Ализода: "Додгоҳҳо эътирофҳои маҷбуриро далел мешуморанд"

Ализода: "Додгоҳҳо эътирофҳои маҷбуриро далел мешуморанд"

Ваколатдори ҳуқуқи инсон ҳамчунин бастани сомонаҳои интернетиро хилофи эҳтиром ба ҳуқуқи инсон унвон кард.

Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, бастани торнамоҳои хабарӣ дар соли гузаштаро нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон унвон кард ва гуфт, ки “яке аз сабабҳои маҳдудкунии дастрасӣ ба иттилоот баста шудани торнамои иҷтимоии Facebook ва баъзе сомонаҳои интернетӣ, аз ҷумла www.ozodi.org, www.news.tj, www.tojnews.tj буд.“ 

Ба гуфтаи Зариф Ализода, “маҳдуд намудани дастрасӣ ба торнамоҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои интернетӣ боиси аз ин пойгоҳҳои хабарӣ дур мондани истифодабарандагони ватанӣ шуд, ки метавонад ба рушди фазои иттилоотӣ таъсири манфӣ расонад.

Соли гузашта Хадамоти Алоқаи Тоҷикистон бо зикри “мушкилоти фаннӣ” дастрасӣ ба ин торнамоҳоро барои муддате номумкин кард, вале баъдан аз ин кор даст кашид. Зариф Ализода тавсия додааст, ки барои риояти ҳуқуқ ба ибрози андеша мақомоти кишвар муқаррароти санадҳои ҳуқуқӣ дар самти дастрасӣ ба иттилоотро риоят кунанд.

Гузориши солонаи ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, дар муқоиса бо гузоришҳои қаблии ӯ ошкортар буда, қисматеро ба мавзуъи доғи рӯз, риояи принципи адолати додгоҳӣ ва мавҷудияти шиканҷа дар зиндонҳои Тоҷикистон бахшидааст.

Ализода гуфтааст, додгоҳҳои Тоҷикистон “принсипи беэътибории далелҳои дар ҷараёни таҳқиқ ва тафтишот бо роҳҳои ғайриқонунӣ ба даст овардашуда на ҳама вақт риоят мекунад.” Ба таъбири дигар, додрасҳои тоҷик эътирофи ҳосилшуда бар асари азобу шиканҷаро ба инобат мегиранд, ки солҳои тӯлонист “як доғи” низоми додгоҳии Тоҷикистон хонда мешавад.

Бар асоси омори вазорати корҳои дохилӣ, соли сипаришуда ба мақомот 488 аризаву шикоят нисбати амалҳои ғайриқонунии маъмурони милитсия ворид шудааст ва бар асоси ин шикоятҳо 262 нафар ҷазоҳои интизомӣ гирифтанд. Зимнан соли гузашта теъдоди шикоятҳо аз бадрафторӣ ва шиканҷаи муттаҳамон аз тарафи мақомоти интизомӣ ба ваколатдори ҳуқуқи инсон дар муқоиса ба соли 2011 як баробар бештар шудааст. Соли гузашта барои бераҳмӣ ва бадрафториву шиканҷа нисбати 9 нафар аз маъмурони милиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Дар гузориши солонаи ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, ки ба тозагӣ дар торнамои ин ниҳод нашр шудааст, гуфта мешавад, соли гузашта теъдоди афроде, ки барои додхоҳӣ ба омбудсмен ва ё ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон муроҷиат кардаанд, нисбат ба солҳои гузашта бештар буда дар соли 2012 шаҳрвандон дар 604 маврид аз ваколатдор кумак хостаанд.

Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар ин гузориш аз кори додгоҳҳо интиқод кардааст, ки ба гуфтаи ӯ “на ҳама вақт принсипҳои адолати судиро” риоят мекунанд. Дар ин гузориш омадааст, “Дар судҳо набудани маълумот дар бораи парвандаҳои баррасишаванда, дар утоқи кории судяҳо гузаронидани мурофиаҳои судӣ аз ҷумлаи чунин камбудиҳо мебошанд. Дар гузориши солонаи Зариф Ализода, ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон омадааст, ки дар соли 2012 муроҷиатҳои марбут ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ба онҳо зиёд нашудааст, вале теъдоди онҳое, ки ба хотири ҳуқуқи иқтисодиву иҷтимоӣ ба онҳо муроҷиат кардаанд, афзудааст.

Аз ҷумла ҳуқуқ ба моликият (30 адад), ҳуқуқ ба манзил (40 адад), ҳуқуқ ба таъминоти иҷтимоӣ (8 адад) ҳуқуқ ба кор (7 адад). Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ҳамчунин дар гузориши 80-саҳифагии худ бо зикри мушкилоти марбут ба мурооти ҳуқуқи зану кӯдак, ҳуқуқи шаҳрвандиву сиёсӣ, ҳуқуқ ба кору зиндагии солим, ба ҳукумат тавсия додааст.

Тоҷикистон се сол пеш мақоми ваколатдори ҳуқуқи инсонро таъсис дод, вале ҳомиёни ҳуқуқ матбуоти маҳаллӣ аксар вақт мегӯянд, ки ин ниҳод барои ҳифзи ҳуқуқи мардум ба қадри кофӣ садо баланд намекунад.

Тоҳири Сафар, Ozodi

Иқрори Зариф Ализода ва вокуниши ҳуқуқдонҳо ба он

Ахиран гузориши солонаи Зариф Ализода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ё омбудсмени Тоҷикистон нашр шуд, ки дар муқоиса ба гузоришҳои пешини ӯ "ҷиддитар" аст. Аз ҷумла, дар ин гузориш бештар ба қазияҳои додгоҳӣ, нақзи ҳуқуқи сокинон ва бастани сайтҳои интернетӣ таъкид шудааст.

Файзиннисо Воҳидова, ҳуқуқшинос:

“То ҷое мушоҳида мешавад, Зариф Ализода ба унвони ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар тамоми ҳамоишҳои байналмиллалӣ аз номи давлати Тоҷикистон баромад карда, вазъи ҳуқуқи инсон дар кишварро ҳамеша ба таври мусбат арзёбӣ мекард. Гузориши навбатии ӯ оид ба ҳуқуқи инсон қобили дастгирӣ аст. Зеро Ализода ба унвони ваколатдор бояд ҳамеша ҳомии ҳуқуқи шаҳрвандон бошад, на манфиатҳои давлатӣ. Эътироф кардани нақзи ҳуқуқи инсон дар бахшҳои гуногун аз ҷониби Ализода метавонад натиҷаи мусбат дошта бошад. Ин як қадам ба пеш аз ҷониби институти ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аст. Зариф Ализода ҳуқуқи баромад кардан аз номи 8 миллион сокини Тоҷикистонро дорад ва таъкиди ӯ аз нақзи ҳуқуқ дар бахшҳои гуногун оғози рисолати ӯст. Ҳамакнун Зариф Ализода бо эътирофи вазъият бояд, ки қадамҳои дигареро барои ислоҳ кардани ҳолат гузорад. Бо зикри нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Зариф Ализода набояд нуқтаи охиринро гузорад, ҳамакнун ӯ бояд барои бартараф кардани мушкилот талош варзад.”

