Муроҷиат ба Прокурори генералӣ: Ба амалҳои милисаҳо баҳо дода шавад

Имрўз, 9-уми август, Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон оид ба содир шудани ҷиноят ариза пешниҳод кард.

Эътилоф аз пахши навори таҳқиркунандаи видеоие дар шабакаи Facebook  нигаронӣ карда, аз ҷумла изҳор доштааст: «Видеонавори номбурда аз ҷониби шахси номаълум, ки иштирокчии ин ҳодиса мебошад, сабт гардидааст. Ин амалҳо эҳтимолан дар шаҳри Душанбе иҷро шудаанд, ки яке аз милисаҳо бо телефон ба ҷои ҳодиса ишора мекунад: “Ай чойхонаи Дилкушо ису тов хўр”. Дар видеонавор ба таври дақиқ мошини хизматии «Нива Шевролет», рақами қайди давлатии 7651 В 01 РТ-ро дидан мумкин аст. Капитани милиса ба ноболиғ муроҷиат намуда, аз ў талаб мекунад, ки ҷои ҳодисаро тарк намояд. Дар баробари ин, ў ноболиғро ду маротиба бо дасташ мезанад, маротибаи якум дар қисми сар, маротибаи дуюм бошад, дида намешавад, аммо садояш сабт гардидааст. Ба мулоҳизаи нафари иштирокдошта оид ба он, ки ў ҳуқуқ надорад бо ин ҷавон чунин рафтор кунад, капитани милиса ҷавоб медиҳад, ки “кўдаки роҳгузара се бор илтимос кардам, гуфтам чорумборда мепарронамаш”. Ин навор рафтори ғайриқонунии корманди милисаро нишон медиҳад, ки дар муносибати бераҳмона, паст задани шаъну шараф нисбати эҳтимол шахси ноболиғ, таҳдиди куштор бо роҳи истифода намудани яроқи оташфишон асос ёфтааст».

- Ба ғайр аз ин, корманди милиса ҳангоми муроҷиат ба шаҳрвандон аз калимаҳои қабеҳ истифода намуда, шаъну шарафи онҳоро паст мезанад, ки ба Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми январи соли 2006, №1 «Дар бораи хушмуомилагӣ ва муносибати бодиққати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва хизматчиёни ҳарбии қўшунҳои дохилӣ бо шаҳрвандон» мутобиқат намекунад,- меафзояд Эътилоф.

Ба иддаои манбаъ, корманди дуюми милиса барои чунин рафтори ҳамкораш ўро ягон сарзаниш намекунад, ки бо ин рафтораш амалҳои аввалиро дастгирӣ менамояд.

Эътилофи макзкур аз Прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон хоҳиш кардааст, ки нисбати иттилооти дар шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» пахшшуда санҷиш гузаронида ва ба амалҳои кормандони милиса баҳои ҳуқуқӣ дода шавад.  

NoTorture.Tj