, ҳамсари Муҳаммаднабӣ Саидов мегўяд: «Соатҳои 5-и бегоҳи рўзи 9-уми феврал шавҳарам намозҳояшро хонда, нишаста буд, ки ба хонаамон се нафар марди ношинос омаданд. Дар рўи ҳавлӣ аз ман пурсиданд, ки «апа, ҳамин аспатон фурўшӣ аст?». Ман гуфтам, ки «не, фурўшӣ нест». Боз пурсиданд, ки «мардаки хона дар куҷо аст?». Тирезаро кушода, гуфтам, ки «падари Сироҷ, баро, хона меҳмон омадааст, туро суроғ доранд». Онҳо дари таҳхонаамонро кушода, қадбақаду занозанӣ карда, завлонаро дар дасти шавҳарам заданду тавре ки як ҳайвонро медорӣ, ҳамон хел боздошт карда бурданд. Ростӣ, ман тарсидам ва ба худ гуфтам, ки «инҳо кӣ буданд ва чӣ гап шуда бошад?». Се нафар бо либосҳои ғайринизомӣ буданд. Баъди 20 дақиқаи боздошт карда бурдани шавҳарам, нозири минтақавиамон ба хона омад ва гуфт, ки «апа, сардор мегўяд телефонатро бидеҳ, сардор ҳамин чизро аз мо дархост кардааст». Ман гуфтам, ки «сардор чӣ кор дорад ба телефони ман?». Вай бисёр хоҳиш кард, ки «ман гап мешунавам». Ба ў гуфтам, ки «ман ду писар дорам ва ҳар ду дар Россия дар муҳоҷират ҳастанд, бо онҳо телефонӣ дар тамос шуда, аз аҳволу саломатиашон пурсон мешавам». Гуфт, ки «телефони акаи Муҳаммаднабиро бидеҳ». Ман посух додам, ки «акаи Муҳаммаднабиат телефон надорад. Дар хона мо як телефон дорем, он ҳам доимо дар дасти ман аст». Ва телефони маро гирифта рафт. Ман аз вай пурсидам, ки «ин нафарони омада аз куҷо буданд?». Нозир посух дод, ки «ин нафарон ҳамаашон аз ШВКД-и ноҳияи худамон ҳастанд». Баъд ман шабкаву курткаашро додам, ки бурда диҳанд, нагирифта рафтанд. Фардояш хўрок тайёр карда, ба ШВКД омадам, хўрокашро додам ва соатҳои 2-и рўз ба хона баргашта, пайи кору бори хона шудам. Боз се нафар «уголовник»-ҳо хона рафтанд ва ба ман гуфтанд, ки «сардор мегўяд ба шуъба биёяд». Гуфтам, ки «ҳозир аз ШВКД омадам, борои чӣ сардоратон маро ягон гап нагуфту вақте хона омадам, боз даъват мекунад?». Баъд корҳоямро саросема анҷом дода, бо онҳо ҳамроҳ ба шуъба омадам. Онҳо барои телефон мардакамро гуфтанд, ки «ту Душанбе рафтаӣ». Ман як наваса дорам, инвалид аст, вайро Душанбе бурда будем. Ба онҳо гуфтам, ки «куҷое рафтам, нарафтам, барои навасаам ман худам рафтам». Вақте шавҳарамро оварданд, се нафар аз як тарафаш, се нафари дигар аз тарафи муқобилаш, боз ду нафари дигар аз пушташ буданд. Як гўшашро дидам, сип - сиёҳ. Сару рўяш низ сип - сиёҳ буд аз зарбаи задану шиканҷа додан. Гуфтам, ки «чӣ кор кардааст шавҳари ман, ки шумо ўро ба чунин ҳол гирифтор кардед?». Муовини сардори ШВКД гуфт, ки «шавҳари ту дуздӣ кардааст». Баъд ҳеварамро оварданд. Пешакӣ ўро маҷбур карда, хононда буданд, тайёр карда буданд милисаҳо худашон. Ҳеварамро чанд рўз пешакӣ оварда буданд. Ў гуфт, ки «ман ҳамроҳи акаам рафта говдуздӣ кардему яктояш гурехт, яктояшро ҳамроҳи акаам бурдем». Ман гуфтам, «дурўғ нагўй, ҳамааш тайёр кардагӣ аст, ҳамаи ин гапҳо дурўғ аст». Маро аз наздашон бароварданд. Гуфтанд, ки «ба ту ҷавоб, хона рав». Пеши муфаттиш даромадаму гуфтам, ки мегўянд ҳамин хел гапҳо ҳаст. Гуфт, ки «шавҳари ту ҳоло ҳеҷ гап нест, мо ҳамчун гумонбар ўро овардаем».