Ватан Абдураҳмонов, хуқуқшинос:

“Дар умум маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони Тоҷикистон хеле паст аст. Аз ин вазъият ҳам ҷомеаи шаҳрвандӣв а ҳам Зариф Ализода ба унвони ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон огоҳӣ доранд. Набояд фаромӯш кард, ки дар Тоҷикистон натанҳо шаҳрвандони оддӣ, балки мансабдорон низ ҳуқуқи худашонро намедонанд. Албатта, ман гузориши Зариф Ализодаро ҳоло надидам. Вале мо наметавонем гуфта, ки фаъолияти ӯ шаффоф аст. То имрӯз ба мушоҳида нарасидааст, ки Зариф Ализода дар робита ба фаъолияти худ тавассути расонаҳои хабарӣ ба мардум гузориш диҳад. Ализода чӣ корҳоро анҷом медиҳад, дар куҷо намоянда дорад, бо чӣ мазмун шаҳрвандон муроҷиат мекунанд, чӣ кореро мушаххасан анҷом додааст? Ин саволҳоест, беҷавоб. Мутаассифона, хабар надорем, ки Зариф Ализода чӣ гуна гузориш мекунад.”

Акрамшо Фелалиев, вакили парлумон:

“Нақзи ҳуқуқи инсонро дар ин ё он бахш дар Тоҷикистон ман мушоҳида намекунам. Агар Зариф Ализода аз маҳдудияти ҳуқуқи шаҳрвандон барои дастрасӣ ба иттилоъ гуфтанд, набояд фаромӯш кард, ки чанде пеш парлумони Тоҷикистон қонун "Дар бораи ВАО"-ро дар таҳрири нав қабул кард. Дар мавриди таъкиди ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, ки гӯиё дар Тоҷикистон ҳуқуқ риоя намешавад, бояд аз он кас дақиқан пурсид, ки чиро дар назар доранд.

Ozodagon

Зариф Ализода: Тамоми маҳбасҳои кишварро гаштам, вале...

Гузориши ахири Зариф Ализода дар робита ба вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар соли 2012 сару садои зиёдеро ба амал овард. Гурӯҳе аз ҳуқуқшиносон бар ин назаранд, ки дар қиёс бо солҳои гузашта, ин навбат гузориши ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба воқеъият наздиктар будааст. Зеро дар гузориши мазкур омбудсмени тоҷик аз вазъи ҳуқуқи инсон, дастрасӣ ба иттилоот, шиканҷа ва ҳушунат интиқод кардааст.

Хабарнигори «Озодагон» Ҳумайрои Бахтиёр дар ҳамин хусус бо Зариф Ализода ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон сӯҳбат намуд.

Озодагон: - Мӯҳтарам Зариф Ализода сабаби аслии ба воқеъият наздик будани гузориши 2012 дар чист?

Ализода: - Албатта дигаргунӣ дар ин гузориш эҳсос мешавад. Аммо ин як раванди кор бояд бошад. Чунки ин гузориши саввуми мо дар робита ба вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аст. Давоми 3 сол иқтидори мақомоти мо беҳтару хубтар гардид. Мо дар 8 минтақаи кишвар қабулгоҳи таҳлилии худамонро таъсис додем. Ҳамчунин боздиди бевосита аз муассисаҳои иҷрои ҷазо, мақомот ва умуман дар тамос бо мардум будем. Шояд сабаби фарқияти гузориш дар он бошад, ки ин навбат аз ҷиҳати амалӣ мо бештар корҳоро анҷом додем. Мо талош кардем, то норасоиҳои қонунгузорӣ ва фаъолияти мақомоти давлатиро таҳлил намуда, дар натиҷа барои беҳтар кардани вазъи ҳуқуқи инсон 93 тавсия пешниҳод доштем. Ба гумони зиёд ин 93 тавсияи мо давоми соли ҷорӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ ба инобат гирифта мешавад. Набояд фаромӯш кард, ки яке аз натиҷаи мусбати кори мо ин аст, ки ҳамкории устуворро бо созмонҳои ғайридавлатӣ ва мақомот ба роҳ мондем. Мо ҳисоботу тавсияҳои онҳоро мавриди таҳлил қарор дода, ҳамчунин аз таҷрибаи давлатҳои ҳамсоя низ истифода кардем. Ҳамзамон қабули қонунҳое ба монанди дастрасӣ ба иттилоот, хушунат барои беҳтар гардидани вазъи ҳуқуқи инсон ба мо кӯмак карданд.

