Мактуби кушода ба фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон

Мактуби кушода ба фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон

Мактуби кушода ба Фармондеҳи Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ бо даъвати барҳам додани муносибатҳои ғайриоинномавӣ дар байни сарбозоне, ки хизмати ҳарбиро адо мекунанд.

Муҳтарам Раҷабалӣ Раҳмоналӣ,

28-уми майи соли 2014 дар Тоҷикистон 20-умин солгарди таъсиси Қӯшунҳои сарҳадӣ таҷлил гардид. Бист сол пеш Қӯшунҳои сарҳадӣ заминаи ниҳодӣ ва моддию техникӣ надоштанд, вале имрӯз тавони ҳифзи сарҳадоти кишварро доранд ва ба иҷрои вазифаҳои худ омодаанд.

Бо истифода аз фурсати муносиб, шахсан Шумо ва дар симои Шумо ҳамаи сарбозону афсарони Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистонро бо ин ҷашни фархунда таҳният мегӯем.

Ҳамзамон зикр месозем, ки муваффақиятҳо дар таъсис ва инкишофи Қӯшунҳои сарҳадӣ ба шарофати шахсиятҳои ба кишвари худ содиқ ҳосил шудаанд. Барои мо - ҳомиёни ҳуқуқи инсон, адвокатҳо ва рӯзноманигорон - ҳуқуқу озодиҳо ва шаъну шарафи сарҳадбонон на камтар аз ҳуқуқу озодиҳои сокинони дигари Тоҷикистон муҳиманд. Мутаассифона, дар давоми якчанд моҳи охир ҳолатҳои муносибатҳои ғайриоинномавӣ («дедовшина»), ҳамчунин истифодаи шиканҷа ва зӯроварӣ нисбат ба сарбозони Қӯшунҳои сарҳадӣ афзудаанд. Мо аз 4 ҳолати мушобеҳ огоҳ шудем, ки дар давоми соли 2014 ба амал омаданд. Аз ин шумор дар 3 ҳолат ҷабрдидагон фавтиданд. Ин қазияҳои фоҷиаомез нигаронии амиқро аз тақдири наваскарон ба вуҷуд меоранд.

Яке аз ҷабрдидагони чунин муносибатҳои ғайриоинномавӣ Шаҳбол Мирзоеви 22-сола мебошад, ки дар моҳи октябри соли 2013 пас аз хатми факултаи ҳуқуқшиносӣ ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ рафтааст. 6-уми марти соли 2014 ӯ ба нуқтаи тиббии қисми ҳарбӣ бо шикоят аз дарди дандон муроҷиат кардааст. Тибқи маълумоти бадастовардаи мо, вақте Шаҳбол Мирзоев аз канори гурӯҳи хизматчиёни ҳарбии рутбаашон баландтар ва кормандони тиббӣ мегузашт, фелдшер Усмон Ғайратов дар нисбати ӯ суханони таҳқиромез ва пастзанандаи шаъну шараф баён кард. Шаҳбол ҷавоб надода, мехост аз канори онҳо зуд гузашта равад, аммо фелдшер ӯро бардошта, бо пушти сараш ба замин зад. Аз шиддати зарба дасту пойҳои Шаҳбол аз кор монданд. Вақте ӯ дар рӯйи замин мехобид, фелдшер латукӯбашро давом медод.

Ҳангоме ки дигарон беҳаракат хобидани Шаҳбол Мирзоевро диданд, се маротиба кӯшиш карданд, ки ӯро ба пой рост монанд. Аммо ҷавон боз ҳам афтода, сараш ба замин бармехӯрд. Гуфта мешавад, ки баъд аз ин хизматчиёни ҳарбӣ бо ашёи тез (лезвие) кафи пойи ӯро бурида, ба узвҳои гуногуни баданаш сӯзан халониданд ва ба тахтапушташ оби ҷӯш рехтанд. Аммо вақте беҳис шудани дасту пойи Шаҳболро фаҳмиданд, ӯро дар нуқтаи тиббии қисми ҳарбӣ хобониданд.