Ҳамроҳи домодам бо ариза назди прокурори калон даромадам. Ба прокурор Сайфиддин Сироҷзода гуфтам, ки «барои чӣ шавҳари маро ин қадар латукўбу сиёҳу кабуд кардаанд?». Вай посух дод, ки «барои чӣ задан мумкин нест? Мумкин аст. Говдуздро, ки назанӣ, иқрор мешавад?». Гуфтам, ки «майлаш, вақте ту ба доди мо нарасидӣ, ба дигар ҷо шикоят мекунам». Ҳамин ки аз назди ў баромадем, 20 дақиқа пас домодамро бурда маҳкам карданд. Ду рўзи дигар домодамро бегуноҳ маҳкам карданд. Боз 600 сомонии ўро, ки пулҳои аз Россия фиристодаи писари ман буданду ҳамроҳ бо домодам ба бонк даромада гирифта будем, гирифтанд ва бозпас надоданд. Ба замми ин, аз ҳад зиёд заданд ўро, шиканҷааш карданд, ки то ҳоло ба худ наомадааст ва дар Балҷувон хоб аст.
Ба чанд ҷой бо мактуби шикоятӣ муроҷиат кардам, то ҳоло ягон нитиҷагирӣ ва ягон кору гапашон нест. Муддати 50 рўз мешавад маҳкам будани шавҳарамро, вале то ҳол ба ў иҷозати бо ман ва ё ягон нафари наздики дигарамон вохўрдан нашудааст. Шавҳари маро бе огоҳии пешакӣ, бе овардани даъватномаи ШВКД, бо задану шиканҷа додан боздошт карда бурданд. Домодам аз Салмолидашти ноҳияи Балҷувон аст. Ҳозир ҳеварам ва шавҳарам ҳарду маҳкам ҳастанд ва боре ҳам мо ва дигар наздиконашонро иҷозати дидорбинӣ бо онҳо надодаанд. Ба ҳама ҷо ариза навиштаем. Охирон маротиба 19-уми март ба Дастгоҳи иҷроияи Президент мактуб навиштем. То ҳол ҷавоби ягон мактубамонро нагирифтаем.
Мо аз милиса, прокурор ва суди ноҳияи Темурмалик ҳеҷ умеде надорем. Умед аз зинаҳои болоӣ, аз Дастгоҳи иҷроияи Президент ва Прокуратураи генералӣ дорем, ки қазияро ҳамаҷониба баррасӣ мекунанд ва нафарони шиканҷадода ҷазояшонро мегиранд.
Назди муфаттиш Мудинов Пўлод даромадам. Гуфтам, ки «маро «свиданка» бидеҳ, рафта бо шавҳарам вохўрӣ кунам». Мегўяд, ки «шумо кори маро ҳал кунед, ман кори шуморо ҳал мекунам». Ман гуфтам, ки «чӣ кори туро мо бояд ҳал кунем?». Гуфт, ки «дар ҳамин баёнотак менависӣ, ки мо аспи шуморо гирифтему боз баргардонида додем».
