Адвокат: Прокуратураи генералӣ аз манфиатҳои мақомот ҳимоят мекунад

Адвокат: Прокуратураи генералӣ аз манфиатҳои мақомот ҳимоят мекунад

Шуҳрат Қудратов, адвокати кӯдаки ноболиғи дар бинои Раёсати КДАМ-и пойтахт мавриди латукӯб қароргирифта бар ин назар аст, ки Прокуратураи генералӣ аз манфиатҳои мақомот ҳимоят карда, аз ин рӯ, ба аризаи ӯ дар бораи қонуншикании кормандони КДАМ таваҷҷуҳ зоҳир намесозад.

Ба қавли адвокат, санаи 20-уми ноябри соли гузашта аз ҷониби ӯ ҳамчун ҳимоятгари ҷабрдидаи 12-сола Н.Я. ва модари ӯ нисбат ба кормандони фаврии КДАМ ҷиҳати муддати 3 рӯз дар бинои Раёсати КДАМ ғайриқонунӣ нигоҳ доштани ноболиғ ва истифодаи шиканҷаву латукӯб нисбати ӯ ба Прокуратураи генералӣ шикоят бурда шуда буд.

«Прокуратура дар муддати 10 рӯз бояд аризаро баррасӣ мекард ё оғози парвандаи ҷиноиро рад карда, дар ин бора ба шикоятбурда хабар медод. Аммо 1,5 моҳ сипарӣ гардида, оид ба аризаи мо то ҳанӯз ҳеҷ қароре қабул нашудааст»,- гуфт вай.

Қудратов мегӯяд, 20-уми декабр прокурори масъули баррасии ариза ба гирифтани баёнот аз ноболиғи ҷабрдида ва наздикони ӯ омодагӣ изҳор кардааст, вале то ҳанӯз онҳо ба прокуратура даъват нашудаанд. «Гузашта аз ин, мо муддати 4 рӯз ҳамроҳи ноболиғ ба Прокуратураи генералӣ омадем, вале прокурорро пайдо карда натавонистем»,- гуфт ӯ.

Субҳи рӯзи 4-уми январ адвокат оид ба беамалӣ ва иҷро накардани вазифаҳои худ аз ҷониби тобеъонаш ба прокурори генералӣ шикоят бурд. «Нусхаҳои шикоят ба сарвари давлат ва палатаи поёнии парлумони кишвар ирсол хоҳанд шуд»,- афзуд номбурда.

Дар ҳамин ҳол, дар Прокуратураи генералӣ аз шарҳи қазияи мазкур худдорӣ карданд.

Ёдрас мекунем, ки қаблан ба идораи ОИ «Азия-Плюс» модари наврас Инобат Яъқубова муроҷиат намуда, изҳор кард, ки кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе писари 12-солаи ӯро ба ҳуҷраи кориашон оварда, муддати се рӯз дар онҷо нигоҳ доштаанд ва ба хотири гирифтани гувоҳии зарурӣ нисбати гумонбарон ба ифротгароӣ, латукӯб кардаанд. 

Азия-Плюс