Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Вақтҳои охир чунин ба назар мерасад, ки дар Тоҷикистон адвокатҳо ҳангоми адои фаъолияти касбиашон зери таъқибу фишор қарор мегиранд. Ин ҳам дар ҳоле, ки эшон ҳимоятгари ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ба шумор мераванд. "Фараж" ин ҳафта аз мусоҳибонаш пурсид: Адвокатҳоро кӣ бояд ҳимоя кунад?
Файзинисо Воҳидова, адвокат: - Вақте шахс ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад, фарқ надорад, ки то ин вақт дар кадом мавқеъ ё мансаб қарор дошт ва ҳуқуқи химояро доро буда, аз ҳисоби адвокатҳо метавонад интихоб ва хуқуқҳои худро ҳифз намояд. Ин маънои онро дорад, ки барои ҳама дастрасӣ ба адвокат якхела мебошад. Ҳатто судя, прокурор, ҳоким, милиса, вазир, адвокат ва ҳоказо. Вақти ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудан аз адвокатҳои муқаррарие, ки фаъолият доранд, истифода мебаранд.
Агар дар назар дошта бошед, ки кадом мақомот бояд адвокатро ҳимоя кунад, адвокате, ки ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст, танҳо ҳамон ташкилоте, ки дар он фаъолият мебарад, метавонад ба ҳайси ҳимоятгари ҷамъиятӣ ба манфиати корманди худаш баромад кунад.
Аслан, қонунгузории кишвар барои ягон мақомоти давлатӣ ё ҷамъияти махсус мақомеро, ки бояд аз онҳо ҳимоят кунад, пешбинӣ накардааст.
Имрӯз хеле нисбати адвокатҳо таваҷҷӯҳ пурзур шудааст ва ин вобаста ба он, ки мақомот огоҳ аст, ки хизмати адвокат пулакӣ буда, инро қонунгузор пешбинӣ намудааст. Аммо бо ҳар роҳ, ин барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ як сарчашмаи ба ҷавобгарӣ кашидани адвокатҳо шудааст, ки хилофи қонун мебошад.
Дар тамоми ҷаҳон адвокат пулакӣ кор мекунад ва пурсуҷӯ намудану бо воситаи мизоҷ гирифтани иттилоот дар хусуси андозаи гонорари адвокат, ин аз бефарҳангии масъулин гувоҳӣ медиҳад, зеро ҳаққи хизмат бо мувофиқаи тарафҳо ба миён омада, сарчашмаи онро ифшо кардан ин худ, дур будан аз фарҳанг аст.
Шӯҳрат Қудратов, адвокат: -Пеш аз ҳама адвокатҳоро бояд қонун ҳимоя намояд, чунки қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи адвокатура ба адвокатҳо дар вақти фаъолияташон дахлнопазириро кафолат медиҳад. Ба ғайр аз ин, қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳимоя намудани иштирокчиёни парвандаҳои ҷиноятӣ ба ҳимоятчиён дар вақти иҷро намудани фаъолияти худ дар ҳолати фишор овардан бояд ба онҳо кафолати амнияти ҳимоятчиёнро муҳайё намояд. Аммо аз тарафи мақомоти давлатӣ ин кафолат риоя намегардад, зеро асосан фишор ба ҳимоятчиён аз тарафи худи мақомоти қудратӣ, ки бо тафтишоти парвандаҳои ҷиноятӣ машғул мебошанд, расонида мешаванд. Инро ман аз таҷрибаи кории худ ба ҳайси ҳимоятчӣ гуфта метавонам, ки ба ман фишор оварда шуд ва то ҳол фишор меоранд. Дар ҳолати муроҷиат кардан ба прокуратура ҳам баррасӣ намегардад, чунки онҳо хуб медонанд, ки фишор аз тарафи кӣ ва бо кадом мақсад оварда шудааст.
Мақомоти давлатӣ умуман дар вақти фаъолияти адвокатҳо бояд ба кори онҳо дахолат накунанд, аммо барои пеш бурдани парвандаҳои ҷиноятӣ, ки бисёре аз онҳо сохта мебошанд, мақомот ба фаъолияти ҳимоячиён монеа эҷод мекунанд ва дар ҳолатҳои охир мебинем, ки онҳо қонунро риоя накарда, ба адвокатҳо фишор меоранд ва кӯшиш мекунанд, ки бо ин фишорҳо кори онҳоро суст кунанд. Дар ҳоле, ки худи ҳамон ниҳодҳо бояд дар вақти иҷро намудани фаъолияти касбии адвокатҳо амнияти онҳоро таъмин намоянд.