Аз рўзи дар милисахона афтидани шавҳарам безор кардаанд кормандони милиса. 10 маротиба омада говҳоямонро алоҳида, аспҳоямонро алоҳида навор гирифтанд. Гўё акнун бо ин роҳ ва гирифтани имзо зарари молҳои дуздидаи ким-киро бояд барқарор кунанд. Шавҳари ману ҳеварамро бо гум шудани 10 сар гов гунаҳкор карда истодаанду мо ҳеҷ нафаре аз ин соҳибони говҳоро намедонем ва намешиносем. Ин корро ду нафар карда истодаанд, Ҷаббор мегўянд, сардори БДА-и ноҳия. Яктояш тағоии шавҳари худам аст. Ман худам 47-сола буда, соҳиби маълумоти миёна ҳастам. Дар зиндагии якҷоя мо ду писару як духтар дорем. Писаронам дар Россия дар мардикорӣ ҳастанд, кор мекунанду пул мефиристанд ва мо зиндагиамонро пеш мебарем. На замин дорем, на ҷои кор. 4-5 сол боз шаш - ҳафт аспу гов дорем, ҳамонҳоро парвариш мекунем. Шавҳарам аввал раммабон буд. Бачаҳо дигар падарашонро кор кардан намонданд. Духтарчаам шавҳар дорад. Домодамро ҳаминқадар азоб доданд, ки гуфт, «хола, гум кун, маро дар кашокаш наандоз, ки маро азоб медиҳанд». То ҳоло шиносномаи домодам дар дасташон аст, намедиҳанд. Вайро ҳам таги об кардагианд, шиканҷаи сахт додаанд, ки мегўяд «ман шикояте надорам»».
Нусратулло Мирзоев - адвокати кабинети адвокатии ноҳияи Шаҳритус, ки аз ҷониби Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон пешниҳод шудааст, мегўяд, ки «ҳамчун адвокати мустақил фаъолият мекунам. Оид ба парвандаи ҷиноятӣ нисбати Саидов Маҳмаднабӣ дар асоси ордер ман иштирок карда истодаам. Ҳамчунин, адвокати Одинаев Заробиддин ҳам ҳастам. Аввал оид ба Саидов Маҳмаднабӣ суҳбат намоем, ки ҳама суханони мегуфтаи ман нисбати ў пурра аз забони худи Маҳмаднабӣ Саидов мебошанд. Кормандони ШВКД-и ноҳияи Темурмалик санаи 9-уми феврал бе ягон огоҳии пешакӣ ва додани даъватнома М. Саидовро дастгир карда, ба ШВКД меоранд. Дар саҳни ҳавлии бинои шуъба кормандони ШВКД, муовини сардори шуъба Муҳаммадҷон Достиев ва ду - се корманди дигари шуъба ўро латукўб мекунанд. Ҳамчунин, ўро ба даруни як латоки (новаи) калони обдори саҳни ҳавлии бинои ШВКД дар моҳи феврали зимистон зери об намуда, маҷбураш мекунанд, ки дуздии 7 сар говро ба уҳда бигирад. М. Саидовро аз об бароварда, сармуфаттиши ШВКД Файзулло бо ҳамроҳии чанд уголовники дигари шуъба, ки номашон дар ёдаш нест, латукўбаш мекунанд, ки дуздии 7 сар говро ба уҳда бигирад. Боз либосҳояшро аз танаш кашида, аз сараш бо сатил об мерезанд. Ба гуфтаи М. Саидов, ўро зери латукўб қарор медиҳанду маҷбур мекунанд дуздии 7 сар говеро, ки касони дигар дуздидаанд, ба гардан бигирад, лекин вай ин гуфтаи онҳоро бар дўш намегирад. Боз ҳамон вақту соат либосҳояшро аз танаш мекашанд ва дар хунукии моҳи феврал чанд сатил об меоранду аз болои сараш мерезанд. Ин кор ним соат ё як соат давом мекунад. Баъдан ўро ба дуюм ошёна мебароранд ва муовини сардори ШВКД Достиев бо як сими оҳанин боз дар