Озодагон: - Аз хомӯшии шумо ҳангоми ҳолатҳои нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бештар интиқод мешавад. Мегӯянд, ки Зариф Ализода ба унвони ваколатдор иродаи сиёсӣ надорад. Шумо дар ин робита чӣ мегӯед?

Ализода: - Албатта ҷомеа бе танқид намешавад. Онҷое, ки камбудӣ ҳаст, танқид ҳам мешавад. Ман умуман хафа намешавам аз коршиносон. Танқиди онҳо маънои онро дорад, ки мо бояд иштибоҳи худро ислоҳ намоем. Масъалаи ҳуқуқи инсон пурмуҳтаво ва васеъ буда, барои ба даст овардани натиҷаи мусбат бояд тамоми ҷонибҳо талош варзанд. Ҳоло мақсади аслии мо ин аст, ки ҳамкории худро бо мақомоти марбутаи давлатӣ ва созмонҳои ғайридавлатӣ беҳтар намоем.

Озодагон: - Мушкили дигар ин аст, ки дар соли гузашта дар маҳбасхонаҳо ҳолатҳои шиканҷа зиёд буда, ҳатто баъзе аз зиндониҳоро ба қатл раосниданд. Чаро шумо дар чунин ҳолатҳо мавқеъи худро равшан накардед?

Ализода: - Намедонам, шояд аз сабаби камбуди дастрасии мо ба раоснаҳои хабарӣ бошад, ки аз мавқеъгирии ман ҷомеаи шаҳрвандӣ огоҳ наёфтанд. Вале ман пайваста тавассути сомонаи ваколатдор аз чунин ҳодисаҳо шикоят мекардам. Аз ҷониби дигар мавқеъгирӣ кардан дар чунин шароит вазнин аст. Ман аз муассисаҳои иҷрои ҷазо дидан кардам. Вале бо як дидор намешавад хулосабарорӣ кард. Он ҷиноятҳое, ки содир шуданд санҷиш ва тафтишот мехоҳанд. Ягона талаботи мо ҳамин буд, ки тафтишот ва санҷиш барои ошкор кардани чунин ҷиноят мутобиқи қонунгузорӣ бояд озод ва шаффоф баргузор гардад.

Озодагон: - Яъне дар сурати кафолати тафтишоти шаффоф ҷиноятҳоро ошкор кардан имкон дорад?

Ализода: - Бале. Барои чунин натиҷа мо бояд бештар ва шаффофтар корро анҷом бидиҳем.

Озодагон: - Мо, яъне кӣ?

Ализода: - Манзури ман ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, масъулини муассисаҳои иҷрои ҷазо, мақомоти давлативу ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Маҳбас ин ҷойе мебошад, ки дар он инсонҳо бо рафтору кирдори гуногун нигоҳ дошта мешаванд. Талаботи аввалини мо ин аст, ки бо маҳбусон муносибати инсонӣ бояд ба роҳ монда шавад. Танҳо дар сурат метавонем натиҷаи воқеъиро ба даст биёрем.

Озодагон: - Яке аз имконияти шумо ин аст, ки дар ҳолатҳои зарурӣ метавонед вориди зиндонҳо шавед. Аз чунин имкон истифода мекунед?

Ализода: - Дар соли 2012 ман тамоми маҳбасхонаҳои кишварро гаштам. Барои муайян кардани меъёри муносибат бо маҳбусон ба кормандони муассисаҳои иҷрои ҷазо давраҳои омӯзишӣ гузаронидем.

Озодагон: - Суоли охирин. Шумо вазъи ҳуқуқ ва озодии сиёсии инсонро дар Тоҷикистон чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Ализода: - Мусбат.

Озодагон: - Мусбат?

Ализода: - Бале, мусбат!

Ozodagon, 25-уми марти соли 2013.