Иноят Иноятов, адвокат: - Қонун бояд ҳимоят кунад. Вале мутаассифона қонунҳои Тоҷикистон барои ҳимояи адвокатҳо кафолатҳои ҳуқуқӣ намедиҳанд. Чунки мустақилияти адвокатҳо дар қонунҳои имрӯза кам ба назар мерасанд. Як сабаби дигар ин аст, ки агар адвокатҳо ҳимоя карда шаванд, бояд дар назди қонун ҳама баробар бошанд. Масалан, як мансабдор манфиаташ аз қонун зиёд аст, адвокатро мегирад, маҳкам мекунад. Аз ин рӯ, мансабдорон бояд қонунро вайрон накунанд, баръакс мақомоти қудратӣ пеш аз ҳама нисбати қонун эҳтиром зоҳир кунанд, на ин ки ба хотири манфиатҳои шахсӣ адвокатро таъқиб кунанд.
Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшинос: - Бояд зикр намуд, ки тибқи Конститутсия ва қонунҳои марбута ҳамаи шаҳрвандон новобаста аз мақоми иҷтимоӣ ақидаи сиёсӣ ва эътиқоди динӣ дар назди қонун ва суд баробаранд. Бо риояи усули бегуноҳӣ агар адвокат битавонад, ки бо ҷалби дигар адвокатҳо бегуноҳии худро исбот кунад, новобаста аз чораи пешгирифташуда ӯро аз толори суд ҷавоб медиҳанд. Албатта дар чунин ҳолат адвокат ҳақ дорад, ки минбаъд бо риояи тартиби муқаррар намудаи қонун аз мақомоти марбута ё идораю муассисаи давлати ҷуброн кардани зарари маънавии ба вай расонида шударо дар суд талаб кунад. Агар маълум шавад, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва шахси мансабдору ваколатдори он бо нияти субъективӣ ё хусумати шахсӣ бо мақсади зарар расонидан ба эътибори шахсӣ ва репутатсияи кории адвокат чунин амалро раво дида бошанд, дар асоси муроҷиати қаблии ҷабрдида имконияти оғози парвандаи ҷиноятӣ низ вуҷуд дорад. Дар ҳолати ба вуҷуд омада созмонҳои ҷамъиятии адвокатҳо дарҳол бояд мақомоти марбутаи оинномавии худро ҷамъ намуда, оид ба ҳимояи манфиатҳои ҳамкасбонашон тадбирҳои ҷиддӣ андешанд. Дар акси ҳол, нобаробарии иштирокчиёни мурофиаҳои судӣ, ки яке масъалахои мубрами таъмини адолати судӣ дар Тоҷикистон асту боиси нигаронии шаҳрвандон гардидааст, аз будаш ҳам бадтар мешавад.
Муҳаббат Ҷӯраева, адвокат: - Пеш аз ҳама барои ҳимояи ҳуқуқи адвокатҳо бояд ассотсиатсия таъсис дода шавад. Имрӯз адвокатҳо ҳам аз рӯи ваколатномаҳо ва ҳам аз рӯи маслиҳатҳои ҳуқуқӣ кор мекунанд. Гарчанде онҳо байни худ зиддият надошта бошанд ҳам, иттифоқ ҳам нестанд. Пеш аз ҳама адвокатҳо иттифоқ бошанд ва маҳз дар ҳолати сарҷамъӣ онҳо метавонанд, аз ҳамдигар дифоъ кунанд. Гузашта аз он, имрӯз адвокатҳо ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандонро бар дӯш доранду ҳимоя мекунанд, вале барои ҳимояи худи онҳо дар асоси қонун бояд дахлнопазирӣ ҷорӣ карда шавад, яъне ҳимояшаванда бошанд.
Танҳо дар ҳамин ҳолат адвокатҳо метавонанд фаъолияти худро ба пуррагӣ идома диҳанд. Инчунин, таъқиби адвокатҳо нодуруст буда, дар рафти фаъолияти онҳо ба рафти кор халал ворид менамоянд. Адвокатҳо бояд аз ҷониби давлат ҳимоя карда шаванд.