сараш мезанад. Ҳамин тавр ҳамакаса маҷбураш мекунанд, ки дуздии 7 сар говро ба гардан бигирад, лекин М. Саидов сарпечӣ мекунад. Ҳамин хел ду рўз мегузарад. Шаб дастҳояшро рост мебанданд, хоб карданаш намегузоранд, шиштанаш намемонанд, хўрокаш намедиҳанд, ба қазои ҳоҷат рафтанашро манъ мекунанд. Безор мешавад аз хунукиву аз шиканҷа ва гуруснагиву бехобиву азобу уқубат. Додараш Раҳимро меоранд, ки «акаат дуздӣ кардааст, ҳаминро бигў». Мегўяд, ки «охир, ман набудам, дуздӣ накардам мегўяд». Хулас, ба ҳама вариантҳои ба муқобилаш ташкилкарда тоб намеорад ва дуздии 7 сар говро ба гардан мегирад. Додараш Раҳимро хононда будаанд, ки бигўяд «акаам Муҳаммаднабӣ ҳам ҳамроҳи мо буд». Вай ҳамин хел мегўяд, баъд Муҳаммаднабӣ ба гардан мегирад. Додараш пештар дастгир карда шуда оварда шуда буд ва дар асоси баёноти додараш, ки ўро маҷбур кардаанд, ки ҳамин хел баёнот диҳад, Муҳаммаднабиро маҳкам карданду дар дуздии 7 сар гов гумонбар ҳисобиданд. Баъд вазъи саломатии Муҳаммаднабӣ ниҳоят бад мешавад, аз ҷояш ҷунбида наметавонад. Ҳама ҷояш сиёҳу кабуд мешавад. Собиров ном табибро аз беморхонаи марказии ноҳия меоранд. Вай муоина мекунад, малҳам менависаду худаш ҳар рўз омада муддати 11 рўз дар кабинети оперативникҳо дар дуюм ошёнаи бинои ШВКД Н. Саидовро муолиҷа мекунад. Сиҳаташ мекунанд, ба худ меояд ва пинҳон карда бурда санксия мегиранд. Ҳамин тавр, иҷозат мегиранд ва тафтишот нисбаташ рафта истодааст. Занаш ариза менависад. Вақте санҷиши прокурорӣ сар мешавад, инҳо фардояш ба прокуратура фарёдаш мекунанд, метарсонанд, маҷбураш мекунанд, ки бигў «маро назаданд». Саидов Н. дар прокуратура зери фишору таҳдид «ман аз асп афтодам» мегўяд. Мо қарори ҳозираи Прокуратураи ноҳияи Темурмаликро гирифта дидем, ғайриқонунӣ аст, шикоят кардем, ки ин ҷо ҷиноят аст, шиканҷа аст, аз сар бубинед. Ҳозир аризаи мо дар Прокуратураи минтақаи Кўлоб аст ва ягон натиҷа надодааст. Мо дархост кардем дар бораи гузаронидани экспертиза. Муфаттиш хунукназарӣ карда, дур - дур гашта истодааст, ягон дархости моро қаноатбахш накарда истодааст. Ягон қарори асоснок қабул намекунад. Прокурори ноҳия ҳам кормандони милисаро хомўшона дастгирӣ карда истодааст. То ҳозир ду моҳ гузашта бошад ҳам, ягон нафар хеши наздикаш Саидов Муҳаммаднабиро дидагӣ нест, яъне ҳуқуқи ў ба мулоқот маҳдуд шудааст. Гарчанде қонун дар бораи тартиби муошират, Қонуни ҶТ «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳдорӣ» ҳаст. Дар ин ҷо дастгиршуда, гумонбаршуда, судшуда, маҳкумшуда ҳуқуқ дорад наздикони худашро бубинад. Ин ҳуқуқҳои вайро дидаву дониста кормандони ШВКД маҳдуд карда истодаанд. Ҳамин хел система рафта истодааст, ки мо ин ҷо менависем, он ҷо менависем, ягон натиҷа надода истодааст. Ҳамсараш рафта ба Прокуратураи генералӣ, ба номи Президенти ҶТ ариза кардагӣ аст. То ҳол ягон натиҷае ҳосил нашудааст.