Ин ҳама вақт Шаҳбол Мирзоев аз кормандони тиббӣ ва сарбозон хоҳиш мекард, ки ӯро ба бемористон интиқол диҳанд. Аммо Шаҳболро танҳо дар рӯзи дигар бо истифода аз нақлиёти сабукрав ба муассисаи тиббӣ бурданд. Дар роҳи бемористон ӯ ба нишастан маҷбур буд, ҳарчанд ҳолати вазнин дошт ва сарашро мустақилона нигоҳ дошта наметавонист. Ташхиси пизишкони Маркази миллии тиббии «Қарияи боло» шикасти муҳраи панҷуми сутунмуҳра бо осеби қисми гардании ҳароммағз, инчунин осеби якчанд узви бадан ва беҳаракатию беҳиссиётӣ дар дастону пойҳои сарбозро муайян кард.

Табибон ҷарроҳии фаврии сутунмӯҳраи Шаҳбол Мирзоевро тавсия карданд. Бо назардошти он, ки дар Тоҷикистон чунин мутахассисон вуҷуд надоранд, ӯро ба Маскав интиқол дода, дар моҳи май ҷарроҳӣ карданд. Барои пардохти маблағи ҷарроҳӣ аҳли оилаи ӯ манзили истиқоматиашонро фурӯхтанд. Шаҳболро ба Тоҷикистон бозоварданд, аммо ҳанӯз маълум нест, ки оё ӯ замоне ба пой мехезад ё не.

Қазияи Шаҳбол Мирзоев ва дигар ҳолатҳои ошкоршуда танҳо «муште аз хирвор» аст, зеро аксари сарбозон аз муносибатҳои ғайриоинномавӣ шикоят накарданро авлотар медонанд. Бо такя ба натиҷаҳои мониторинги Ассотсиатсияи Ҳуқуқшиносони Ҷавон «Ампаро», ки дар соли 2011 гузаронида шуд, мо бар ин назарем, ки муносибатҳои ғайриоинномавӣ мушкили системавӣ дар Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Сарбозони даъвати пешина чунин амалҳоро бо зарурати тарбияи навдаъватон дар рӯҳияи эҳтироми тартибу низом асоснок мекунанд. Онҳо ба таври муназзам навдаъватонро ба сифати ёварони шахсӣ истифода карда, мавриди латукӯб қарор медиҳанд, аз ғизою либос маҳрум месозанд, ҳамчунин вомедоранд, ки аз маросими ғайрирасмии пазириш ба сафи сарбозон гузаранд.

Тоҷикистон узви Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф буда, ба риояи тамоми ҳуқуқҳое уҳдадор шудааст, ки дар доираи ин санади байнулмилалӣ танзим мешаванд. Дар моҳи ноябри соли 2012 Кумитаи зидди шиканҷаи СММ раванди иҷроиши муқаррароти ин Конвенсияро дар Тоҷикистон баррасӣ кард. Дар моҳи январи соли 2013 Кумитаи мазкур тавсияҳои ҷамъбастии худро интишор дода, аз ҷой доштани муносибатҳои ғайриоинномавӣ ва зӯроварӣ дар Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кард. Кумита тавсия дод, ки:

«Давлати узв бояд тадбирҳоро ҷиҳати манъ ва решакан сохтани муносибатҳои ғайриоинномавӣ дар қувваҳои мусаллаҳ тақвият бахшида, тафтиши фаврӣ, беғараз ва ҳамаҷонибаи тамоми шикоятҳои дахлдорро таъмин кунад. Дар ҳолатҳое, ки далели муносисибати ғайриоинномавӣ ошкор шудааст, давлат бояд ҷавобгарии гунаҳкорони бевосита ва онҳоеро, дар занҷираи фармондеҳиянд, муайян карда, шахсони гунаҳкорро таъқиб созад ва муносиби кирдорашон ҷазо диҳад, натиҷаҳои чунин тафтишро интишор созад, ҷуброн пардозад ва офиятбахшии пурраи ҷабрдидагонро бо шумули кӯмаки тиббӣ ва равонии дахлдор таъмин кунад».