Заробиддин Одинаевро бошад, 14-уми феврали соли 2018 кормандони ШВКД-и ноҳияи Темурмалик - муовини аввали сардори ШВКД Достиев М. бо чанд нафар кормандони шуъба дар лаби (ҷари) дарёи Сурхоб дастгир мекунанд. Ҳамроҳашон ҷабрдида (нафари говҳояш гумшуда) Комил ҳам будааст. З. Одинаевро дошта, латукўб мекунанд. Ўро баста дар асп бор мекунанд ва дар зини асп низ мебанданд. Ҳамин тавр, бо дасту пойи дар асп баста ба масофаи чанд километр ба даруни қишлоқ мебарандаш. Баъдан аз асп дар багажи мошини тамғаи «Опел» бораш мекунанд. Заробиддин ранги мошини «Опел»-ро медонад, лекин рақамашро намедонад. Дар багажи мошин Заробиддинро савор карда, ба бинои ШВКД мебаранд. Дар ШВКД бошад, ўро Достиев ва баъдан оперативникҳо Аҳмад ва Бедил мезананд. Азобу шиканҷа дода, маҷбураш мекунанд, ки дуздии 11 сар говро ба гардан бигирад. Баъд ба вай мегўянд, ки «нисбати ту ду нафар нишондод дода истодаанд». Раҳим ва як нафари дигар ўро мегўянд, ки «дуздиро ту кардаӣ», лекин ин мегўяд, ки «накардаам» ва дуздиро бар дўши худ намегирад. Инро ҳам ду рўз ҳамон хел азоб медиҳанд, мисли Саидов Н., гурусна мемонад, дасту пояшро мебанданд, ки хоб карда наметавонад, навбатдориаш мекунанд, лекин Заробиддин ба гардан намегирад. Дар хунукӣ дар утоқи оперативникҳо рост меистад, вале ҳамаи ин азобҳоро пушти сар карда, дуздии говҳои бар сараш боркардаро ба гардан намегирад. Аз байн ду - се рўз мегузарад. Ҳабси маъмурӣ мекунанд, гўё саркашӣ карда бошад. Лекин ягон даъватнома нест, ягон санад нест, ягон ҳолати саркашӣ нест ва ҳабси маъмурӣ карданашон ягон асоси ҳуқуқӣ надорад. Онҳо гирифта ба Суди ноҳияи Темурмалик ба Сафарзода пешниҳод мекунанд ва ў нохонда инҳоро дастгирӣ мекунад. Гарчанде Саидов З. рўзи 14-уми феврал дастгир шуда бошад ҳам. Протоколи маъмурӣ дар доираи қонун бояд дар се соат тартиб дода шавад. Дар ҳолатҳои зарурӣ, масалан, агар опинение бошад, метавонад баъди як шабонарўз тартиб дода шавад. Лекин, дар ин ҷо як шабонарўз гузаштагӣ аст. Бо ҳамаи ин прокурори ноҳияи Темурмалик ва суди ноҳияи Темурмалик чашм пўшида, қарор мебароранд ва ўро 7 рўз ҳабс мекунанд. Қарори ҳабси маъмуриро рўзи 16-уми феврал мебароранд. Яъне ду рўз баъд, ки ба протокол дуруст намеояд. Меъёрҳои ҳуқуқи мурофиаи маъмурӣ дар ин ҷо ҷиддан вайрон мешавад. Ба тартиби дастгиркунӣ мегузарем. Заробиддин дар вақти дастгиркунӣ дар кисааш 2500 сомонӣ ва телефони мобилӣ доштааст. Вақти кофтуков, мо санадҳоро хондем, инҳо ягон ҷо қайд намешаванд. Телефони мобилӣ ва маблағи 2500 сомониашро мегиранд, ҳамчун ғорат аз худ мекунанд, саркашӣ карда, ба наздиконаш намедиҳанд. Наздиконаш рафта маблағи 2500 сомонии дар кисаи курткааш буда ва телефони мобилиашро суроғ мекунанд. Онҳо мегўянд, ки «мо нагирифтем». «Куртка надошт» мегўянд кормандони милиса. Ҳозир ин ҷо баъди як - ду рўз курткаашро пешниҳод карда доданд, ки куртка дошт. Гарчанде ариза навиштем ба Прокурори генералӣ, аризаи мо ҳоло дар ҳолати санҷиши прокурории ноҳия аст. Ариза навиштем ба прокуратураи минтақа, ариза дар бораи экспертиза навиштем. Эксперт аз сабабе, ки вақти зиёд гузаштааст, хулосаи муайян дода натавонист. Барои он, ки лату ҳамаи чизҳое, ки ҳаст, бо сабаби вақти зиёд гузаштан рўйпўш шудааст. Вақти зиёд гузаштагӣ аст, муайян карда натавонистем. Чанд вақти дигаре, ки мо муроҷиат мекунем, ҳама ҷо хомўшӣ аст. Модари Заробиддин ба Дастгоҳи иҷроияи Президент муроҷиат кард, ба Прокурори генералӣ, ба вазири корҳои дохилӣ муроҷиат кард, то ҳоло ягон натиҷа надодааст. Аз рўи баъзе гуфтаҳо, тафтиши пешакии парванда ба охир расида истодааст, бояд пешниҳодаш кунанд.
Ин парвандае, ки боз карда истодаанд, тибқи моддаи 244 қисми 3 (аз 5 то 8 сол), 143 прим 1 (шиканҷа) аст. Система кор карда истодааст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пеши роҳи шиканҷа гирифта мешаваду ҳамин шиканҷа дар рафти кор истифода намешавад. Ҳозир вазъияти саломатии Саидов Муҳаммаднабӣ вазнин асту шояд гуруҳи маъюбӣ бигирад. Як пояш мелангад. Аз задани бисёр майнаи сараш низ он қадар хуб нест, руҳан вайрон шудааст. Ҳамаи инҳоро пинҳон карда истодаанд. Вақтро кашол дода истодаанд, то Саидов Муҳаммаднабӣ бо кашол додани вақт ба худ биёяд. Ман ҳамчун адвокат ҳуҷҷатҳои ҳуқуқиро сари вақт тартиб додам, аммо натиҷа надода истодааст. Дидаву дониста муҳлати баррасии дархостҳои маро гузаронида истодаанд. Шикоят мекунам, шикоятҳо сари вақт баррасӣ намешаванд, натиҷаҳои дилхоҳ надода истодаанд. Қариб 15 маротиба мешавад, ки аз Бохтар омадаву рафта истодаам. Ба ноҳияи Темурмалик меоям, муфаттиш мегурезад, ҳазор як баҳона пеш меорад. Ё нест, ё дар СИЗО аст. Ана ҳамин хел баҳонаҳо. Яъне онҳо беҷазоиро ҳис мекунанд. Вақте мо ба Прокуратураи генералӣ, ба Прокуратураи вилояти Хатлон муроҷиат кардем, умедвор будем. Аз худи шаҳрвандон, ваколатдиҳандаҳо, ҳамсари ҳамон одам, шахсони эҳтимолан шиканҷашуда дида мо эътимод доштем, ки худашон месанҷанд, зеро даъвогарон ба прокуратура, ба милиса ва ба суди ноҳияи Темурмалик бовар надоранд, ки инҳо объективона, ҳаматарафа парвандаро месанҷанд. Аз ҳамин сабаб дархост кардем, ки парванда аз ҷониби мақомоти прокуратураи вилояти Хатлон талаб карда гирифта шавад. Лекин, тавре мебинем, нисбати касе, ки шикоят мекунӣ, шикояти кардаат боз ба дасти ҳамон нафар омада мерасад. Ҳозир ҳамин хел шуда истодааст. Тоҷикистон худаш узви Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар муносибатҳои бераҳмонаи пасткунандаи шаъну шарафи инсон аст. Яъне Тоҷикистон уҳдадорӣ мегирад, ки бевосита бар зидди шиканҷа мубориза барад. Яке аз мақомоте, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бар зидди шиканҷа мубориза мебарад, ин мақомоти прокуратура аст. Вақте ки прокуратура ин хел рафтор кунад, аз дигар мақомот чӣ интизор мешавӣ?».