Мо дар навбати худ ба Фармондеҳи Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии Амнияти Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат мекунем:

Аз Шумо даъват ба амал меорем, ки фаъолиятро дар самти рушди минбаъдаи Қӯшунҳои сарҳадӣ идома дода, шароити зарурӣ баҳри он таъмин созед, ки тамоми сарҳадбонон бидуни тарс аз зӯроварию таҳқир шудан аз ҷониби сарбозони дигар адои хизмат кунанд. Дар робита аз Шумо хоҳиш мекунем, ки чораҳои зеринро бидуни таъхир амалӣ созед:

  • Эъломи оммавии он, ки муносибати ғайриоинномавӣ ва зӯроварӣ дар нисбати навдаъватон аз ҷониби сарбозони дигар нопазируфтанист ва ҳар шахсе, ки ба чунин ҷиноят даст мезанад ё ба содир кардани он бармеангезад, ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
  • Таъмини ҷуброни кофӣ ба Шаҳбол Мирзоев ва дигар ҷабрдидагони муносибатҳои ғайриоинномавӣ барои барқарорсозии саломатӣ ва офиятбахшии минбаъда.
  • Таъмини тафтиши фаврӣ, беғараз ва ҳамаҷонибаи тамоми шикоятҳо оид ба муносибатҳои ғайриоинномавӣ ва зӯроварӣ дар байни сарҳадбонон. Ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми хизматчиёни ҳарбие, ки худ зӯроварӣ кардаанд ё ба он роҳ додаанд.
  • Ворид кардани меъёрҳои байнулмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ба барномаҳои таълими сарбозон ва давраҳои такмили ихтисоси афсарон.
  • Мусоидат ба боздиди ҳомиёни ҳуқуқи инсон ва рӯзноманигорон аз қисмҳои ҳарбӣ ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи сарбозон, хусусан, навдаъватон. 

Ин мактуби кушодаро намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, адвокатҳо, рӯзноманигорон ва мушовирони мустақил оид ба ҳуқуқи байнулмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, ки дар Конфронси минтақавии «Нақши ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар пешгирии шиканҷа: таҷрибаи Эътилофҳои созмонҳои ҷамъиятии зиддишиканҷаи Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон» иштирок доранд (ш. Алмаато, 27-29 майи соли 2014), имзо карданд.

 

Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятиии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон

Анҷумани ҳуқуқшиносони Помир

Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ

Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният

Имкониятҳои баробар

Мактаби мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон - асри XXI»

Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон

Маркази ҳуқуқи инсон

Маркази ҳуқуқи кӯдак

Фонди ҷамъиятии «Нотабене»

Ҳуқуқ ва беҳбудӣ

 

Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятиии зидди шиканҷа дар Қазоқистон

Оҷонсии маълумоти ҳуқуқӣ ва таҳқиқоти журналистии «Витяз»

Анҷумани шахсони ҳуқуқии «Иттифоқи марказҳои буҳронӣ»

Идораи байнулмилалии Қазоқистон оид ба ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният

Маркази байнулмилалии рӯзноманигории «Медианет»

Иттиҳодияи ҷамъиятии «Аруана»

Фонди ҷамъиятии «Аман-саулик»

Фонди ҷамъиятии «Пизишкон бидуни марз»

Фонди ҷамъиятии «Нури умед»

Фонди ҷамъиятии «Ташаббуси байнулмилалии ҳуқуқӣ»

Маркази минтақавии мусоидат ба мардумсолорӣ дар Талдиқӯрғон

Маркази хизматрасонии ВАО

Маркази дастгирии занон

 

Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятиии зидди шиканҷа дар Қирғизистон

Созмони вилоятии ҳомии ҳуқуқи инсон «Адолат»

Фонди ҷамъиятии «Садои озодӣ»

Фонди ҷамъиятии «Лигаи ҳомиёни ҳуқуқҳои кӯдак»

Маркази ҳомии ҳуқуқи инсон «Килим Шами»

 

Созмонҳои байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон

Бунёди Ҳелсинки оид ба ҳуқуқи инсон (Полша)

Шарикии байнулмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон (Белгия)

Ташкилоти ҷамъиятии минтақавии Ҷумҳурии Марий Эл «Инсон ва Қонун» (Русия)