Нигина Одинаева - апаи Заробиддин Одинаев, сокини деҳаи Навобод, ҷамоати деҳоти Тугарак, ноҳияи Восеъ, ки рўзи ҳодиса шоҳиди ҳоли дастгир карда бурдани додараш будааст, чунин мегўяд: «Ман ҳарчанд сокини ноҳияи Восеъ бошам ҳам, лекин муддати 6 моҳ шуд, ки ҳамроҳи додарам Заробиддин якҷоя подаву галлаи онҳоро мечаронем, то додарам барои ҳаққи корам ба ман ягон гов диҳаду онро фурўхта худро табобат кунам. Нав ҷарроҳӣ кардам, вале ҳеҷ не ки сиҳат шавам. Ман ҳамроҳи зани Заробиддин ва духтарчаам, ки ҳоло ҳам ў он ҷо мебошад, ба раммачаронӣ машғул будем. Ҳодиса 14-уми феврал байни соатҳои 12 ба 1-и рўз буд. Ман барои ба духтарчаам дору харидан ба маркази ноҳия омадам. Дору харида, дар маршрутка баргашта хона рафта истода будам, ки ба додарам Заробиддин телефон кардам. Ба вай гуфтам, ки аспро гирифта биё, маро аз оби Сурхоб гузарон, зеро он рўз оби Сурхоб, ки мо онро убур карда, ба деҳа ва ҷои чарогоҳамон - Дасторқозӣ мерафтем, аз ҳарвақта зиёд шуд буд. Заробидддин дар тамос аз он ҷониб гуфт, ки «исто, Қудбиддин говҳоро биёрад, ман худам туро бо асп мегузаронам». Ман ягон 10-15 дақиқа дар ҷое, ки доим ба он тарафи соҳил мегузаштем, истода будам. Интизор шудам дар лаби оби сангоб, ки 5 нафар мард пайдо шуданд. 3 нафарашон аспсавор аз об гузаштанд ва 2 нафарашон пиёда буданду бе асп обро гузаштанд. Ҳама бо либоси ғайринизомӣ буданд. Ҳамин вақт додарам Заробиддин ҳам аз ҷониби муқобил дар лаби соҳил пайдо шуд, то маро аз ин тарафи соҳил ба он тараф гузаронад. Баландии об то таги шиками асп мерасид. Вай як шохобчаи сангобро гузашта буд, ки ин 5 нафар ду шохобчаи ин тарафи дарёро гузашта, ўро дошта, аз асп ба замин кашида фароварданд ва баъдан ба замин афтонданд. Чунон бо мушту бо пой заданд, ки беҳисоб, ба миён, даҳон, ба сараш. Чор нафар ҳам заданд, лекин аз ҳамаи онҳо дида як нафари дарозаш бештар додарамро зад. Бо пой ҷудо, бо қамчин ҷудо мезад. Ман аз онҳо дар масофаи 20-25 метр дуртар будам. Ҳарчанд аз ин тараф доду фарёд мекунам, ки «шумо кистед, барои чӣ додари маро мезанед?», касе аз онҳо ба ман гўш намедод. Баъди азоб додан дастону пойҳояшро баста, бардошта ба пушти зин овезон бораш карданд ва лаҷоми аспи худашро гирифта дар асп бастандаш. Чун дидам, ки ба Заробиддин ягон хел кўмак карда наметавонам, ба рақами телефони додарам занг задам, касе набардошт. Ба рақами телефони додари дигариам ва падарам занг задам, бефоида. Баъд ба деҳаи Шибанай омадам ва дар он ҷо дар хонаи холаи Эркаам хоб рафтам. Ин хонаи раиси ҷамоат Шукуров буд, ки хоб рафтам. Вай шавҳари холаам мешавад. Саҳар аз хоб хеста, ба модарам занг зада гуфтам, ки «оча, чӣ кор кунам?». Очаам гуфт, ки «биё». Ба маркази ноҳия омадам, ки дар ШВКД додарамро маҳкам кардаанд. Буз барин бардошта дар пушти аспи байтали худамон, ки қашқаву ду пояш сафед аст, бор карданд ва лаҷоми аспамонро гирифта, дар зини асп ўро бастанд. Додаракамро азоб доданд, дар масофаи қариб 1 км бо ҳамон ҳол кашол ба деҳаи Шибанай оварданд. Ман дигарашро надидам».
Бояд гуфт, ки шикояти Н. Шералиева - ҳамсари М. Саидов дар Прокуратураи ноҳияи Темурмалик мавриди санҷиш қарор ҳам нагирифтаст ва касе чорае ҳам надидааст. Ба банда гуфтанд, ки сирри тафтишот аст.
Вақте аз муфаттиши ШВКД П. Мудинов оид ба иҷозати вохўрӣ надодан ба модари З. Одинев ва ҳамсари Саидов М. пурсон шудем, ҳамин қадар посух дод, ки «ман сардорамро пурсам, агар иҷозат диҳад, майлаш, лекин сардорам иҷозат намедиҳад».
Андешаи прокурорро шунида натавонистем. Гуфтанд, ки «ҳоло оид ба ин масъала бо журналист суҳбат намекунем».
*Акс аз интернет